logo

туризм

ИСФАРА. ШАҲРИ ТАЪРИХУ ТАМОШО

Сайёҳӣ муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Барои рушди ин соҳа дар кишвар ҳамаи заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, илова бар ин, як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ татбиқ гардидаанд.
Эмомалӣ  РАҲМОН
Исфара аз ҷумлаи шаҳрҳои бостоние ба шумор меравад, ки таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад. Дар ин гӯшаи зебоманзари Тоҷикистони азиз беш аз 100 ёдгории таърихӣ сабт шудааст, ки аз ин шумора 45 ёдгории таърихӣ дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ буда, 15 ёдгории дигар аҳамияти байналмилалӣ дорад. Ин шаҳри бостонӣ дар баробари арзишҳои таърихие, ки тамаддуни инсониро комил менамоянд, ҳамчунин, дорои табиати зебову дилрабоест, ки ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷӣ қарор дорад. Исфара бо обҳои мусаффои рӯду чашмасорон, мардуми озодаву фарҳангпарвар, устоҳои нақшофарину гулдаст, боғдорони чашмикордон маълуму машҳур аст.
Имрӯз аз файзу баракати Истиқлолияти давлатӣ шаҳри Исфара боз ҳам рушду нумӯъ карда, бо бунёди иншооти гуногуни замонавӣ симои зеботаре касб кардааст. Мардуми ҳунарманди шаҳр аз ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо камоли майл истиқбол намуда, дар эҳё ва рушду таҳкими  ҳунарҳои мардумӣ камари ҳиммат бастанд.
- Мо аҳли илму зиё, бо хушнудии беинтиҳо ва ҳамзамон, бо арзу сипоси самимӣ ин иқдоми  воқеан ҳам, ватандӯстонаю миллатдӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пазируфтем. Зеро ин иқдоми беназир дар худ ҳикмати зиёд дорад. Аз ҷумла, он метавонад ба худшиносии миллӣ такони нав бахшида, бо тавсеаи ҳунарҳои мардумӣ  арзишҳои миллиро ба ҷаҳониён муаррифӣ созад. Ин ташаббуси созанда дар пай манфиатҳои иқтисодӣ ҳам дорад, ки аллакай мо онро дар таҷрибаи худ дидем,- гуфт Абдуманнон  Рауфов, муаррих, директори кулли осорхонаҳои шаҳри Исфара.
Дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Исфара низ ҷиҳати ҷалби сайёҳони хориҷии дуру наздик ва таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ мешаванд.
- Бо назардошти таърихи ғанӣ аввалин хатсайр дар Исфара, албатта, ин ҳидояти меҳмонон ба мавзеъҳои қадимӣ ва таърихиву ошно шудани онҳо бо ёдгориҳост. Масалан, боздид аз мақбараи ҳазрати Шоҳ ва «Лангари моҳиён», ки дар деҳаи Чоркӯҳ қарор дошта, аз лиҳози  меъморӣ ва илмӣ басо нодир арзёбӣ мешавад, мувофиқи мақсад аст. Ё ин ки аз наздик дидани катибаҳои рӯйи санги Ҷамоати деҳоти Ворух, ки ба солҳои қабл аз милод мансуб буда, бо хати куфӣ навишта шудаанд аз манфиат холӣ нест,- таъкид мекунад Абдуманнон  Рауфов.
Ба иттилои Муртазо Эгамзод, мудири бахши сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, феълан, дар шаҳр харитаи сайёҳӣ таҳия шуда, 7 хатсайр амал мекунад. Ба хотири он ки Исфара  дорои табиати зебову нотакрор, обу ҳавои сафобахш, гиёҳҳои шифобахш, боғҳои пурмева аст, метавон дар ин самт низ рӯи иқдомҳои нав кор кард. Дар Исфара қариб 70 навъи зардолу парвариш мешавад, ки хориҷиён ба он таваҷҷуҳ доранд. Аз ин рӯ, таъсиси хатсайрҳо ба боғоти сермева ва сеху устохонаҳои кандакорӣ низ ба манфиати кор аст.
Ҳоло дар шаҳр барои роҳандозии хизматрасонии ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Кумитаи рушди сайёҳӣ мушкилиҳо дар иртибот ба нақлиёти махсус ҳаллу фасл шудаанд. Барои меҳмонон- сайёҳон армуғонҳои гуногуни вобаста ба таърихи мардуми шаҳр, анъанаҳои гузашта, аз касбу кор ва кортҳои махсус омода шудаанд, ки барои рушди сайёҳӣ дар шаҳри Исфара мусоидат хоҳанд кард.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.11.2018    №: 213    Мутолиа карданд: 1275
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед