фарҳанг
"ҶУМҲУРИЯТ". ҶАМЪБАСТИ ОЗМУН ХОТИРМОН БУД
Моҳи сентябри соли равон Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент оид ба ҷамъбасти озмун бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иқдоме пеш гирифтанд, ки дар тамоми гӯшаю канори мамлакат боиси ҳамовозӣ ва таҳсин гардид. Тоҷикистон воқеан, дорои иқтидори бузурги туристӣ буда, бо табиати дилангез ва ҳунарҳои ҳазорсолаи мардуми худ дили ҳазорон сайёҳу меҳмонони хориҷӣ ва дохилро ҷалб намудааст.
Сайёҳӣ, айни замон, ба яке аз соҳаҳои муҳим ва сердаромад табдил ёфтааст ва аз 1/3 ҳиссаи аҳолии сайёра ҳамеша майли сафар ва сайру тамошоро дорад. Мувофиқи маълумоти Ташкилоти байналмилалии сайёҳӣ, зиёда аз 250 миллион нафар ба соҳаи туризм банд мебошанд ва 15 давлати ҷаҳон иқтисодиёти худро ба ин соҳа равона намудааст. Рушди соҳа, махсусан, дар он давлатҳое, ки суръати афзоиши аҳолӣ хеле баланд ва ба мушкилиҳои демографӣ дучор омадаанд, ниҳоят муҳим мебошад.
Аз рӯи маълумоти Институти лоиҳакашии Москва, захираҳои турис- тию рекреатсионии Тоҷикистон бештар аз 10 дарсадро дар бар мегирад, ки нисбати дигар кишварҳои минтақа нишондиҳандаи хеле баланд аст. Аз тарафи дигар, дар Тоҷикистон тамоми зинаҳои табиии кураи Замин ба шакли амудӣ аз водиҳо то доманакӯҳҳо такрор меёбад, ки ин муъҷиза барои хориҷиён ҳодисаи ҳайратангез аст.
Озмун дар шаҳри бостонии Панҷакент ҷамъбаст гардид, ки ин ҳам бесабаб набуд, зеро дар замони пеш аз истиқлол низ ин мавзеъ яке аз марказҳои муҳими сайёҳӣ дар мамлакат буд ва ҳамеша сайёҳон баъди боздиди Бухорою Самарқанд ба Панҷакент мешитобиданд. Охир, дар баробари оромгоҳи қофиласолори назми тоҷику форс устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ бостоншиносон дар ин мавзеъ шаҳреро бо номи Саразм пайдо намуданд, ки 5,5 - ҳазорсола таърих дорад. Дар баробари дигар ёдгориҳои таърихию меъморӣ, мавзеъ табиати ниҳоят ҷолибро дорост ва туристон аз саёҳати кӯлҳои Пайрону Ҳафткӯл ва дигар дараҳои зебои он ҳаловат мебаранд.
20 сентябр дар ҳайати як гурӯҳ адибони варзида, ходимони давлатӣ ва олимон ба Панҷакент сафар доштем. Сафари мо ба арафаи зодрӯзи устод Рӯдакӣ рост омад. Баъди зиёрати оромгоҳ ва осорхонаи устод Рӯдакӣ дар маҳфили шеъру суруд бахшида ба зодрӯзи Одамушшуаро иштирок намудем. Дар ин маҳфил шоири ширинкалом Камол Насрулло, нависандаи маҳбуб Абдулҳамид Самад ва дигар шоирону адибон аз навиштаҳои худ ва устод Рӯдакӣ порчаҳо хонданду суҳбат намуданд. Сарояндагон низ аз ғазалҳои сардафтари адабиёти классикӣ барномаи ҳунарии худро рангин сохтанд.
Рӯзи дигар сафар ба сайқали рӯи замин – Самарқанди овозадор дош- тем. Ба хотир овардам, чор сол қабл барои иштирок дар як конфронси илмӣ сафари Тошканд доштам ва бо монеаҳои зиёд дучор шуда будем. Ташаббуси Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев гӯё инқилобе дар муносибатҳои ин ду халқи бародар ба амал оварданд.
Мардуми Самарқанд ҳам чандин сол боз ташнаи дидори ҳамзабонони худ буданд ва моро бо оғӯши гарм ва суханҳои нарм истиқбол менамуданд. Баъди тамошои Регис-тон ва мадрасаҳои Улуғбек, Шердор, Тиллокорӣ ва дигар ёдгориҳои таърихӣ моро ба маҳфиле даъват карданд, ки дар он шоирону адибони Самарқанд иштирок доштанд. Дар баробари суханрониҳои пурмуҳтавову шеърхонӣ «Ушшоқи Самарқанд» - ро низ суруданд.
Баъд, ба Панҷакент баргаштем. Субҳи 22 сентябр бо гузоштани гулчанбар дар назди ҳайкали устод Лоиқ дар қасри фарҳанг озмун ҷамъбаст гардид.
Дар охир, мехостам ба кормандони рӯзномаи «Ҷумҳурият» барои дар чунин сатҳи баланд гузарондани озмун, ки он ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рост омад, инчунин, барои қадрдонӣ изҳори ташаккур намоям.
Холназар МУҲАББАТОВ,
доктори илми география
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.10.2018 №: 207 Мутолиа карданд: 943