logo

фарҳанг

МЕҲРГОН ҶАШНИ НЕЪМАТҲОИ ДЕҲҚОНӢ

Меҳргон, ки дар Тоҷикистон ба Рӯзи кишоварзон рост меояд, дар радифи  Наврӯз ҷашни аҷдодии бузургтарин ва пуршукӯҳтарини мардуми форсизабон, аз  ҷумла тоҷикон буда, рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад. Меҳргон баробари инкишофи бахши зироаткорӣ ва ҷорӣ гардидани тақвими деҳқонӣ пайдо шуда, ҷашни ҳосилот ва кишоварзон аст. Пайдоиши Меҳргон аз замони салтанати сулолаи Каёниён сарчашма гирифтааст, ки аз басо бостонӣ будани он далолат мекунад.
Меҳргони Аҷамро ҳамчун айёми фархундаи солу анҷоми корҳои деҳқонӣ бо самимияти хосса ҷашн мегирифтанд. Ҳамчунин, деҳқонон аз ҳосили дастранҷи худ ба ҳаққу ҳамсоя, ёру рафиқ ва дӯстони худ ҳадия медоданд ё хӯроке пухта бо ҳам хушу хурсандона тановул менамуданд, ки ин ҳама аз файзу баракати ин рӯз далолат менамуд.
Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ба Меҳргон ҳамчун Рӯзи кишоварзон умри дубора бахшид. Имрӯз Меҳргон дар қатори ҷашнҳои дигари миллӣ мақоми хосса касб намуда, дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мешавад. Мардуми куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик Рӯзи кишоварзонро, ки айёми ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи марди деҳқон маҳсуб меёбад, бо як тантанаи хосса ҷашн мегиранд. Кишоварзон ҳосили заҳмати худро дар ин айём ҷамъоварӣ намуда, намунаи онро рӯи хон мегузоранд, намоишҳои неъмати деҳқонӣ ташкил мекунанд.
Таҷлили ҳар як санаи муҳим дар зиндагӣ бо мақсаде роҳандозӣ мегардад ва он бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои оянда муваззаф  созад. Амалӣ гардондани чорабиниҳои мунтазам оид ба беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, роҳҳои ҳалли мушкилот ва таъмини рушди устувори  он ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон - таъмини амнияти озуқаворӣ вазифаи аввалиндараҷаи кишоварзон, олимон, мутахассисони бахши кишоварзӣ ва кулли мардуми заҳматпешаи диёр ба шумор меравад.
Бо назардошти ин, ба истиқболи Меҳргону Рӯзи кишоварзон боғу токпарварон, пахтакорон, ғаллакорон ва чорводорон бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешрафти иқтисодиёти кишвар саҳм мегузоранд. Ин аст, ки сол ба сол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ меафзояд. Кишоварзон оид ба таъмини рушди бахшҳои соҳаи кишоварзӣ аз Меҳргон то Меҳргон пурсамар  фаъолият намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.
Соҳаи кишоварзӣ бахши муҳими иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, заминаи асосии таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб меравад. Фаровонии бозори истеъмолии мамлакат, пеш аз ҳама, бо роҳи таъмин намудани тараққиёти устувори соҳаи кишоварзӣ тавассути истифодаи технологияҳои ҳозиразамон, таҳкими фаъолияти корхонаҳои коркарди маҳсулот, баланд бардоштани самаранокии захираҳои обу замин, инкишофи соҳаи тухмипарварӣ ва зотпарварӣ бояд амалӣ гардонда шавад.
Тибқи маълумоти оморӣ, имсол дар ҷумҳурӣ 374941 гектар зироатҳои ғалладонагӣ ва 214560 гектар зироатҳои техникӣ кишт шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта  зиёд аст. Дар ҷумҳурӣ 185817, аз ҷумла дар вилоятҳои Хатлон 122404, Суғд 57194 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 6219 гектар пахта кишт шудааст, ки дар маҷмӯъ нисбат ба соли гузашта 11838 гектар зиёд мебошад.
Хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ имсол 1086666 тонна ғалладона, 693061 тонна картошка, 1706578 тонна сабзавот, 528634 тонна полизӣ, 325033 тонна мева, 174985 тонна ангур, 135773 тонна гӯшт, 609403 тонна шир, 6150 тонна пашм ва 3569 тонна асал истеҳсол намуданд. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 17755,7 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 дарсад зиёд буда,  суръати афзоиш дар соҳаҳои рустанипарварӣ ва чорводорӣ мутаносибан 4 ва 3,7 дарсадро ташкил медиҳад.
Натиҷаи ҳамкориҳои судманди деҳқонон ва соҳибкорон бо олимону мутахассисони соҳа мебошад, ки ҳоло кишоварзони тоҷик ҳазорҳо тонна меваю сабзавот ва меваи хушкро ба хориҷи кишвар содир менамоянд. Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, то аввали моҳи октябри соли равон аз ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар дар маҷмӯъ, 187175 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, ба маблағи умумии 146869910 доллари ИМА содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 58126 тонна ва 71410151 доллари ИМА зиёд мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии мамлакат айни ҳол оид ба ҷобаҷогузории зироати пахта дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, бунёди боғу токзорҳо дар талу теппаҳои намдор, кишти зироатҳои кишоварзӣ ва бунёди дарахтони мевадиҳанда дар мавзеи Канаски шаҳри Ваҳдат, интихоби зироатҳои кишоварзӣ дар кишти такрорӣ, кишти зери плёнкагии пахта бо усули обмонии қатрагӣ, истифодаи манбаъҳои маъдандори маҳаллӣ дар хӯроки чорвою паранда ва дигар самтҳои муҳими соҳа таваҷҷуҳи махсус равона намудаанд.
Таҷлили Меҳргон дар мавсими ҷамъоварии дастранҷи марди деҳқон далели он аст, ки миллати тамаддунофари тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳанги хеш овардааст ва эҳёи онро яке аз вазифаҳои муқаддаси худ қарор додааст.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.10.2018    №: 203    Мутолиа карданд: 1118
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед