фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
КОСАИ ЧӮБИИ ДИЛИ САНГӢ
Пирмард баъди даргузашти ҳамсараш танҳо монда, муҳтоҷи ҳамсуҳбату ҳамроз ва ғамхоре буд. Дастонаш ларзон шуда, ҳар замон ӯро хиҷолат мекарданд, зеро косаву пиёла аз дасташ ба замин мефитоданду тири чашми атрофиён дилу ҷигарашро сӯрох мекард.
Бар қасди сарнавишт, арӯси писари хурдиаш, ки бо ӯ дар як хонавода зиндагӣ мекард, зани бадфеълу дилтангу кинадор баромад. Кор то ҷое расид, ки пирамардро ба кунҷи ҳавлӣ, ба хонаи тангу торик ва заҳкашида кӯчонданд. Он ҷо хӯрокро пешаш дар косаи чӯбин мегузоштанд.
Ба ин ҳол фарзанд ҳам, эътибор намедод ва инро тақозои пирӣ медонист. Ӯ рӯзе аз кор баргашта, дид, ки писараки дӯстрӯяш ғӯлаи чӯберо бо корди рӯзгор метарошад.
Ҳайрон шуда, чӣ сохтанашро пурсид. Писарак ҷавоб дод:
- Коса месозам, то як рӯз шумо ҳам пир шуда, дастатон меларзидагӣ шавад, дар он хӯрок хӯред.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
СУД. ДАЪВОҲОИ ҒАЙРИОДИИ ИНСОНҲОИ ОДӢ
Одамон, аслан, барои он ба суд муроҷиат мекунанд, ки ҳақиқат ва адолат тантана кунад. Ва ин як кори маъмулист. Аммо, вақте одамони одӣ ба суд муроҷиатҳои ғайриодӣ мекунанд, ин воқеан, аҷиб аст. Рубрикаи нави саҳифаи дӯстдоштании «Шоми шанбе» аз ҳамин хусус қисса мекунад. Бо мо бошед.
ДАРДИ ФОИДАОВАР
Истиқоматкунандаи Калифорния Кэтрин Баллок аз болои ширкати истеҳсолкунандаи тамокуи "Филипп Моррис» ба суд даъво намуда, ғолиб омад.
Гап сари ин ки, ӯ сигори тавлиднамудаи ин ширкатро тӯли 47 соли ҳаёт кашида, оқибат, аз таъсири он ба бемории саратони шуш мубтало гардид. Аз ин лиҳоз, суд ширкати «Филипп Моррис»-ро гунаҳкор дониста, ҳукм баровард, ки ба ҷабрдида 750 ҳазор доллари ИМА ҷуброн пардохт намояд. Ғайр аз ин, ба ширкат супурдани маблағ барои кашидани «ранҷу азоб» 100 ҳазор доллар ва ҳамчун зарари моддӣ пардохти ҷарима дар ҳаҷми 28 миллион доллар ҳатмӣ дониста шуд.
Таҳияи Оҳистамоҳ Вафобек
14 СОЛ ДАР ПУШТОРАИ БИБӢ
Дар музофоти Сичуани Чин духтараки 14 - сола Фан Мэй Сю умр ба сар мебарад, ки мустақилона роҳ гашта наметавонад, вале ягон рӯз ба дарсҳо дер накардааст. Модаркалони 66 - солааш ҳар рӯз ӯро пуштора карда, ба мактаб мебурд.
Фан Мэй Сю ятим аст. Ҳангоми мактабравӣ духтарак барои осон кардани кори бибиаш вазнашро ба чӯбҳои бамбук мепартояд. Бо вуҷуди ин, духтарча саводи хуб дорад.
Вақте ҳукуматдорони маҳаллӣ аз азоби бибиву набера огаҳ шуданд, барои онҳо аз наздикии мактаб манзил ҷудо намуда, барои духтарча аробаи маъюбӣ доданд. Акнун, ӯ мустақилона ба дабистон меравад. Ташхиси табибон нишон дод, ки бемории духтарча табобатшаванда аст.
Таҳияи Кароматулло АТО
ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.
Рубрикаи навбатии «ИНТЕЛЛЕКТ» - и саҳифаи «Шоми шанбе» ҷамъбаст гардид. Аз тамоми гӯшаву канор нафарони зиёде бо мо тамос гирифта, ҷавобҳои хешро пешниҳод намуданд. Тибқи хулосаи ҳакамон миёни доираи васеи ширкаткунандагон Сомон Ниёзов, донишҷӯи курси сеюми Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, ғолиб дониста шуд.
Ҳамчунин, бояд зикр намуд, ки Саид Каримов аз ноҳияи Файзобод, Маъруф Исломов аз шаҳри Кӯлоб, Фирӯз Абдураҳмонов, Насиба Расулова, Бобомурод Табаров, Одина Давлатов ва Абдураҳмон Абдураҳмонов аз шаҳри Душанбе, Муминҷон Ҷумъаев аз шаҳри Истаравшан, Дилором Ҳалимова аз шаҳри Бохтар, Суруш Ғафуров аз ноҳияи Айнӣ, Саидаҳмад Маҳмадёров аз ноҳияи Хуросон, Раҷабалӣ Абдусаломзода ва Муҳаммадҷон Муҳаммадалӣ аз ноҳияи Данғара, Суҳайлӣ Назаров аз ноҳияи Ёвон Фарҳод Комилов аз шаҳри Хуҷанд, Абдунаим Икромов аз шаҳри Панҷакент, дар пешниҳоди ҷавобҳо ширкати фаъолона доштанд.
Ҳарфҳоро бо рақамҳо иваз намуда, айният ҳосил намоед.
Дар баробарии
ШЕД х ШЕД = ХУРШЕД
ПАЗ х ПАЗ = НОНПАЗ
ба ҷойи ҳар як ҳарф рақами муайянеро ҳамин тавр гузоред, ки айният ҳосил шавад (ба ҳарфҳои гуногун рақамҳои гуногун мувофиқ меоянд).
Масъули рубрика
Зулола БОБОРАҶАБОВА
АСРОРИ ОВОЗ
Лата Мангешкарро кам касон дида бошанд ҳам, ҳама бо овозаш ошно ҳастанд. Ӯ 28 сентябри соли 1929 дар Ҳиндустон ба дунё омадааст. Ин зан бо сурудҳои ҷолибаш дар филмҳои ҳиндӣ машҳур шудааст.
Лата ба 90 даромада бошад ҳам, чунон овози маҳину зебо дорад, ки гумон мекунед духтари ҷавоне сароида истода бошад. Ӯ наздик ба 7 ҳазор сурудро дар филмҳои ҳиндӣ иҷро кардааст. Хоҳари вай Аша Бхосле, ки ӯ низ сароянда аст, бо иҷрои 11 ҳазор суруд ба китоби «Рекордҳои Гиннес» шомил аст.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Чойпулиро худатон медиҳед ё?…
Баъди табаддулот ва барҳам хӯрдани Ҷумҳурии Демократии Олмон моликони меҳмонхонаю тарабхонаҳои Флорида (ИМА) ҳангоми муносибат бо олмониҳои сайёҳ каме душворӣ пайдо карданд. Бори нахуст дар иолати офтобрӯй олмониҳои шарқӣ пайдо гаштанд, вале онҳо аз қоидаҳои маъмули дунёи капитализм хабар надоштанд. Пеш аз ҳама, онҳо намедонистанд ки чойпулӣ чӣ қадар аст? Барои он ки олмониҳои Ғарбию Шарқиро аз ҳам фарқ намоянд, хизматчиёни меҳмонхонаву тарабхонаҳои Флорида «эҷодкорӣ» зоҳир сохтанд: онҳо аз сайёҳи олмонӣ мепурсиданд: «Шумо ҳамдиёрӣ Борис Беккир?». Агар ҷавоб манфӣ бошад, чойпулиро фавран ба нархнома ворид менамуданд, посух мусбат барояд, онҳо сабр мекарданд, ки «олмониҳои куҳна» ихтиёрӣ ҳамон 15 фоизи чойпулиро нақд мепардозанд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ
ҚОБИЛИЯТҲОИ ҒАЙРИОДИИ ОДАМОНИ ОДӢ
ҚУВВАИ БОСИРА
Аслан кӯршабпараку делфин бо ёрии эхолокатсия (бо он системаи шунавоӣ акси садоро ба худ мегирад) ҳаракат мекунанд. Аммо муҳаққиқи Донишгоҳи Мюнхени Олмон Людвиг Максимилиан собит сохт, ки одамон низ чунин қобилиятро доранд.
Бен Андервуди амрикоӣ аз зумраи ҳамин қабил инсонҳост. Ӯ дар сесолагӣ бар асари бемории саратон қувваи босираашро аз даст дода, дар худ қувваи ғайриодии мубориза бурдан бо эхолокатсияро ба вуҷуд меорад. Ин ба ӯ имконият дода буд, ки бо компютер кор кунад, озодона роҳ рафта, мустақилона дучарха ронад ва ҳам ба шиноварӣ машғул шавад. Бен манзараи пеши рӯяшро тасвир ва самти роҳро низ муайян карда метавонист. Хуллас, кас гумон намекард, ки ӯ нобиност. Ба гуфтаи худи Бен ин ҳама бо суханҳои тасаллобахши модараш, ки доим “Бен, ту ҳатман дида метавонӣ”, - мегуфт даст додааст. Ин суханҳо ба Бен қувват бахшиданд ва ӯро ба иҷрои ин амал водор сохтанд.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
НАПОЛЕОН. Одатҳои аҷиби инсонҳои наҷиб
Мо Наполеон Бонапартро ҳамчун арбоби давлатӣ, император ва сарлашкари Фаронса мешиносем. Аммо, ӯ математик ва академики Академияи илмҳои Фаронса ҳам буд. Илова бар ин, дар як дақиқа метавонист 2000 калимаро бихонад.
Наполеон ҳеҷ гоҳ бемор намешуд ва дар як шабонарӯз 18 соат кор мекард. Ӯ хеле кам хоб мерафт, 4 соат хоб барояш кифоя буд.
Аскаре вақти хоб дар ҷои навбатдорӣ ба дасти Наполеон меафтад. Ӯ ба ҷои ҷазо додан, худаш навбатдорӣ кардааст. Ба шарофати ин амали худ Наполеон миёни сарбозонаш эҳтироми зиёде дошт.
Наполеон кулоҳро бисёр дӯст медошт. Дар ҳаёти худ қариб 200 кулоҳ иваз намудааст.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
ВАФОИ ЗАН
Дар шаҳри Вайнсберги Олмон қалъае мавҷуд аст бо номи «Занони вафодор». Он қиссаи ҷолибе дорад ва мардуми шаҳр бо ифтихор онро ҳикоят мекунанд.
Соли 1140 шоҳ Конарди савум шаҳрро ғасб мекунад ва мардум дар ин қалъа паноҳ мебаранд. Шоҳ фармон медиҳад, ки ҳозир аст, иҷозат бидиҳад, то фақат занон ва кӯдакон аз қалъа хориҷ шаванд. Аз рӯи ҷавонмардӣ иҷозат медиҳад, ки занон боарзиштарин дороии худашонро ҳам бардоранд ва бубаранд, ба шарте ки ба танҳоӣ қодир ба ҳамли он бошанд.
Душман сахт ҳайратзада буд, вақте дид, ки занон шавҳарони худ ва духтарони муҷаррад падарон ё бародарони худро ба пушт бардошта аз қалъа берун мешаванд. Шоҳ дастур медиҳад, ки ваъдаашонро нашикананд ва иҷозат медиҳад, ки бираванд. Қалъа аз он дам бо номи «Қалъаи занони вафодор» шинохта мешавад.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА
5 иншооти бузурги ғайриодӣ
Канали бузурги Никарагуа
Соли 2014 ҳукумати Никарагуа нақшаи сохтмони канали байниқитъавиро ба имзо расонд. Бо вуҷуди фоидаи зиёд барои киштигардӣ, баъзе олимон мегӯянд, ки сохтани канал мумкин аст буҳрони экологиро ба вуҷуд орад ва садҳо гектар ҷангалро нобуд карда, парваришгоҳи кӯли Никарагуаро хароб кунад. Дарозии канал 278 километр буда, паҳнояш то 530 метр мерасад. Бояд зикр намуд, ки дарозии канали мазкур аз канали байниқитъавии Панама се маротиба дароз аст.
Таҳияи Комрон САФАР
САХОВАТМАНДТАРИН ШАХСИЯТҲОИ ОЛАМ
МАРК СУКАРБЕРГ
Чуноне ки хонандагони саҳифаи «Шоми шанбе» аллакай иттилоъ доранд, муассиси шабакаи иҷтимоии «Facebook» Марк Сукарберг дар раддабандии шахсони доротарини ҷаҳон ҷойи ҳафтумро ишғол менамояд. Онҳо дар бораи чи гуна сарф шудани маблағҳои бадастовардаи Марк низ маълумот доранд. Аммо, тасмими охирини ӯ ва ҳамсараш Пристилла Чан ҳамаро ба ҳайрат овард. Ин хонавода тасмим гирифт, ки 99 дарсади саҳмияҳои «Facebook» - ро ба фурӯш барорад.
Онҳо ният доранд, ки маблағи аз фурӯши саҳмияҳо бадастомадаро барои корҳои хайр сарф намоянд. Мувофиқи ҳисоби коршиносон ин бастаи саҳмияҳо 45 миллиард долларро ташкил медиҳад. Бо ин маблағ метавон хазинаи хайриявии бузургтаринро дар ИМА таъсис дод. Айни ҳол танҳо иттилоъ дода шудааст, ки маблағи мазкур ба рушди неруи инсонӣ равона карда мешавад.
Ҳолдонҳо ҳадс мезананд, ки Сукарбергҳо ин тасмимро вобаста ба таваллуд шудани духтар дар оилаашон гирифтанд. Ин дар ҳолест, ки сармояи шахсии ӯ 40,3 миллиард долларро ташкил медиҳад. Хайр намудани 45 миллиард доллар аз ҷониби ӯ мардумро воқеан ҳам, ба ҳайрат овардааст.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА
МАҲРУМИЯТИ АБАДӢ АЗ БОЗИИ ФУТБОЛ
КӢ ВА БАРОИ ЧӢ ЧУНИН МУҶОЗОТ ШУД?
Чанде қабл собиқ футболбозони мунтахаби Россия Павел Мамаеву Александр Кокорин аз дастаҳои «Краснодар» ва «Зенит» ба поймолкунии ҳуқуқ, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ даст заданд. Чунин рафтор боиси ба маҳкама кашидан ва нисбаташон боз кардани парвандаи ҷиноятӣ гардид. Қаблан ҳам бархе аз футболбозони кишварҳои дигар низ амали номатлуб ва рафтори ношоям нишон дода буданд, ки он сабаби абадан ё муваққатан маҳрум шуданашон аз бозии футбол гашт. Роҷеъ ба амали ғайри қобили қабул содиркардаи панҷ нафари онҳо – Роберто Рохос, Эрик Кантона, Рикардо Феррейра, Арман Масимҷонов ва Георгис Катидис иттилои мухтасар хоҳем дод.
1. Роберто Роҳас
Дарвозабони дастаи мунтахаби Чили Роберто Роҳас соли 1989 бо маҳрумияти абадӣ аз бозӣ дар футбол муҷозот шуд. Дар яке аз бозиҳои марҳилаи интихобии чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ба тарафи дарвозабон файер - маводи оташдор партоб гардид ва гӯё он ба Роҳас расид. Дарвозабони Чили аз дард печутоб хӯрда, баланд дод зад, ҳатто чунин вонамуд кард, ки аз ҳуш рафтааст. Мусалламан, довар бозиро манъ намуд ва дастаҳоро аз майдон берун бурд. Рӯзи дигар пас аз дидани лаҳзаи такрории видеоӣ маълум шуд, ки Роҳас намоишкорона ин амалро анҷом додааст. Файер ба дарвозабон ҳатто наздик нарасида будааст. Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ба тариқи амр ба Федератсияи футболи Чили муроҷиат намуда, муҳокимаи дарвозабонро тақозо кард. Дар натиҷа Роҳас аз бозии футбол абадан маҳрум гардид ва ин маҳрумият танҳо соли 2001 бекор карда шуд, замоне ки Роберто дигар ба бозии футбол баргашта наметавонист.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
10 кишвари сертамошобини дунё
8. ТАИЛАНД
Шаҳри бузурги бостонии Аюттаи Таиланд, ки пур аз харобаҳои дунёи қадим аст, ба рӯйхати ёдгориҳои ЮНЕСКО шомил мебошад ва чун боғшаҳри таърихӣ тамошогоҳи маъруфи сайёҳон маҳсуб мешавад. Ҳамасола аз ин минтақаи таърихӣ 34, 7 миллион сайёҳ дидан мекунад. 15-20 дарсади даромади буҷети давлатии ин кишвари осиёиро соҳаи сайёҳӣ ташкил медиҳад. Таваҷҷуҳи сайёҳонро ба Таиланд, қабл аз ҳама, хароҷоти кам, сатҳи баланди хизматрасонӣ, манзараҳои ҷолибу тамошобоби соҳили баҳр ва ошхонаву марказҳои дилхушӣ ҷалб менамояд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
5 ОДАМЕ, КИ БОРҲО АЗ МАРГ НАҶОТ ЁФТААСТ
Анна Элизабет Йоҳанссон Багенҳолм. Ин бону, ки, аслан, дар табобатгоҳ беморонро аз ташхиси рентгенӣ мегузаронд, вақти лижаронӣ ба кӯл афтода, 1 соату 20 дақиқа зери об монд, аммо ҷон ба саломат бурд. Об чанд қабат ях баста буд ва метавонист касро дар кӯтоҳтарин муддат ба марг расонад.
Замоне ки ӯро наҷотдиҳандагон аз об бароварданд, дар ҳоли мадҳушӣ қарор дошт. Пизишкон ҳароратсанҷро ба бадани ӯ гузошта, маълум намуданд, ки ҳарорати бадани ӯ то 13, 7 °C поён шудааст. Аннаро фавран ба ҳуҷраи ҷарроҳӣ бурданд. Баъд аз 3 соати ҷарроҳӣ дили вай ба задан даромад. Бар асари ин ҳодиса, Анна дурудароз бистарӣ гашт, вале оҳиста - оҳиста саломатиаш барқарор шуд.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.10.2018 №: 204 Мутолиа карданд: 982