logo

фарҳанг

НАМОИШГОҲИ ҲАШТУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ. "КИТОБИ ДУШАНБЕ"

Китоб як рукни  муҳими  тамаддуни  башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром китобро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то наслҳои имрӯза ва оянда аз он барои рушди камолоти маънавии худ истифода баранд. Дар ин раванд, мардуми фарҳангпарвари тоҷик дар эҷоди китобу китобхона аз пешрафтатарини миллатҳо ба шумор меравад. Ин нукта зимни кушодашавии Намоишгоҳи ҳаштуми  байналмилалии «Китоби Душанбе», ки  дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар баргузор гашт, таъкид шуд.
Ҳадаф аз намоиш таҳкими ҳамкориҳои муассисаҳои  интишории ватанӣ, баланд бардоштани сифату самарабахшии  фаъолияти ноширӣ ва беҳтар намудани робитаи байни  ноширону иттиҳодияҳои савдои китоб арзёбӣ гардид.
Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанг, дар ифтитоҳи ҳамоиш, аз ҷумла гуфт: «Дар замони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар  анъанаи китобдориву китобхониро аз самтҳои асосии сиёсати  фарҳангӣ қарор дода, дар ин ҷода як қатор корҳои мушаххасро анҷом дод. Бунёди биноҳои нав ва таҷдиди китобхонаҳо дар шаҳру навоҳӣ, ҳамасола гузарондани фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон», «Китобдор,  китобхона ва китобхонаи шахсии сол», «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» аз ҷумлаи онҳост. Дар ин росто ҳамасола баргузор намудани намоиши «Китоби Душанбе»  низ барои ҷалби наврасон ба хонишу донишандӯзӣ василаи судманд ба шумор меравад».
Дар намоиш намояндагони кишварҳои Русия, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Туркия, Афғонистон, Фаронса, Амрико ва нашриётҳои ватаниву хориҷӣ наздики 25000 адабиёти тозанашрро пешкаши дӯстдорони китоб намуданд. Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе»  то 20 - уми октябр идома ёфта, дар доираи он чорабиниҳои гуногун, аз қабили конфронс, мизи гирд, рӯнамоии китобҳои тозанашр баргузор хоҳанд шуд. 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.10.2018    №: 204    Мутолиа карданд: 836
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед