logo

маориф

ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР ВА НИЗОМИ МАОРИФИ КИШВАРҲОИ ИДМ

Дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон анҷумани панҷуми омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зери унвони «Рушди низоми маорифи кишварҳои узви ИДМ дар доираи ҳадафҳои рушди устувор» бо иштироки беш аз 450 омӯзгору корманди соҳа баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Федератсияи Россия ва намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарӣ, Ассамблеяи байнипарлумонӣ, ЮНЕСКО ширкат варзиданд.
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон С. Жээнбеков вобаста ба вазъи соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Қирғизистон сухан ронда, аз ҷумла зикр намуд, ки имрӯз низоми маориф дар кишварҳои ИДМ бояд модели наверо таҳия кунад, ки ба ҳалли мушкилоти соҳа ҷавобгӯ бошад  ва имкон диҳад, ки мубодилаи таҷриба байни омӯзгорон ва кормандони соҳаи  маориф  пайваста сурат гирад.
“Мо бояд модели таҳсилотеро таҳия намоем, ки ба рушди кишвар оварда расонад. Таҳсилот бояд шакле гирад, ки ба мо на танҳо донистани ҷаҳон, балки барои пешравии  ҷомеа, зиндагии шоистаи инсон  имкон диҳад», - зикр кард С. Жээнбеков.
Дар ҷаласаи якуми  кории анҷуман  низоми миллии маорифи кишварҳои аъзои ИДМ дар заминаи ҳадафҳои рушди устувор  мавриди баррасӣ қарор гирифт. Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ зикр кард, ки Тоҷикистон дар заминаи ҳадафҳои рушди устувор ва рушди низоми миллии маорифи кишвари худ қадамҳои устувор гузошта, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавиро таҳия ва қабул намудааст. Ислоҳоти соҳаи маориф ботадриҷ идома ёфта, гузариш ба муносибатҳои босалоҳият дар таълим, меъёрҳои нави баҳогузорӣ, санадҳои дахлдор вобаста ба низоми таълими 12  - сола, стандарт ва барномаҳои таълимии ҷавобгӯ ба талаботи бозори дохил ва хориҷ  таҳия шуда истодаанд. Ҳамзамон, масъалаи табодули донишҷӯёни давлатҳои аъзои ИДМ мавриди баррасӣ қарор гирифт. 
Дар маърӯзаҳо дар бораи мақоми нав гирифтани таҳсилоти томактабӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, муҳимияти сармоягузорӣ, инкишофи барвақтии кӯдак, ташкили намудҳои гуногуни муассисаҳои томактабӣ, таъмини раванди таълим бо барномаҳои ҷавобгӯй ба талаботи замони муосир, инчунин, таълиму тарбияи кӯдакони инкишофи физиологию  равониашон маҳдуд ақидаҳо баён шуданд.
Бояд зикр намуд, ки аз ҷониби намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии барномаҳои таълимии томактабӣ, мувофиқати онҳо бо стандартҳои рушди барвақтии кӯдак, фаъолияти педагог барои ба даст овардани натиҷаи ниҳоии дар ин стандартҳо ифодаёфта, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Хоналӣ Қурбонзода вобаста ба курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон, навоварӣ дар курсҳои такмили ихтисос, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, истифодаи технологияи инноватсионӣ дар курсҳо, тарғиби таҷрибаи пешқадами педагогии омӯзгорони минтақа, табодули таҷриба дар ташкили курсҳои такмили ихтисоси фосилавӣ ибрози андеша намуд.
Сипас, намоиши дастовардҳои соҳаи маорифи кишварҳои иштирокчӣ баргузор гардид. Дар он иштирокдорон намунаи китобҳои дарсӣ, бадеӣ, инчунин, дастовардҳои хонандагону донишҷӯён ва омӯзгоронро тавассути наворҳо ба намоиш гузоштанд.
Иштирокдорони анҷуман аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гӯшаи намоишӣ намунаи китобҳои дарсӣ, бадеӣ, китобҳо барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва намунаи ҳунарҳои мардумӣ, ки хонандагону донишҷӯён дар муассисаҳо омода намуда буданд, инчунин, дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатиро тавассути наворҳои видеоӣ ба намоиш гузоштанд. Тамошобинон бештар ба сатҳу сифати китобҳои дарсию бадеӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба таҳия ва чопи китоб барои хонандагон баҳои баланд доданд.
Эҳсони ХУШБАХТ

 

 

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.10.2018    №: 206    Мутолиа карданд: 962
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед