logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

30 октябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст «Доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2018» ҳисоботи вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистонро дар нуҳ моҳи соли 2018 таҳлил намуда, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки бо мақсади таъмини сифатноки нақшаи иҷрои Буҷети давлатӣ дар соли 2018, татбиқи мақсадҳои стратегии гузошташуда ва таъмини рушди босуръати иқтисодии кишвар тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Супоришҳои дигар ба вазорату идораҳои давлатӣ барои таъмини шаффофияти хароҷоти маблағҳои буҷетӣ, нигоҳ доштани устувории қурби пули миллӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, барқарор намудани фаъолияти корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, афзоиши содироти молу маҳсулот, роҳандозии фаъолияти самаранок дар самти истеҳсол ва истифодабарии неруи барқ дода шуд.
Дар маҷлис оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019” ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2020 - 2021 ва дар бораи лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2020 - 2021 гузориши вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода шунида шуд.
Таъкид шуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатӣ бо мақсади татбиқ кардани сиёсати иҷтимоию иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалӣ кардани афзалиятҳои муҳими стратегии давлатӣ, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, бехатарии озуқаворӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва суръат бахшидан ба рушди иқтисодиёт таҳия гардидааст.
Сипас, дар маҷлис масъалаи ҷашн гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Лоиҳаи қарори мазкур барои таҳияи нақшаи чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва ворид кардани иншооти зарурӣ ба он баъди аз ҷониби вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ манзур кардани  пешниҳодот таҳия карда шудааст.
Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳунармандӣ” гузориши раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода шунида шуд.
Таъкид гардид, ки лоиҳаи ин қарор бо мақсади эҳё, ҳифз, рушди мероси фарҳангӣ, анъанаҳои таърихии санъати ҳунармандӣ, қонеъ гардондани талабот ба маснуот ва маҳсулоти ҳунармандон, фароҳам овардани шароит барои рушди ҳунармандӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти ҳунармандӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ корҳои тарғиботию ташвиқотиро барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ҷоннок карда, дар шаҳру ноҳияҳо марказҳои омӯзишии касбу ҳунарҳои мардумиро таъсис диҳанд. Дастурҳои дигар барои эҳё ва гиромидошти анъанаҳои миллӣ, рушди соҳибкории хурду миёна ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дода шуд.
Дар маҷлис баъди муҳокима хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ирсол карда шуд.
Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои як қатор қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мудофиаи гражданӣ” - ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни маҷлис, ҳамчунин, лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намояндагони тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ», «Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2020» ва «Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 - 2023» баррасӣ шуданд.
Дар анҷом Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои саривақтии масъалаҳои дар маҷлис баррасишуда ва барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани маъракаи зимистон, захираи кофии маводи сӯхт ва озуқа, омодагии иншооти соҳаи иҷтимоӣ ба фасли сармо, ҷамъоварии беталафи ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ супоришҳои мушаххас доданд.

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.10.2018    №: 212    Мутолиа карданд: 5924
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед