қарорҳои ҳукумат
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тасдиқи Тартиби ҷуброн намудани хароҷоте, ки бо пешниҳод намудани иттилоот ба мақомоту ташкилотҳо алоқаманд аст"
Мутобиқи қисми 4 моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Тартиби ҷуброн намудани хароҷоте, ки бо пешниҳод намудани иттилоот ба мақомоту ташкилотҳо алоқаманд аст тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009 № 610 тасдиқ шудааст
Тартиби ҷуброн намудани хароҷоте, ки бо пешниҳод намудани иттилоот ба мақомоту ташкилотҳо алоқаманд аст
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009 № 610 тасдиқ шудааст
1. Муқаррароти умумӣ
1) Тартиби ҷуброн намудани хароҷоте, ки бо пешниҳод намудани иттилоот ба мақомоту ташкилотҳо алоқаманд аст (минбаъд –Тартиб), қоидаҳои ҷуброни хароҷотро ба мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ, дигар мақомоту ташкилотҳое, ки давлат ба онҳо ҳуқуқи омирона додааст, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷиҳати аз тарафи онҳо пешниҳод намудани иттилоот ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии манфиатдоре, ки барои гирифтани он муроҷиат намудаанд, муайян мекунад.
2) Зери мафҳуми «пешниҳоди иттилоот ба шахсони манфиатдор» дастрасӣ ба иттилооте дар назар дошта шудааст, ки дар ҳуҷҷатҳои расмӣ омадаанд, ғайр аз маълумоти бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ», «Дар бораи Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки муносибатҳоро вобаста ба сирри давлатӣ танзим мекунанд, иттилооти «Барои истифодаи хизматӣ», инчунин дигар намудҳои иттилоот, ки барои дастрасӣ маҳдуд карда нашудаанд, аз ҷумла:
-шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳои расмӣ, ки иттилооти дархостшавандаро дар бар мегиранд;
-гирифтани нусхаи ҳуҷҷати дахлдор ё иқтибос аз он;
-гирифтани маълумотномаи хаттӣ, ки иттилооти дархостшавандаро дар бар мегирад;
-гирифтани нақши шифоҳии мӯҳтавои иттилооти дархостшаванда;
-гирифтани маълумот дар бораи сарчашмаи нашри иттилооти дархостшаванда дар нашрияи расмӣ;
-гирифтани манбаъҳои иттилооти электронии аз ҳуҷҷатҳои расмӣ гузаронидашуда, ки ба гурӯҳи иттилооти дастрасиашон маҳдуд дохил карда нашудаанд.
3) Тартиби иҷрои дархостро барои гирифтани иттилоот роҳбари мақомоти дахлдор муқаррар менамояд.
4) Мақомот ва ташкилотҳо иттилоотро тибқи тартиби муқарраргардида ба шахсони манфиатдор аз рӯи дархости шифоҳӣ (бо роҳи сӯҳбати бевосита) ё хаттии (аз ҷумла, бо истифодаи технологияҳои электронӣ) онҳо ба номи роҳбари мақомот ё ташкилот пешниҳод менамоянд.
5) Иттилооти дархостшаванда аз тарафи шахси мансабдор, ки ба пешниҳод кардани иттилоот масъул аст, на дертар аз ҳафт рӯзи корӣ баъд аз гирифтани дархост тайёр карда мешавад. Дар сурати тӯл кашидани вақти ҷустуҷӯи иттилооти зарурӣ бо сабабҳои душвор будани дастрасии онҳо ин мӯҳлат тибқи талаботи қонунгузорӣ муайян карда мешавад.
2. Ҳисобӣ ва ҷуброн намудани хароҷоте, ки бо пешниҳоди иттилоот алоқаманд аст
6) Шакл, мӯҳлат ва тартиби пешкаш кардани ҳисоби хароҷоти аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида, ки ба пешниҳод намудани иттилооти мақомот ва ташкилотҳо алоқаманд мебошанд, аз тарафи роҳбарони мақомоту ташкилотҳои дахлдор тасдиқ карда мешаванд.
Иттилооти дархостшаванда ба шахсони манфиатдор дар шакле, ки дар дархости онҳо зикр гардидааст, баъди қабули пешниҳоди ҳуҷҷати ҷуброни хароҷот, ки бо пешниҳоди иттилоот алоқаманд аст, дастрас карда мешавад.
7) Асоси хароҷотеро, ки бо пешниҳод намудани иттилоот ба шахсони манфиатдор вобаста аст, хароҷоти тайёр кардани нусхаи ҳуҷҷатҳои дархостшаванда ва хароҷоти шӯъбаҳои алоқа ташкил менамоянд. Хароҷоти зикргардидаро сохторҳои молиявии дахлдори мақомот ё ташкилотҳо бо назардошти арзиши мушаххаси ҳар як гурӯҳ ва навъи иттилоот дар мувофиқа бо мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ муайян менамоянд.
8) Мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо арзиши иттилооти дар асоси фармоиш пешниҳодшавандаро метавонанд тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ)» низ муайян намоянд.
9) Шакли ҳисобкунӣ (калкулятсионӣ) оид ба пешниҳоди иттилооти пулакӣ бо мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ мувофиқа карда мешавад. Пардохт барои ҳама гуна нусхаи иттилооти пешниҳодшуда набояд аз як фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз як нусхаи саҳифаи ҳуҷҷати пешниҳодшуда зиёд бошад.
10) Агар иттилооти пешниҳодшаванда арзиши тиҷоратӣ ё арзишҳои дигар дошта бошад, сохторҳои молиявии дахлдори мақомоти давлатӣ ё ташкилотҳо хароҷоти пешниҳод кардани онро бо назардошти арзиши ҷории он ҳисобӣ мекунанд.
11) Ташкилотҳое, ки фаъолияти асосии онҳо аз пешниҳод кардани иттилоот дар асоси тиҷоратӣ иборат аст, андозаи пардохтро мустақилона дар мувофиқа бо мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ муайян мекунанд.
12) Агар иттилоот дастраси умум буда, махфӣ набошад, мақомоту ташкилотҳои дорои ин иттилоот метавонанд бо он чунин амалиётро иҷро намоянд:
Таъсис ва тағйир додан, ба шакл даровардан, маҳфуз ва дар хотир нигоҳ доштан, қабул, чен, омехта, коркард, содда, хориҷ, паҳн, ҷамъ ва ба қисмҳо ҷудо кардан, фиристодан, истифода бурдан, нусха гирифтан, иловаҳо ҷустан.
Агар иттилоот қисман аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ гашта, бо мақсади татбиқшавӣ ҷамъ оварда шуда бошад, он гоҳ пешниҳоди иттилоот мувофиқи амалиёти зикргардида ба ҷо оварда мешавад. Агар захираи иттилоотӣ пурра аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ шуда бошад, он гоҳ тартиби истифодаи маълумот дар мувофиқа бо Мақоми ваколатдор дар қисмати ташаккули захираҳои иттилоотии давлатӣ амалӣ гардонида мешавад.
13) Мубодилаи иттилоотӣ байни мақомот ва ташкилотҳои давлатие, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ройгон амалӣ мегардад.
3. Баҳисобгирӣ ва тақсимоти воситаҳои молиявӣ
14) Мақомот ва ташкилотҳое, ки ба аҳолӣ иттилооти пулакӣ пешниҳод менамоянд, ӯҳдадоранд, ки баҳисобгирӣ ва ҳисоботи оморию муҳосибавиро оид ба фаъолияти асосӣ ва иттилооти пулакӣ дар алоҳидагӣ анҷом диҳанд.
15) Пардохт барои иттилооти пулакӣ ба таври ғайринақдӣ, зимни ба шаҳрванд додани варақаи ҳисоботии бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ тасдиқшуда амалӣ мегардад.
16) Воситаҳои пулие, ки мақомот ё ташкилотҳои давлатӣ аз расондани иттилооти пулакӣ ба даст меоранд, бояд ба суратҳисоби маблағҳои махсуси мақомоту ташкилотҳои буҷетӣ оид ба ҳисобгирии воситаҳои аз аҳолӣ гирифташуда интиқол дода шавад.
17) Агар иттилоот пештар аз ҳисоби маблағгузории давлатӣ ташаккул ёфта бошад, пас 90 фоизи маблағи ба хазинаи муассиса воридшуда ба буҷети давлатӣ ирсол шуда, боқимондаи он мувофиқи тартиби муқарраргардида ба суратҳисоби маблағҳои махсуси муассисаҳо ворид карда мешавад.
18) Воситаҳои молиявии аз пешниҳоди хизматрасонӣ оид ба иттилооти пулакӣ ба дастовардаи мақомот ё ташкилотҳое, ки давлат ба онҳо ваколатҳои омирона додааст, баъд аз супоридани андозҳои муқарраршудаи давлатӣ мутобиқи қонунгузории амалкунанда мувофиқи салоҳдиди роҳбар сарф карда мешаванд.
4. Хусусиятҳои муқаррар намудани Тартиби мазкур ва масъулияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо дар мавриди татбиқи он
19) Масъулиятро ҷиҳати истифодаи дурусти нарх ва нархномаҳо, ҳамчунин ҳисобу китоби маблағҳои барои ҷуброн пешниҳодшуда роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои пешниҳодкунандаи иттилооти пулакӣ ба ӯҳда доранд.
20) Мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳое, ки иттилооти дорои маълумоти носаҳеҳ ё нопурраро пешниҳод кардаанд, тибқи дархости хаттии асосноккардаи шахси манфиатдор ба таври ройгон илова ва ислоҳи зарурӣ ворид менамоянд.
21) Дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо барои баҳисобгирии маблағҳои аз пешниҳод кардани иттилоот воридшуда дафтари махсус кушода мешавад.
22) Масъулият барои пешбурди дафтар ба шахси бо фармони роҳбар таъиншуда вогузор мегардад.
Тафсири
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 октябри соли 2009 № 610 «Дар бораи тасдиқи Тартиби ҷуброн намудани хароҷоте, ки бо пешниҳод намудани иттилоот ба мақомоту ташкилотҳо алоқаманд аст» ва баъзе бандҳои Тартиби мазкур
1. Бояд зикр намуд, ки Тартиби мазкур ба ҳеҷ ваҷҳ маҳдудгардонии дастрасӣ ба иттилоот (тавре баъзе воситаҳои ахбори омма шарҳ медиҳанд) набуда, баръакс тибқи қисми 4 моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» таҳия гаштааст ва аз қабили тадбирҳое мебошад, ки амалӣ гаштани онҳо ба воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонии иттилоотӣ мусоидат менамояд. Зеро ҷомеаи ҷаҳонии иттилоотӣ рушди бозори васеи иттилоотиро таъмин менамояд, ки моли асосии он иттилоот мебошад.
2. Дар фасли 2 Тартиби мазкур шакл, мӯҳлату тартиби ҳисобӣ ва ҷуброн намудани хароҷоте, ки бо пешниҳоди иттилоот алоқаманд аст, муқаррар гардидааст. Аз ҷумла:
Тибқи банди 6: «Шакл, мӯҳлат ва тартиби пешкаш кардани ҳисоби хароҷоти аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида, ки ба пешниҳод намудани иттилооти мақомот ва ташкилотҳо алоқаманд мебошанд, аз тарафи роҳбарони мақомоту ташкилотҳои дахлдор тасдиқ карда мешаванд». Яъне шакл, мӯҳлат ва тартиби пешкаш кардани ҳисоби хароҷот барои ҳамаи мақомоту ташкилотҳои давлатӣ ягона аст.
Махсус зикр кардан зарур аст, ки тибқи банди 7 Тартиб: «Асоси хароҷотеро, ки бо пешниҳод намудани иттилоот ба шахсони манфиатдор вобаста аст, хароҷоти тайёр кардани нусхаи ҳуҷҷатҳои дархостшаванда ва хароҷоти шӯъбаҳои алоқа ташкил менамоянд». Яъне маблағ на барои иттилоот, балки барои хизматрасонӣ (сервис) пардохта мешавад.
Инчунин тибқи банди 9 Тартиб: «Пардохт барои ҳама гуна нусхаи иттилооти пешниҳодшуда набояд аз як фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз як нусхаи саҳифаи ҳуҷҷати пешниҳодшуда зиёд бошад». Яъне имрӯз, ки нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар ҷумҳурӣ 35 сомонӣ аст, пардохт барои ҳама гуна нусхаи иттилооти пешниҳодшуда набояд аз 35 дирам аз як нусхаи саҳифаи ҳуҷҷати пешниҳодшуда зиёд бошад.
Қобили зикр аст, ки ҷуброн кардани хароҷоти вобаста ба пешниҳод намудани иттилоот дар бисёр кишварҳои мутамаддини олам, аз ҷумла дар мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо ва ИМА ба ҳукми қонун даромадааст. Аз ҷумла:
-соли 2000 дар Британияи Кабир Қонун дар бораи озодии иттилоот қабул гардид, ки он аз соли 2005 амалӣ шуда, тибқи он хароҷоте, ки бо пешниҳод намудани иттилоот ба мақомоту ташкилотҳо алоқаманд аст, ҷуброн карда мешавад;
-моҳи январи соли ҷорӣ Қонуни Федератсияи Россия «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти мақомоти давлатӣ» қабул шуд. Тибқи ин қонун, аз 1 январи соли 2010 дар Россия низ хароҷоте, ки бо пешниҳод намудани иттилоот ба мақомоту ташкилотҳо алоқаманд аст, ҷуброн карда мешавад.
Масалан, тибқи Қонуни Британияи Кабир дар бораи озодии иттилоот, ҳар як шахси дар Шоҳигарии Муттаҳид ҳуқуқ дорад, ки барои гирифтани иттилоот ба ҳар як ташкилот ва хадамоти давлатии дорои ин иттилоот муроҷиат кунад. Ҳар як шахс метавонад ба вазоратҳои ҳукуматӣ ва ассамблеяҳои маҳаллӣ, ба мақомоти мунитсипалӣ ва шӯроҳои шаҳрӣ, ба хазинаҳои тандурустӣ, беморхонаву дармонгоҳҳо, ба мактабҳо, коллеҷу донишгоҳҳо, осорхонаҳои давлатӣ, ба политсия ва ғайра чунин дархостро диҳад. Агар ин дархост мухолифи қонунгузорӣ набошад, он гоҳ он ройгон ё бо пардохти хароҷот барои нусхабардорӣ ё хизмати почта дастрас карда мешавад. Аммо, агар идораи давлатӣ чунин ҳисобад, ки пешниҳоди ҷавоб ба ин дархост ба идора ба маблағи беш аз 450 фунт стерлинг (наздики 750 доллар), барои ҳукумати марказӣ бошад ба маблағи беш аз 600 фунт стерлинг (наздики 1000 доллар) хароҷотро талаб мекунад, дархост рад карда мешавад. Ё ба дархосткунанда метавонад пешниҳод шавад, ки дархости худро мушаххас намояд, то ки хароҷот барои пешниҳоди иттилооти дархостшаванда кам карда шавад.
Шӯъбаи иттилоотию таҳлилии
Дастгоҳи иҷроияи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2947