ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ва ҶАЗО
КУШТОР
Ду сокини шаҳри Ҳисор баъд аз як нишасти ҳарифона дар ҳолати мастӣ байни ҳам муноқиша мекунанд, ки бо куштор анҷом меёбад.
Ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, дар ин моҷаро, ки баъд аз истеъмоли нӯшокии спиртӣ ҳангоми истироҳат дар назди обанбори байни деҳаҳои Ситора ва Ғуриёти Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳр ба амал омадааст, Абдуфаттоҳ Миров ҳамдеҳааш Абдуҷалол Давлатовро бераҳмона латукӯб карда, ӯро ба ҳалокат расондааст.
Вобаста ба ин ҳолат, аз ҷониби прокуратураи шаҳри Ҳисор нисбат ба А. Миров бо моддаи 104 қисми 1 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъд аз анҷоми тафтишот номбурда бо ҳукми суд 10 сол аз озодӣ маҳрум шуд, ки муҳлати адои ҷазоро дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт сипарӣ хоҳад кард.
ҒОРАТ
Ду сокини шаҳри Душанбе, бо гумони содир намудани ҷинояти роҳзанӣ ва тасарруфи маблағ дар ҳаҷми калон аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шуданд.
Ин афрод, ки маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз онҳо мардони 26 ва 27 - сола ном бурдааст, ҳангоми дар Федератсияи Русия қарор доштанашон бо таҳдиду зӯроварӣ ба марди 35 - солаи сокини шаҳри Кӯлоб дарафтода, бо истифода аз корд ва таппонча ба ӯ зарари ҷисмонӣ расондаанд. Ба навиштаи сомонаи ВКД, дастгиршудагон дар пайи амали ҷинояткоронаи худ як миллион рубли русии ҷабрдидаро тасарруф намуда, худи ҳамон рӯз аз Русия ба Тоҷикистон фирор мекунанд.
Бар пояи иттилои манобеи хабар, ҳоло аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба гумонбарон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
ДУЗДӢ
Гумонбар барои пинҳон
намудани изи ҷиноят
хонаро оташ зад
Ҳангоми гузарондани чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар шаҳри Кӯлоб нафаре боздошт шуд, ки баъд аз содир намудани амали дуздӣ бо мақсади пинҳон кардани изи ҷиноят манзили истиқоматии мавриди ҳадафашро оташ мезанад.
Гумонбар зани 24 - солаи сокини деҳаи Зиракии шаҳри Кӯлоб буда, 13 октябр пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии як сокини ҳамин деҳа шуда, аз онҷо 11 ҳазору 400 сомониро медуздад ва, сипас, хонаро оташ зада, аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад.
Тибқи иттилои сомонаи ВКД, ҳоло дар робита ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.10.2018 №: 208 Мутолиа карданд: 855