туризм
ЛАХШИ САФОБАХШ МАВЗЕИ КАМНАЗИРИ САЙЁҲӢ
Ба яке аз мавзеъҳои дурдасти кӯҳистони кишвар - Лахши бостонӣ сафар кардем ва дар бораи гӯшаҳои таърихӣ, истироҳатӣ - экологӣ, кӯҳнавардӣ ва гиёҳҳои шифобахши он маълумоту мадракҳои хубу хотирмон ҷамъ овардем. Яке аз вижагиҳои ноҳия чашмаҳои шифобахш, шаршараҳои зебо, боду ҳавои тоза ва дараҳои зебоманзари он аст.
МАКОНИ ДӮСТДОШТАНИИ КӮҲНАВАРДОН
Азбаски 95 дарсади ҳудуди ноҳияро кӯҳсор ташкил медиҳад, дар ҳудуди он аз соли 2010 экспедитсияҳои байналмилалии кӯҳнавардии ташкилоти ҷамъиятии Шӯрои рушди туризм барои фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ гузаронда мешаванд. Аз ноҳия ба сӯи ин қулла роҳи махсус аст, ки кӯҳнавардонро ба майдончаи «Москвина» раҳнамун месозад. Зеро табиати ноҳия бештар барои рушди сайёҳии экологӣ ва кӯҳию варзишӣ мусоид мебошад. Экспедитсияҳои мазкур бо иштироки варзишгарону кӯҳнавардони зиёда аз 15 кишвари хориҷӣ доир мегарданд. Танҳо дар зимистони соли ҷорӣ 125 кӯҳнавард ба ҳудуди ноҳия ташриф оварда, даҳҳо лижаронҳои дигар меҳмони минтақа шуданд. Сайёҳон ва кӯҳнавардон пеш аз оғози экспедитсия чанд рӯз дар ҳудуди ноҳия таваққуф намуда, бо шароиту иқлими минтақаҳои баландкӯҳ мутобиқ мешаванд. Бо вуҷуди ин, шумораи ками онҳо то нуқтаи таъйиншуда расида метавонанд. Ҳамин дастнорасӣ ва мушкилоти фатҳи қуллаҳои кӯҳҳои мо онҳоро такрор ба такрор ба оғӯши Лахш мехонад.
ТАНДИҚУЛ Ё ҲАМОН ДАНГИ ГОЛ
Ҳарорати гармчашмаи Тандиқул 95° С - ро ташкил медиҳад. Оби ин чашма, ки дорои як қатор моддаҳои кимиёвӣ мебошад, барои табобати фишорбаландӣ, бемориҳои занона ва узвҳои ҳаракати бадани одам, асаб, пӯст ва аъзои ҳозима судманд аст.
Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, Тандиқул дар асл табдили вожа ва ё ибораи қадими ориёист бо шакли Танги Гӯл ё Данги гӯл (Данги Гол).
Қабристонҳои қадимаи наздикии гармчашма ҳам ба давраҳои тоисломӣ мутааллиқанд. Дар шаху кӯҳҳои дараи Тандиқул расмҳои одамони ибтидоӣ, ҳайвонҳои шохдор ва шикорчиён акс ёфта, сайёҳону бинандагонро ба сайри таърихи қадим мебаранд. Чунин тасвирҳои бостонӣ пажӯҳиш ва муаррифии бештарро мехоҳанд.
Соли 1968 бо кӯшиши собиқ директори савхози ба номи Ленин Сайидмухтор Шолангаров то ба мавзеи гармчашма ва чарогоҳҳои он роҳи мошингард ва 5 пул сохта шуданд. Бо кушода шудани роҳи мошингард ва бунёди муассисаҳои хизматрасонӣ, равуои мардуми ноҳия ва берун аз он бо мақсади табобату истироҳат ба гармчашмаи Тандиқул оғоз ёфта, то ба имрӯз идома дорад. Ҳоло дар табобатгоҳ меҳмонхона, нуқтаҳои маишӣ, ошхона, ҳавзҳои хурду бузурги оби гарм ва дигар шароитҳо муҳайё мебошанд.
РӮШАНИИ ТАЪРИХ ДАР ҒОРИ СИЁҲ
Дар ҳудуди ноҳия ёдгориҳои зиёди таърихӣ мавҷуданд. Яке аз онҳо дар Ҷамоати деҳоти Алға ҷойгир буда, бо номи Ғори Сиёҳ машҳур аст. Таърихшиносон муайян кардаанд, ки дар дохили ин ғор замоне одамони қадимӣ ба сар мебурдаанд.
Азбаски бо гузашти айём дохили ғор торику касногузар шудааст, мардуми атроф онро ғори сиёҳ, яъне торик гуфтаанд. Вагарна, дуруст пажӯҳиш шавад, асрори гузаштагони худро тавассути осори боқимондаи ин ғор рӯшан карданамон мумкин аст. Дар сангу шахҳои ин ҷо низ тасвирҳои одамони қадим, ҳайвонот ва навиштаҳои рамзии бостониро метавон мушоҳида кард. Намунаи чунин аксу навиштаҳо дар наздикии деҳаи Шилбилии Ҷамоати деҳоти Сурхоб ҳам пайдо шуданд.
ШАРШАРАҲОИ ЛАХШ
Аз баландиҳои дараҳо ва барфтӯдаю пиряхҳо шаршараҳои зебою чашмрабо ҷорӣ мешаванд. Яке аз онҳо шаршараи Партанғойи дараи Пиёзӣ аст. Он аз баландии 200 метр, аз болои кӯҳ, сарозер омада, қатраҳои шаффофаш ба атрофу акноф парешон мешавад. Аз ин сабаб, гирди резишгоҳ ва паҳнои он ҳамеша, бавижа дар фасли тобистон, салқину гуворост.
Шаршараи дигари ин дара Тулубой аст, ки 300 метр дарозӣ дорад. Он бо садою ғиреви баланд ба замин омада, акси садояш ба чор сӯи дараи Пиёзӣ паҳн мешавад. Дар атрофи ин ду шаршара инфрасохтори сайёҳиро муҳайё сохта, ба некуаҳволӣ ва бо ҷои кор таъмин кардани мардум мусоидат кардан мумкин аст.
ҲАВЗИ КАБУД
Ин ҳавз дар деҳаи Ҷилондии Ҷамоати деҳоти Сурхоб, дар баландии зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр, ҷойгир буда, масоҳаташ то 45 гектар тӯл кашидааст. Номаш ба он хотир Ҳавзи Кабуд аст, ки дар шаффофию покизагӣ аз оби он тозатар об дар ҳавзҳои дигар нест. Оби ин ҳавзро сокинони деҳаи Ҷилондӣ ҳамчун оби ошомиданӣ истифода мебаранд. Чунин ҳавзи мусаффо ва беолоиш ҳам метавонад дар манзари гардишгарони ҷаҳон бошад.
ДАРАИ ПУТОВКӮЛ МАМНӮЪГОҲ ШАВАД
Путовкӯл яке аз дараҳои хушобу ҳаво ва зебоманзари Лахш буда, бо табиати дилрабою мафтункунандааш бинандагонро ҷалб мекунад. Аз миёни дара дарёи Путовкӯл ҳамеша ҷорист. Он дар фасли тобистон пурталотум мешавад ва зимистон орому якмаром. Дара дар масофаи 50 километр тӯл кашидааст. Дар атрофи он 26 дараи хурд мавҷуд буда, галаи оҳувони хушхиром, парандаҳои нодир, рустаниҳои шифобахш, дарахтони сояафкани худрӯй ҳусни мавзеъро зебоии дигар мебахшанд. Масъулон, аз ҷумла мардуми маҳаллӣ, ба мамнӯъгоҳ табдил додани ин дараро пешниҳод карда, изҳор доштанд, ки бо баробари ташкили он шумораи сайёҳону бинандаҳо меафзояд.
Аз мушоҳидаҳо ва саёҳати кӯтоҳмуддат маълум шуд, ки Лахш имконияти васеи рушди сайёҳӣ дорад. Омӯзишу омодагии мардум дар пазироии меҳмонон, пояи моддию техникӣ ва муаррифии дурусту шоиста тавассути васоити ахбори омма, шабакаҳои интернетӣ кофист, ки ноҳия ба минтақаи пешрафтаю дидании диёрамон табдил ёбад.
Бузургмеҳр БАҲОДУР,
Маҳмуд БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.10.2018 №: 207 Мутолиа карданд: 1295