logo

ҳуқуқ

БОЗ ЯК САНАИ ИФТИХОРОФАРИН

Рӯйдоди фараҳбахше аз баракати истиқлол ва файзи соҳибватанӣ имсол ба номгӯи идҳои касбӣ илова гардид, ки барои нахустин бор онро таҷлил менамоем. Ин ҳам бошад, дар асоси  тағйиру иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» воридгардида, ҷашн гирифтани санаи 26 октябр ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти судӣ мебошад.
Қаблан Рӯзи кормандони мақомоти адлия ва суд якшанбеи дуюми моҳи октябр ҷашн гирифта мешуд. Муқаррар намудани санаи 26 октябр ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти судӣ мантиқӣ ва асоснок аст, зеро Суди Олии ҶШС Тоҷикистон 26 октябри соли 1929 таъсис ёфта буд, ки санаи оғози як ниҳоди таъмингари адолат ва дифоъкунандаи ҳуқуқи инсон дар дунёи мутамаддин ба шумор меравад. Ҳамин тавр, дар таърихи давлати соҳибистиқлоламон  минбаъд  ҳамасола  26 октябр ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти судӣ ботананта таҷлил мегардад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: «Баъди қабули Конститутсияи кишвар ва ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардидани суд давлат ҷиҳати таҳкими асосҳои он пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.
Дар ин раванд давра ба давра татбиқ шудани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ва дар доираи он такмилу таҳким бахшидан ба сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ, мустаҳкам намудани асосҳои моддиву техникии онҳо ва беҳтар кардани вазъи ҳуқуқиву иҷтимоии судяҳо аз ҷумлаи ин тадбирҳо ба шумор меравад».
Воқеан, тайи солҳои истиқлолият давлат барои мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ - техникии фаъолияти судҳо, баланд бардоштани эътибору ҷойгоҳи он  тадбирҳои муҳимеро амалӣ намуд. Инчунин, заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии фаъолияти мақомоти судӣ мукаммал гардида, ба санадҳои қонунии танзимкунандаи кори судяҳо тағйироту иловаҳои зарурӣ ворид карда шуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки боло бурдани ҷойгоҳи мақомоти судӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои фаъолияти он маҳз тавассути таваҷҷуҳи пайваста ва дастгирии доимии Пешвои муаззами миллат  амри воқеӣ шуд.
Аз шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва баракати ваҳдати миллӣ  имрӯз  суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд амал карда, дар раванди ҳифзи ҳуқуқҳои шахс ҷойгоҳ ва мақоми марказиро дорост. Мустақилона, босалоҳият ва бидуни дахолати мақомоти дигар фаъолият намудани низоми судии Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки адолати судӣ таъмин гардида, сатҳу сифати ҳифзи ҳуқуқи шахсият баланд бардошта шавад, ки чунин воқеият дар таърихи пойдории мақомоти судии Тоҷикистон падидаи муҳим  ба ҳисоб меравад.
Низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути амалӣ намудани адолати судӣ, таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон фаъолият намуда, бо ин роҳ дар мустаҳкам намудани пояҳои ваҳдати миллӣ ва пешрафти ватанамон саҳми арзанда мегузорад.
Мо, кормандони мақомоти судӣ, дар фаъолияти ҳамарӯзаи хизматии хеш таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар хусуси таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд сармашқи кори худ қарор дода, бо масъулиятшиносии баланд, дарки муқаддасоти касбӣ тамоми азму талоши лозимро анҷом дода истодаем, то эътимоди мардум ба низоми ҳуқуқии давлат доимо боло бошад, меъёри адолати судӣ ҳамеша тантана кунад ва ҳуқуқи инсон ҳамчун арзиши олӣ устувору побарҷо ва бегазанд боқӣ монад.
Суҳроб РӮШАНЗОДА, раиси  суди ноҳияи  Синои
шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.10.2018    №: 210    Мутолиа карданд: 863
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед