туризм
САЙЁҲӢ – ОМИЛИ ШУКУФОИИ ВАТАН
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои туристии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, зимни ироаи Паёми навбатии хеш, аз 22 декабри соли 2017, пешниҳод намуданд, ки соли 2018 дар Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад.
Ин иқдом аз ҳар ҷиҳат дурандешона, манфиатбахш ва омили муҳими рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар мебошад. Чунки шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои рушди соҳаи сайёҳӣ, тарғиби мавзеъҳои таърихиву манзараҳои ҷолиб ва аз ин ҳисоб ғанӣ гардондани Буҷети давлатӣ ва беҳтар гардондани сатҳи зиндагии мардум хеле мувофиқу мусоид аст.
Яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳӣ ноҳияи Варзоб мебошад. Имрӯз дар ноҳия 920 минтақаи истироҳатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки фаъолияти аксари онҳо, ба монанди истироҳатгоҳҳои «Кохи Малика», «Варзоб - Палас», «Гулобод», «Гули майда» ва Маҷмаи лижаронии «Сафед - Дара», доимӣ мебошад. Инчунин, осоишгоҳҳои “Хоҷаобигарм”, “Сароб” ва пансионати «Харангон» барои табобат ва истироҳати сайёҳон ҳамеша омодаи қабуланд. Ба ҷуз ин, чашмаву дарёҳои хурди дорои оби гарми маъданӣ барои муолиҷаи бемориҳои дил, рагҳои хунгард, узвҳои ҳаракат, сутунмуҳра, асаб, роҳи нафас, гурда ва чандин бемории дигар чун нӯшдоруанд.
Олами набототи ҳайвоноти ноҳия бой буда, гулу буттаҳои мевадиҳанда, ороишӣ ва дармонбахши зиёд дорад. Арчазори он бошад, 50 дарсади ҷангали ноҳияро ташкил медиҳад.
Дар кӯҳу дараҳои ноҳия хирс, гург, қашқалдоқ, хуки ёбоӣ, оҳу, ҷайра, рӯбоҳ, сағур ва 46 намуди парандагон, аз қабили уқоби морхӯр, каргас, кабк, булбул, соч ва саъваро дучор омадан мумкин аст.
Лоиқи зикр аст, ки байни бонувони ноҳия ҳунарҳои гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, зардӯзӣ, шерозадӯзӣ, муҳрабофӣ, тоқидӯзӣ, намадресӣ, адрасбофӣ, қолинбофии дастӣ, ресандагӣ, попурзанӣ, кӯрпаву кӯрпачадӯзӣ, ҳамёндӯзӣ, камзулдӯзӣ, ҷомадӯзӣ ва миёни мардон бошад, кандакорӣ, чӯбтарошӣ, табақтарошӣ, гаҳворасозӣ, дуредгарӣ, оҳангарӣ ва сабадбофӣ маъмулу машҳур аст. Аз ин рӯ, бахшида ба соли сайёҳӣ дар маркази ноҳия мағозаи фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ таъсис ёфт.
Ҳамин тариқ, Варзоб яке аз ноҳияҳое мебошад, ки барои рушди сайёҳӣ, муаррифии фарҳангу тамаддуни миллӣ ва ҷалби шумораи зиёди сайёҳон, бахусус туристони хориҷӣ, дорои шароиту имконоти камназир аст. Мувофиқи ҳисоботи бахши омор, соли 2017 ба ин минтақаи зебои кишвар беш аз 95 000 сайёҳ омад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 25 000 зиёд мебошад.
Воқеан, кишвари мо бо табиати биҳиштосо, манзараҳои дилрабо, ҳавои мусоид ва, аз ҳама муҳим, оромию осудагӣ ва мардуми меҳмондӯсту соҳибтамаддунаш, метавонад мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони бештар бошад. Ташрифи сайёҳони хориҷӣ, ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам аз лиҳози сиёсӣ, ба манфиати мост. Зеро бо рушди соҳа, дар баробари зиёд гаштани ҷойҳои нави корӣ ва афзудани даромаднокии аҳолӣ, нуфузи кишвари азизамон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мегардад. Дар ин замина, иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бамаврид ва саривақтӣ буда, барои ривоҷу равнақи соҳаи туризм заминаҳои зарурӣ фароҳам меоварад.
Фарида САФАРЗОДА, донишҷӯи факултети забонҳои
Осиё ва Аврупои ДМТ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.10.2018 №: 206 Мутолиа карданд: 1140