фарҳанг
МАВЛОНО - ВАСЛГАРИ ХАЛҚҲО ВА ТАМАДДУНҲО
Таҳти ҳамин унвон рӯзҳои 19 – 20 - уми октябри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалӣ баргузор гардид.
Симпозиумро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва ҳаводорони осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро ба ҳамоиши илмӣ хайрамақдам гуфт. Мавсуф зикр намуд, ки мутафаккир ва яке аз нобиғагони барҷастаи назми тоҷику форс Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро дар Тоҷикистон гиромӣ медоранд. Осору афкори ӯ мавриди арҷгузорӣ ва омӯзиши пайваста қарор гирифта, ба хотири гиромидошти ин орифи бузург ҳамоишҳои гуногун баргузор мешаванд. Симпозиуми имрӯза низ аз қабили ҳамоишҳоест, ки барои дарки тафаккури Мавлоно мусоидат хоҳад кард. «Шахсият ва осори ин мутафаккири сатҳи ҷаҳонӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми дунё ҳамчун ганҷинаи пурасрор шинохта шуда, муҳаққиқону ҳаводорони зиёдро ба худ ҷалб намудааст. Аз ин сабаб, баргузор намудани чунин ҳамоишҳо барои таҳқиқу омӯзиши Мавлоно ва осори гаронарзишу гуногунмавзӯи ӯ муҳим ва ба манфиат аст», - иброз дошт Фарҳод Раҳимӣ.
Низомиддин Зоҳидӣ, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви вобастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, иброз дошт, ки Мавлоно дар қаламрави Тоҷикистони имрӯза ба дунё омада, бештари ҳаёти худро дар Туркия ба сар бурдааст. Аз ин рӯ, таҷлили зодрӯзи ӯ ҳамасола 30 сентябр дар Тоҷикистон ва посдории хотири ӯ бо ташкили Урси Мавлоно дар моҳи декабр дар Туркия ба ҳукми анъана даромада, ба рамзи дӯстиву қаробати маънавии мардумони Тоҷикистону Туркия табдил ёфтааст. Ба ин маънӣ, симпозиуми имрӯза низ дар таҳкими ҳамкории фарҳангии ду кишвари дӯст нақши худро хоҳад гузошт. «Мавлоно ба эътирофи муҳаққиқони Ғарб яке аз хонданитарин шоирони ҷаҳон дар Амрико дар ду даҳсолаи охир маҳсуб мешавад. Тарҷумаи асарҳои Мавлоно ва китобҳо роҷеъ ба рӯзгор ва осори ӯ пайваста бо теъдоди бузург нашр мешаванд. Фикр мекунам ин ба се омил вобастагӣ дорад: ба шахсияти хориқулодаи адабу ирфон будани Мавлоно, посухгӯи ниёзҳои маънавиву ахлоқии имрӯзу фардои инсоният будани олами андешаҳои ин орифи бузург ва рӯҳияи башардӯстонаю моҳияти инсонгароёна доштани осори Мавлоно», - тазаккур дод Н. Зоҳидӣ.
Сурейя Эр, ноиби президенти Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) зимни суханронии худ ба ҷониби Тоҷикистон, махсусан ба Академияи илмҳои ҷумҳурӣ барои ташаббус ва саҳмашон дар доир намудани симпозиум изҳори сипос намуд ва зикр кард, ки шахсияти Мавлоно ва осори нотакрори ӯ кайҳо марзҳоро убур кардаву ба мероси ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. «Дар Туркия ба шахсият ва олами тафаккури Мавлоно эҳтироми зиёд доранд. Оромгоҳи Мавлоно дар Қуния ба яке аз маконҳои муқаддас ва зиёратгоҳи хурду бузург табдил ёфтааст, ки ин аз бузургии андешаву таълимоти нобиға дарак медиҳад», - гуфт С. Эр.
Баъдан дар симпозиум масъалаҳои «Мавлоно ва мавлавишиносӣ дар Осиёи Марказӣ», «Мавлоно ва мавлавишиносӣ дар Туркия», «Нақш ва мақоми Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар густариши фарҳанги мадоро дар ҷаҳон», «Масъалаҳои рӯзгор ва осоршиносии Мавлоно», «Андешаву афкори фалсафӣ, ахлоқӣ ва эстетикии Мавлоно», «Маснавии маънавӣ ва нақши он дар адабиёт ва фарҳанги ҷаҳон», «Мавлоно ва ҷаҳони муосир» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар Симпозиуми байналмилалӣ олимону муҳаққиқон ва донишмандон аз давлатҳои Тоҷикистон, Туркия, Ӯзбекистон, Эрону Афғонистон ва Олмон иштирок доштанд. Дар рафти симпозиум намоиши нусхаҳои қадимии осори мутафаккир ва хаттотӣ дар васфи Мавлоно ташкил шуд, ки иштирокдорони ҳамоишро ба ваҷд овард.
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.10.2018 №: 206 Мутолиа карданд: 924