logo

ҳуқуқ

ВМКБ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ГАРДИШИ ҒАЙРИҚОНУНИИ МАВОДИ МУХАДДИР ПУРЗӮР МЕШАВАД

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 15 сентябри соли равон дар мулоқот бо фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба миён гузошта шуданд, кормандони раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ҷиҳати пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар чораҳои муассирро ба роҳ монданд.
Тавре аз дафтари матбуоти агентӣ ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, баъд аз мулоқоти Президенти мамлакат бо сокинони ВМКБ ва нигаронии амиқи Сарвари давлат аз афзоиши амалҳои ҷинояткорӣ, бахусус гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, кормандони раёсати агентӣ дар вилоят фаъолияташонро боз ҳам пурзӯр  карда, аз 16 сентябри соли равон то кунун 3 нуқтаи фурӯши чаканаи маводи мухаддирро ошкор намуданд. Зимнан, нашъаҷаллобон Лангаршо Қурбоншоев, Матлубшо Додалиев ва Искандар Мамадризохонов бо ҷурми фурӯши чаканаи маводи нашъаовар боздошт ва нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Маҷмӯи чорабиниҳо пеш аз ҳама, ба таблиғи тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ дар бораи зарари маводи мухаддир равона шудаанд. Раёсат пешгирии нашъамандиро дар байни аҳолӣ вазифаи асосии фаъолияти худ дар соҳаи коҳиши талабот ба маводи нашъаовар мешуморад.
Аз ҳисоби кормандони агентӣ ба шаҳри Хоруғ як гурӯҳи корӣ сафарбар шуда, якҷо бо намояндагони дигар сохторҳои қудратӣ дар байни аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо анҷом дод. Аз ҷумла, чунин як вохӯрӣ 10 октябри соли 2018 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бо намояндагон ва кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҷавонон, занон, донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор шуд. Дар вохӯрӣ, ки бо ҳузури муовини директори агентӣ Муртазо Ҳайдарзода ҷараён гирифт, пешгирии хатарҳои таҳдидкунандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, убури ғайриқонунии сарҳад, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқ ва истифодаи он дар байни аҳолӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар тарбияи фарзандон дар меҳвари гуфтугӯ қарор гирифтанд.
Сафаргул АЛИМОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.10.2018    №: 203    Мутолиа карданд: 934
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед