logo

номаҳо

МАЪЮБИ ГУРӮҲИ II: "НОМАИ МАРО ЧОП КУНЕД!"

Ман маъюби гурӯҳи дуюм ва ҳам маъюби садамаи Чернобилам. Бемориамро баъди ташхис мутахассисон коксоартрози дутарафа муайян кардаанд. Онҳо тавсия доданд, ки бояд ҳатман ҷарроҳӣ бишавам.
Ба ҳар ҷойи зарурӣ, ки оид ба ин масъала муроҷиат кардам, натиҷае набахшид. Ҳамоно аз ман барои амалиёт ё худ ҷарроҳӣ маблағ талаб намуданд. Мутаассифона, мани маъюб миқдори пули заруриро пайдо карда наметавонистам. Оре, агарчи медонистанду медонам, ки табобати мо барин маъюбон ройгон мебошад. Чӣ гуна бифаҳмам? Гуфтаву навишта дигар асту амал дигар? Охир, ман ду сол боз борҳо ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ муроҷиат кардам. Посух гирифтам, ки барои ҷарроҳии Шумо пули калон лозим асту мо ин миқдор пулро ҷудо намуда наметавонем.
Ғамгину ҳайратзадаам. Боз ба куҷо муроҷиат бинамоям? Чӣ кор бикунам? Ҳол он ки мани бемор дар қайди маркази саломатии ноҳия мебошам. Дар иҷрои ин кор бояд ба ман табиби оилавӣ ва марказ ёрӣ бирасонад. Инчунин, аз ранҷу азоби навбатпоӣ, муроҷиат дар идораҳои болоӣ ва дигар ҷойҳои зарурӣ бираҳонанд. Мисли ин аст, ки маро ҳеҷ кас намефаҳмад. Не, чӣ гуна бифаҳманд? Аз ҳолу ранҷам  касе бохабар буда метавонад, ки монанди ман аз дардҳо пайваста ранҷ мебарад, шабро бо бедорӣ саҳар мекунад. Магар осон аст бо такя ба ду асобағал роҳ рафтан?
Зарур шуморидам, ки ба гӯшаи «Шаҳрванд» - и рӯзномаи "Ҷумҳурият" бо изҳори дарди дил муроҷиат бикунам. Бо такяи асобағалҳо ба ин идора омадам. Таъкид намудам, ки номаамро ба дасти чоп бидиҳанд. Шояд масъулон андаке ҳам бошад, ба ин масъала таваҷҷуҳ бикунанд ва агар имконият дошта бошанд, тадбир биандешанд.
Қурбоналӣ ЮСУФОВ, шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ,
кӯчаи Н. Қаробоев, хонаи 7,  ҳуҷраи 12


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.10.2018    №: 210    Мутолиа карданд: 1238
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед