logo

ҳуқуқ

ВМКБ. ВОЛОИЯТИ ҚОНУН ТАЪМИН МЕГАРДАД

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо фаъолон ва роҳбарони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба миён гузошта шуданд, аз 15 сентябри соли 2018 дар шаҳри Хоруғ Ситоди байниидоравии мақомоти таъминоти амният дар вилоят таъсис ёфта, давоми як моҳ дар ин самт тадбирҳои судманд анҷом пазируфтанд.
Ин матлабро Ёдгор Файзов, иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон, дар ҷаласаи фаъолони вилоят, ки дар он аз кори якмоҳаи ситод натиҷагирӣ шуд, баён дошт. Дар ҷаласа раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод иштирок доштанд.
Бо ёдоварӣ аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ҷиҳати рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Саймумин Ятимов таъкид дошт, ки сулҳу оромӣ заминаи асосии ободкориҳо ба ҳисоб мераванд.
Зикр гардид, ки маҳз бо заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик, ки бар асари ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 - уми асри гузашта парешон гашта буд, ба ҳам оварда шуда, сулҳ дар Тоҷикистон барқарор гардид. Сарвари давлат дар он солҳои мудҳиш, ки хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлол ва парокандашавии миллат рӯи саҳна омада буд, бо нангу номуси ҷавонмардона давлатро аз нобудшавӣ ва миллатро аз парокандагӣ наҷот дода, барои рушди босуботи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар заминаи воқеӣ гузошт.
Бо зикр кардан аз тасмими Пешвои муаззами миллат ҷиҳати таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар маркази ВМКБ – шаҳри Хоруғ, Саймумин Ятимов иброз дошт, ки ин боз як намунаи қадршиносии Сарвари маҳбуби кишвар нисбат ба сокинони ин минтақаи баландкӯҳ ба шумор меравад. Ин нақшаи неку созанда ҳар сокини вилоятро водор месозад, то баҳри таҷлили сазовори ҷашни таърихӣ омодагии ҷиддии сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дида, дар вусъати корҳои созандагӣ саҳм гузоранд.
Дар ҷаласа изҳори қаноатмандӣ шуд, ки давоми як моҳи ҳисоботӣ аз ҷониби аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ихтиёран ба ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар вилоят 183 адад силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ супурда шуд. Ҳамчунин, қисмати муайяни нафароне, ки дар кофтуков қарор доштанд, ихтиёран ба мақомот ҳозир шуданд, ки нишони ҳамовозии мардум ба  таъмини волоияти қонун аст.
Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо тазаккур додани талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат ҷиҳати таъмини суботу оромӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таъмини ҳаёти шоиста барои ҳар шаҳрванд, арз дошт, ки мутаассифона, шахсони алоҳида волоияти қонунро риоя накарда, аз он ҳама дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ки ба рушди босуботи кишвари азизамон равона гардидаанд, носипосӣ мекунанд. Таъкид шуд, ки имрӯз давлат қодир аст бо истифода аз имконоти воқеӣ волоияти қонунро дар ҳама гӯшаю канори кишвар ба пуррагӣ таъмин намояд. Ҷамъоварии миқдори муайяни силоҳ дар давоми як моҳ шаҳодат аз он медиҳад, ки дар дасти аҳолӣ то ҳанӯз силоҳи ғайриқонунӣ мавҷуд аст ва бояд то охир мусодира карда шавад.
Дар баробари дигар қонунвайронкуниҳое, ки дар ҳудуди вилоят ба қайд гирифта шудаанд, ҳамчунин, шахсони алоҳида, ҳатто кормандони  масъули  хизмати  давлатӣ, аз бонкҳои дар вилоят фаъолияткунанда миқдори калони маблағро чун қарз гирифта, бо вуҷуди кайҳо гузаштани муҳлати пардохташон, қарзҳоро барнагардондаанд. Масъулони як қатор бонкҳо бо тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ маблағи давлатро тасарруф намудаанд, ки боиси нигаронӣ аст. Таъкид шуд, ки дар сурати барқарор нашудани маблағҳои зикргардида, нисбат ба қарздорон чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Иштирокдорони ҷаласа аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ҷиҳати рушди босуботи ВМКБ изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки омодаанд бо истифода аз таҷрибаву малака дар таъмини волоияти қонун дар минтақа саҳм бигиранд.
Раҳмони  ГУЛЗОР, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.10.2018    №: 205    Мутолиа карданд: 874
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед