ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ва ҶАЗО
АСЪОРИ ХОРИҶӢ
Аз муомилоти ғайриқонунӣ
то ҷаримаи ҳангуфт
Суди шаҳри Ҳисор шаҳрванд Дилшод Шароповро дар риоя накардани талаботи моддаи 286 қисми 2 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ муҷрим шинохта, ӯро ба андозаи 730 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки баробар ба 36500 сомонӣ аст, ҷарима баст.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, ҳангоми санҷиш муайян шудааст, ки Дилшод Шаропов, бар хилофи талаботи қонун амал карда, бе иҷозатномаи махсуси Бонки миллии Тоҷикистон 10100 (даҳ ҳазору сад) доллари амрикоиро ба маблағи умумии 93728 сомонӣ фурӯхта, амалиёти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷиро анҷом додааст.
"АДВОКАТИ МУРОФИАВӢ"
бо 45000 сомонӣ ба даст афтод
Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нафареро боздошт намуданд, ки барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани шаҳрванд Раҳматулло Ширинов аз пайвандони ӯ 45000 сомонӣ гирифтааст.
Бино ба иттилои сомонаи агентӣ, ин нафар Мавлутҷон Самихов буда, худро ҳамчун адвокати мурофиавӣ муаррифӣ намуда, бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Чуҳригул Ширинова даромада, бо баҳонаи тариқи мақомоти тафтишотӣ ва судӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани шавҳараш Раҳматулло Ширинов аз писараш Маҳмараҷаб Ширинов 45000 сомонӣ рӯёнд.
Номбурда дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои фаврӣ - тафтишотӣ ҳангоми баргардондани маблағи гирифтааш боздошт шуд. Ҳоло нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.10.2018 №: 203 Мутолиа карданд: 861