logo

маориф

ҲАМКОРӢ БО МАКТАБ. БУРДҲО ВА БОХТҲО

Тарбияи фарзанд басо нозук ва заҳматталаб мебошад. Фарзанд ба ниҳоле шабоҳат дорад, ки, агар онро хуб парвариш кунӣ, мева беҳтар ва бештар ёбӣ. Мо аз рӯи вазифа ва рисолате, ки дорем, ба тарбияи шогирдон диққати ҷиддӣ медиҳем. Онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия мекунем. Аммо, аз як даст садо намебарояд.
Муаллим ва падару модар бо ҳам бояд робитаи зич дошта бошанд. Фаъолияти шабонарӯзии фарзандонашонро назорат кунанд. Нагузоранд, ки ба корҳои номатлуб даст зананд. Онҳоро ба китобхонӣ бояд одат бикунонанд. Дар пеши фарзандон суханҳои беҳудаву кӯчагӣ  нагӯянд. Дар хонаашон фазои илмиро ба вуҷуд оранд. Худашон китоб хонанд ва ё рӯзномаю маҷаллаҳоро мутолиа намоянд. Ҳангоме ки фарзанд китобхонии падар ё модари худро мебинад, рағбат пайдо мекунад. Мутаассифона, баъзе аз падару модарон ҳатто рӯзномаи фарзандашонро, ки дар он баҳои ҳаррӯзаашро омӯзгорон мегузоранд, аз назар намегузаронанд. Фарзанд аз ин бепарвоии волидонаш истифода бурда, ба дарсҳо бетайёрӣ меояд. Омӯзгор маҷбур мешавад, ки бо ин гурӯҳи хонандагон дарсҳои иловагӣ гузаронад, дар дили онҳо шавқи хонданро бедор кунад. Агар ин гурӯҳ дар синфҳои ибтидоӣ хондану навиштанро ёд нагиранд, барномаи синфҳои болоиро ба пуррагӣ аз худ карда наметавонанд. Фарзанд, ки аз китоб, аз муассисаи таълимӣ дар канор монд, бо шахсони бадрафтор ҳамроҳ шуда, ба корҳои номатлуб даст мезанад ва оқибат ба маҳбас меафтад. Пас, фурсатро аз даст надода, ҳар яки мо дар таълиму тарбияи фарзандон саҳми босазо гузорем. Онҳоро дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, илму ҳунаромӯзӣ тарбия намуда, ҳамчун созандагони ҷомеаи ҳуқуқбунёд ба камол расонем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бамаврид таъкид доштанд, ки: «Танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд». Вобаста ба ин, аз ҷумла бори дигар ба падару модарон, масъулони таълиму тарбия муроҷиат намуданд, ки: «Барои аз мактаб дур намондани фарзандон саъю талош намоянд, ба илму донишандӯзӣ ва касбу ҳунаромӯзии наврасону ҷавонон диққати махсус диҳанд. Ҳамзамон, ин ҳамкориро бо мактаб тақвият бахшанд ва барои таълими фарзандон  тамоми шароити заруриро муҳайё намоянд».
Ҳамин тавр, бо шинохти масъулият бояд иртиботи падару модарон бо мактаб ба хотири  рушди бештару беҳтари илмомӯзӣ қавитар бигардад. Фикр мекунем, ки ин масъала танҳо ба рисолати падару модар вобаста нест, балки он рисолати шаҳрвандӣ ва инсонӣ низ ҳаст. Дар ҷомеа ва кишваре, ки зиндагӣ ба сар мебарем, бояд дар пешрафт ва ободиву шукуфоияш саҳми дурусту арзанда бигирем. Яъне, нахуст, бояд дар тарбияи неки фарзандонамон, ки ояндаи ҷомеаву кишвар дар дасти онҳо хоҳад буд, бо тамоми ҳастӣ масъулият эҳсос кунем. 
Азизхотун ХУДОЁРОВА,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти 
миёнаи умумии № 83 - и 
ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.10.2018    №: 203    Мутолиа карданд: 961
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед