logo

фарҳанг

15 – СОЛАГИИ КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛӢ ТАҶЛИЛ ГАРДИД

Аз таъсиси ин таълимгоҳи ҳунарӣ 15 сол пур шуд. Маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди мусиқии касбиву миллӣ ва тарбияи мутахассисони варзидаи соҳа тамоми имконоти заруриро барои бунёд ва фаъолияти он дар кӯтоҳтарин фурсат фароҳам овард. Нахустин ректори ин даргоҳи маърифату ҳунар шодравон Талабхӯҷа Сатторов, композитор, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, бо ҷалби беҳтарин мутахассисон таълиму тадрис ва тамринро дар сатҳи баланди касбӣ ба роҳ монд.
Пас аз марг ба хотири заҳматҳои  шабонарӯзӣ ва гиромидошташ ин муассисаро ба номи ӯ гузоштанд. Воқеан, дар андак муддати фаъолияташ дар тайёр кардани мутахассисон саъю кӯшиши зиёд ба харҷ дод. Бо таъсиси озмунҳои байналмилалии ҳунарӣ бузургтарину шуҳратмандтарин шахсиятҳои ҷаҳониро барои рушди ҳунар, сайқали маҳорати соҳибистеъдодҳо  даъват менамуд. Баргузории дарсҳои маҳорат аз ҷониби композиторон, навозандагони вертуозӣ, сарояндагон, донандагони назарияи мусиқӣ таъсири мусбати худро ба наслҳои нави ҳунарпешагони миллӣ гузоштанд. Фароғат Азизӣ, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, доктори илми санъатшиносӣ, профессор, аз ин ҳама хидматҳои нахустин сарвари таълимгоҳ дар мизи мудаввар, зимни сухани ифтитоҳӣ ёдовар шуд.
Муҳаққиқони соҳа Д. Латифов, Л. Назарова, Ф. Улмасов, Д. Ҳакимова, М. Достиев, Х. Низомов, А. Мӯсоев, Қ. Ҳикматов ва дигарон оид ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёту фаъолияти ин композитори маъруф, сарвари кордону дилсӯз баромад намуданд.
Оид ба талқиноти асарҳои Т. Сатторов профессор Дилбар Ҳакимова дарси маҳорат гузашт.
Бегоҳӣ ин чорабинии фарҳангӣ бо баргузории консерти идона аз рӯи асарҳои ин композитор, нахустин ректори Консерваторияи миллӣ ҷамъбаст гардид.
Таҷлили ин санаи фархунда бори дигар собит сохт, ки армонҳои Талабхӯҷа Сатторов бароварда шуданд ва муассисаи таълимию ҳунарӣ фаъолияти пурсамар дорад.
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.11.2018    №: 213    Мутолиа карданд: 904
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед