ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ва ҶАЗО
ГЕНЕРАЛ - МАЙОР
аз рутба маҳрум ва 28 сол ҳабс шуд
Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба генерал - майори милитсия Файзулло Гадоев - собиқ сардори Раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилиро баррасӣ намуда, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 28 сол (бо мусодираи амвол ба фоидаи давлат) таъйин кард.
Дар ин бора 29 октябр сомонаи ВКД хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ, парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Файзулло Гадоев, аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо моддаҳои 200 қисми 4 бандҳои «в, д», 262 қисми 3 банди «б», 314 қисми 3, 316 қисми 3 банди «в» ва 319 қисми 4 бандҳои «в, г» баррасӣ ва дар ниҳоят чунин ҳукм содир шудааст.
Ҳамзамон, мутобиқи моддаи 51 Кодекси ҷиноятӣ Файзулло Гадоев аз рутбаи генерал - майори милитсия маҳрум ва бо фармоиши Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи медалу нишонҳои сарисинагӣ, ки дар гузашта ба ӯ тақдим гардидаанд, бекор карда шуданд.
ҶАШНИ ЗОДРӮЗ
сабаби 5000 сомонӣ ҷарима гардид
Азиза Бобоҷонова, сокини шаҳри Хуҷанд, барои риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо 5000 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд.
Тибқи иттилои Прокуратураи генералӣ, номбурда 17 сентябри соли ҷорӣ дар тарабхонаи «Истиқлол» - и шаҳри Хуҷанд барои ҷашни зодрӯз бо ҳузури дӯстонаш дастархони идона оростааст, ки хилофи моддаи 8 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" мебошад. Ин модда шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро уҳдадор намудааст, ки ҷашни зодрӯзро ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила гузаронанд, дар акси ҳол мувофиқи моддаи 15 - и ҳамин қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
ПОРА
73000 сомонӣ барои ҷудо намудани қитъаи замин
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар пайи баррасии аризаи як шаҳрванд, зани 39 - солаеро боздошт намуданд, ки барои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 73000 ҳазор сомонӣ пора гирифтааст.
Тибқи иттилои ВКД, муроҷиаткунанда ба мақомот навиштааст, ки ин зан ҳанӯз моҳи июни соли 2016 бо маслиҳати пешакӣ бо марди 29 - солаи сокини маҳаллаи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб барои ҷудо намудани қитъаи замин аз ҳудуди маҳаллаи Гулбоғ ва У. Хаёми шаҳр 73000 сомониашро гирифта, то ҳол бар нагардондаанд.
Ҳоло аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.10.2018 №: 211 Мутолиа карданд: 794