порлумон
ДУШАНБЕ. КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ АВТОБУС БУНЁД МЕГАРДАД
Дар Душанбе корхонаи истеҳсоли автобус бо иқтидори 250 - 300 адад дар як сол бунёд гардида, дар он барои 200 нафар мутахассиси маҳаллӣ ҷойи кор фароҳам оварда мешавад. Корхонаи мазкур дар муҳлати як сол бо маблағи 20 миллион доллар қомат хоҳад афрохт.
Тавре Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» ва Ширкати «Ulasim le Ve Dis Ticaret Anonim Sirketi» - и Ҷумҳурии Туркия оид ба сохтмони корхонаи истеҳсоли нақлиёти мусофирбари ҷамъиятию боркаш ва таъсиси маркази хизматрасонии техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Парлумони кишвар иброз дошт, он 9 августи соли равон аз ҷониби кумита ба имзо расидааст. Маҳсулоти дар корхона истеҳсолшаванда маҳсулоти ивазкунандаи воридот маҳсуб меёбанд. Айни замон ба мақсади нигоҳдории воситаҳои нақлиёти истеҳсолшаванда Маркази хидматрасонии техникии замонавӣ бо пешниҳоди ташхиси компютерӣ, таъмири автобусҳои истеҳсолшаванда, таъминот бо қисмҳои эҳтиётии босифат ва фармоиши онҳо дар реҷаи мустақим, инчунин, ташкили хидматрасонии техникии сайёр таъсис дода шудааст.
Назар ба гуфтаи Сулаймон Эраҷ, роҳбари ҷамъияти мазкур, аллакай корхонаи хидматрасонии автобусҳои шаҳрӣ фаъолият дорад. Имрӯз дар пойтахти кишвар 117 автобуси нав ба сокинон хидмат мерасонад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.10.2018 №: 204 Мутолиа карданд: 1672