номаҳо
БАҲСИ ДАҲСОЛАИ СУДӢ. БА ТАНТАНАИ АДОЛАТ БОВАР ДОРАМ!
Соли 2007 барои равнақи соҳибкорӣ аз филиали “Ориёнбонк” дар ноҳияи Шаҳринав 268 ҳазор сомонӣ ба муҳлати 1 сол қарзи бонкӣ гирифтам. Дар муҳлати қарзӣ бе ягон огоҳии пешакӣ ва сари вақт фоизҳояшро, ки 112 ҳазор сомониро ташкил медод ва, ҳатто, як қисми қарзи асосиро пешпардохт намудам. Вале, бо сабаби буҳрони молиявӣ, дар фаъолияти соҳибкориям халал ворид шуда, дар пардохти қарз мушкил ба миён омад.
Баъди маслиҳати якҷоя бо роҳбари онвақтаи филиали бонк Н. Забиров, мувофиқа кардем, ки падарарӯсаш Қ. Умаров маблағи қарзи бонкии маро (46 ҳазор доллари ИМА) бо 5 дарсади фоизи моҳона пардохт намояд. Барои анҷоми ин кор манзили истиқоматии маро, ки дар гарави бонк буд, ба номи ӯ расмӣ кардем. Ман дар давоми як сол ба Н. Забиров ба ивази маблағи пардохтнамудаашон 89500 доллар пули нақд ва дар ҳаҷми 27 ҳазор доллари ИМА молу ашё додам. Аммо баъд аз бозпас талаб намудани ҳуҷҷатҳоям Н. Забиров рад намуда “пул пули дигарон” - гӯён 450 000 доллари ИМА - и моро сарбори қарз муқаррар намуд, ки сабаби баҳси судӣ шуд.
Зиёда аз даҳ сол мешавад, ки баҳси судӣ барои манзили мо, воқеъ дар шаҳри Ҳисор, кӯчаи Айнӣ 27 идома дорад. Ин баҳс ҳамаи зинаҳои судиро чандин маротиба гузашта, ҳатто ду маротиба мавриди баҳси Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт.
24 июни соли 2016 Раёсати Суди Олӣ, эътирози назоратии Раиси Суди Олиро нисбат ба ин баҳс, қаноатбахш намуда, барои баррасӣ ба марҳилаи аввали Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристод. Баррасии парванда як сол давом кард. Дар ин давра раисикунанда баҳсро яктарафа баррасӣ намуд.
Ҳоло бо навиштани ин матлаб, умедворам, ки мақомоти дахлдор арзи маро аз минбари рӯзномаи маҳбубамон “Ҷумҳурият” хонда, ба ин қазия дахолат мекунанд ва дар ниҳоят адолат барқарор мешавад.
Фахриддин ЗИЁЕВ,
сокини шаҳри Ҳисор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.10.2018 №: 211 Мутолиа карданд: 1780