logo

фарҳанг

СЕСАД АСАРИ НОДИРИ ЯК ОСОРХОНА

Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент тӯли фаъолияти зиёда аз нимасраи хеш барои ҷамъоварӣ ва ҳифзу нигоҳдории нодиртарин осори хаттӣ саҳми муносиб гузоштааст. Маҳз бо саъю кӯшиши пурарзиши ходимони муассиса беҳтарин намунаи осори хаттӣ ҷамъоварӣ шуд.
Соли 1958 қисми зиёди осори хаттӣ аз нахустин осорхонаи таърихию кишваршиносии шаҳри Панҷакент, ки соли 1931 таъсис дода шуда буд, ба осорхонаи навтаъсис интиқол ёфт. Дар натиҷаи таҳқиқу омӯзиш муайян гардид, ки имрӯз дар фонди осорхона, дар маҷмӯъ, 148 номгӯ китобҳои нодир ба забонҳои тоҷикии форсӣ (75 номгӯ), арабӣ (54 номгӯ) ва туркӣ (19 номгӯ), инчунин, 25 номгӯ китобу санадҳои вақфӣ ҳифзу нигоҳдорӣ мешаванд. Аз ин миқдор, 82 номгӯ дастхатҳо ва 66 номгӯи онро нусхаҳои чопӣ ташкил медиҳанд. Ҳамин тариқ, бо назардошти он, ки як қатор ҷилдҳои маҷмӯаҳо, дастхатҳо ва китобҳои чопи сангӣ якчанд асарҳоро дарбар мегиранд, теъдоди умумии осори қадимаи махзани осорхона зиёда аз 300 номгӯст. 
Аксари дастхатҳо дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро бо хати настаълиқи шикаста дар қоғази сафеди қӯқандӣ китобат гардида, нусхаҳои чопи сангӣ дар чопхонаҳои Навлакшури Лакҳнави Ҳиндустон, шаҳрҳои Тошканд ва Қазон табъу нашр гардидаанд. Аз ҷумла, «Таърихи Табарӣ» - и Балъамӣ, «Ҳафт авранг» - и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Гулистон» - и Саъдии Шерозӣ, «Хористон» - и Маҷди Хофӣ, «Хамса» - и Низомии Ганҷавӣ, «Ҳидояи шариф» - и Бурҳониддин Алӣ ибни Абубак-ри Марғелонӣ, «Маснавии маънавӣ» ва «Девони кабир» - и Ҷалолиддини Балхӣ,  «Ахлоқи муҳсинӣ» - и Кошифӣ, ғазалиёти Бедил, «Равзат ус - сафо» - и Мирхонд, девонҳои Ҳофиз, Навоӣ ва Қассоб, «Матлаъ ул - улум ва маҷмаъ ул - фунун» - и Воҷид ва дигар осори муътабар маҳфузанд.
Осори хаттии ин хазинаи бебаҳои миллат тамоми мавзӯот, аз қабили мантиқ, тиб ва фалсафа, илми балоғату баён, сарфу наҳв, таърих ва тамаддун, шеъру адаб, дину таълимоти тасаввуф, ахлоқ ва русум ва садҳо мавзӯоти дигарро, ки то ҳоли ҳозир қимат ва арзишҳои илмӣ, таърихӣ ва фарҳангии худро аз даст надодаанд, дар бар мегирад.
Феҳраст аз қисматҳои «Пешгуфтор», «Феҳрасту тавсифи ос ори хаттӣ», «Нусхаҳои аксии осори хаттӣ», «Нишондоди осори хаттӣ» (аз рӯи алифбо) иборат аст.
Нахустин феҳрасти осори хаттӣ ва тавсифи мухтасари дастхатҳо, ки баъд аз баррасӣ ва тасдиқ дар Шӯрои илмии осорхона таҳия ва мураттаб гардидааст, бешак, ба пажӯҳиш, омӯзиши амиқи илмӣ ва муаррифии осори хаттии ниёгонамон мусоидат менамояд.
Умарҷон САИДОВ, Расул РАҶАБОВ,
кормандони осорхона


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.10.2018    №: 209    Мутолиа карданд: 985
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед