ҳуқуқ
ТОҶИКИСТОН. ВАҚТЕ СУХАН ДАР БОРАИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН МЕРАВАД...
Таваҷҷуҳ ба таърихи давлатдории Тоҷикистон дар даврони таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ин амрро ба таври воқеӣ ба субот мерасонад, ки масъалаи таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон ҳанӯз аз оғози фаъолияти Пешвои миллат, аз ҷараёни баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Вобаста ба ин, даврабандии ташаккули сиёсати давлатии ҷавононро аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”, ки соли 1993 cурат гирифт, метавон муқаррар намуд, ки баъдан дар заминаи он ташаккул ёфтани раванди сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа нақш ва ширкати ҷавононро муқаррар сохтааст.
Вақте сухан дар мавриди марҳалаи аввали ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ меравад, бояд таъсири ҷанги шаҳрвандӣ ҳамчун омили коҳиши вазъи иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа ба эътибор гирифта шавад, ки албатта, он, пеш аз ҳама, ба ҳаёти ҷавонон аз ҳар ҷиҳат таъсири манфӣ расонд. Ин таъсир дар навбати аввал дар гумроҳшавии ҷавонон ва бар асари он талафоти зиёди ҷонӣ дидани ин насли фардосоз дар айёми ҷанги шаҳрвандист, ки, албатта, ба раванди татбиқи сиёсати мазкур то ҷое таъсиргузор омад.
Дар марҳалаи бадастории сулҳу субот бо азму иродаи қавӣ дар қатори насли калонсол ҷавонон низ дар бунёди давлати орому осоишта саҳми хеле муносиб гузоштанд. Имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорон ҷавон адои хизмати ҳарбӣ карда, машғули ҳифзи марзу буми давлат мебошанд. Ин дар ҳолест, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ин рақам хеле кам, зимнан, ҳифзи комили кишвар аз қувваҳои берунӣ дар гумон буд.
Дар ҷавоб ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат вобаста ба баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи корӣ сатҳи донишандӯзии ҷавонон ҳамасола боло меравад. Агар соли 1991 ҳафтод ҳазор нафар машғули таҳсил буданд, имрӯз шумораи онҳо ба 200 ҳазор нафар расидааст, яъне сатҳи донишомӯзии ҷавонон се маротиба зиёд гардидааст.
Бо шукӯҳи хосса таҷлил гардидани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки аз соли 1998 то кунун ҷараён мегирад, худ падидаи нодире ба шумор меравад, ки сиёсати давлатро дар ҷодаи эҳтиром ва ғамхорӣ нисбат ба насли наврас ифода менамояд. Дар баробари ин, барои дастгирии ҷавонони болаёқат ҷоизаҳои махсуси илмӣ, аз ҷумла Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ, ҷоизаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷоизаҳо дар риштаҳои илм, маориф, адабиёт, ҳунар таъсис ёфтаанд.
Инчунин, таъйини стипендияи президентӣ, стипендияҳои раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба донишҷӯён низ дар радифи тадбирҳои ояндасоз ёд мешаванд.
Бори аввал баъди бадастовардани истиқлолият дар нахустанҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон 17 марти соли 1994 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлили вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ - иҷтимоии кишвар ва пешомадҳои он ба нақши муҳими ҷавонон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагӣ, муҳайё намудани шароити муносиб ва кору фаъолият таъкид намуда буданд: “Ҳоло ба мо зарур аст, ки ҳамаи он чизи мусбатеро, ки дар соҳаи иқтисодиёт, фарҳангу маънавиёт аз даст додаем, аз нав барқарор намоем. Дар ин кор, пеш аз ҳама ба ҷавонон такя мекунем”.
Воқеан, имрӯзҳо ҷавонони кишвар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ: сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳанг, тандурустиву саноат ба монанди инҳо саҳми ҳалкунанда доранд ва дар як вақт давлат низ ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳуқуқи онҳоро ба таҳсил, истироҳат, моликият ва фаъолияти соҳибкорӣ низ кафолат медиҳад.
Пешвои миллат ба маврид зикр мекунанд, ки ҳар гуна тадбире дар мамлакат андешида мешавад, пеш аз ҳама, ба манфиати ҷавонон ва барои беҳбудии ҳаёти онҳо амалӣ мегардад.
Зулфия САИДЗОДА,
судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе,
Бахтиёр САМАДЗОДА, муовини сардори раёсати таъмини ташкили кори судҳо,
ҷамъбасти амалияи судӣ, омори судӣ ва арзу шикоятҳои Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.10.2018 №: 206 Мутолиа карданд: 950