фарҳанг
МЕҲРГОН. ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ДАР ДУШАНБЕ
Кишоварзони шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷашни касбиашонро дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт бо дастовардҳои навин истиқбол гирифтанд. Ба ин муносибат, бо дастгирии роҳбарияти шаҳр намоиши маҳсулоти кишоварзон, дастовардҳои илмии олимону мутахассисони соҳа, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ барпо шуд. Ҳамчунин, баҳри болидарӯҳии иштирокчиён аз ҷониби аҳли ҳунари ҷумҳурӣ барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод гардид.
Таҷлили бошукӯҳи Ҷашни Меҳргон бо дастгирию ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо баробари ҷашнҳои Наврӯз ва Сада ба чорабинии пиру барнои кишвар табдил ёфтааст.
Тибқи иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, дар Ҷашни Меҳргон танҳо дар пойтахти ҷумҳурӣ бештар аз 5 ҳазор нафар иштирок намуд. Дар майдони баргузории ҷашн се манораи бузурги тарбузу харбуза ва каду гузошта шуда, гӯшаҳои алоҳидаи беҳтарин анвои меваю сабзавот ва маҳсулоти дигари кишоварзӣ ташкил ёфта буданд. Қариб аз тамоми гӯшаю канори мамлакат хоҷагиҳои деҳқонӣ ва олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ бо натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолаи худ дастовардҳои илмию таҷрибавӣ, аз ҷумла навъҳои серҳосилу ба тағйирёбии иқлим тобовари ғалла, алафҳои хӯроки чорво, лӯбиёгиҳо, пахтаю картошка, сабзавоту полизиҳо, инчунин, техникаю таҷҳизоти навтаринро ба намоиш гузоштанд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода эҳёи иди қадимаи мардумиро бо иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷгузорӣ ба гузаштаи дури миллати тоҷик маънидод намуд.
- Ҷашнгирии Меҳргон дар фарҳангу тамаддуни тоҷикон ҷойгоҳи ба худ хос дошта, мардуми мо, сарфи назар аз фишори аҷнабиён, давоми ҳазорсолаҳо арзишҳои волои онро дар хотираи таърихии хеш чун дурри гаронбаҳои маънавӣ ҳифз кардаанд ва ба таври барҷаста таҷлил мекарданд. Истиқболи гарми Меҳргон дар саросари кишвар имрӯзҳо яке аз рукнҳои муҳими худшиносии миллӣ маҳсуб меёбад, - гуфт Абдуҷаббор Раҳмонзода.
Дар натиҷаи ташкили намоишҳои маҳсулоти кишоварзӣ дар ин ҷашн, ки ба рӯзҳои ҳосилғундорӣ ва омодагиҳо ба кишту кори минбаъда рост меояд, мутахассисони соҳа, хусусан ходимони ҷавони илмӣ, имконият пайдо намуданд, ки ихтироот ва таҷрибаҳои нави кишоварзиро ба деҳқонону барзгарон пешкаш намоянд. Ин амал боиси ҳамкории зичи олимону мутахассисон бо кишоварзон шуда, ҳавасмандии ҷавононро ба тадқиқоти илмӣ дар ҷодаи кишоварзӣ бештар менамояд.
Дар хотимаи чорабинӣ ба кишоварзони пешқадам, аз ҷумла «Полизкори беҳтарин», «Қутоспарвари беҳтарин», «Механизатори беҳтарин» туҳфаҳои хотиравӣ ва ба ҳар кадом 1000 сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.10.2018 №: 202 Мутолиа карданд: 853