фарҳанг
МАРГАРИТА ҚОСИМОВА: "ДУШАНБЕРО ҚАРИБ НАШИНОХТАМ"
Ҳамасола 16 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи кинои тоҷик таҷлил мегардад. Бахшида ба ин рӯз аз 16 то 20 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе ҳаштумин Кинофестивали байналмилалии “Дидор” баргузор гардид, ки он ба бузургдошти кинематографисти барҷастаи тоҷик Тоҳир Собиров бахшида шуд.
Дар кинофестивал филмҳои коргардонҳои Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Муғулистон, Украина, Эстония, Гурҷистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон ва Ӯзбекистон ба намоиш гузошта шуданд.
Дар доираи чорабинии мазкур коргардонҳои шинохтаи кино Маргарита Қосимова, Асиф Рустамов, Темир Бирназаров ва муҳаққиқи соҳаи кино Ҳушанг Гулмаконӣ дар академияи ВАО - и Тоҷикистон бо кормандони воситаҳои ахбори омма мулоқот анҷом дода, таассуроти худро доир ба ин фестивал баён доштанд. Ҳамзамон, атрофи вазъи кино дар Тоҷикистон, ташаккули он ва баланд бардоштани маҳорати касбии филмофарони тоҷик ибрози назар шуд.
Маргарита Қосимова гуфт: «Баъди 25 сол бори нахуст аст ба Ватан - ба шаҳри Душанбе меоям. Аз ободиҳое, ки тӯли ин солҳо шудааст, шаҳри азизам - Душанберо қариб ки нашинохтам. Ба гумонам садсола роҳи рушдро қадам задааст». Мавсуф ҳамчунин, аз хотираҳои худ ёдовар шуда, зикр кард, ки кинои тоҷик сол аз сол пеш рафта, дар маҳорат ва касбияти филмофарии ҳунармандон комёбиҳо ба назар мерасанд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳаштумин Кинофестивали байналмилалии «Дидор» 16 октябр дар шаҳри Душанбе дар «Хонаи кино» (кинотеатри Зебунисо) оғоз гардида, дар доираи он беш аз 60 филми гуногунҳаҷм ба намоиш гузошта шуд.
Воқаен, кинои тоҷик фаъолияти худро 16 октябри соли 1929 оғоз намуда, дар зарфи 88 соли мавҷудияташ симои мардуми тоҷикро дар вазъиятҳои гуногуни таърихӣ ва иҷтимоӣ инъикос кардааст. Кинои тоҷик тӯли ин солҳо ҳамчун яке аз падидаҳои фарҳанги миллӣ ҳамчун оинаи миллат мардуми моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Дар Кинофестивали байналмилалии «Дидор» зиёда аз 20 филми тоҷикӣ ба намоиш гузошта шуда, аз ин шумора 9 филм пурра ва 12 – тояш кӯтоҳметраж мебошад.
Лола РИЗОӢ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.10.2018 №: 206 Мутолиа карданд: 906