logo

порлумон

ВОЛОИЯТИ ҚОНУН. БАРГУЗОРИИ ФОРУМИ ЧОРУМ

Бахшида ба 24 - умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Китобхонаи миллӣ Форуми  чоруми   миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори форум намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, роҳбарияти Вазорати адлия, Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, роҳбарон ва намояндагони  вазорату идораҳои дахлдор, ҳуқуқшиносон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Шоҳмурод Рустам, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни ифтитоҳи форуми мазкур таъкид намуд, ки ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо азму иродаи якдилонаи шаҳрвандони кишвар  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул карда шуд. Ин рӯйдод дар таърихи миллати тоҷик воқеаи нодиру фараҳбахш маҳсуб шуда, барои бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, ташкили сохтори нави ҳокимияти давлатӣ, муайян намудани ҳадафҳо ва самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат нақши босазо бозид.
Эмомалӣ Насриддинзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, зикр кард, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ асосҳои муосири фаъолияти қонунгузорӣ ташаккул ёфта,  дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ беш аз 360 қонун дар соҳаҳои мухталифи қонунгузорӣ, аз қабили гражданӣ, соҳибкорӣ, оилавӣ, меҳнат, экологӣ, молия, маъмурию ҷиноятӣ, мурофиаи гражданӣ, таҳия ва аз лиҳози меъёрӣ таъмин гардиданд.
Ҳамчунин, Пратибҳа Меҳта, ҳамоҳангсози доимии СММ ва намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, Урс Шмид, сафири Швейтсария дар Қазоқистон ва Тоҷикистон, зимни ифтитоҳи ҳамоиш баромад карданд.
Дар Форуми миллӣ масъалаҳо оид ба рушди қонунгузорӣ, мушкилӣ ва муаммоҳои соҳаи меъёрэҷодкунӣ бо назардошти муқаррароти Консепсияи  сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои асосии ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар замони муосир, муқовимат ба экстремизм ва терроризм, мушкилот ва дурнамо, ҳуқуқи соҳибкорӣ ва сайёҳӣ заминаҳои бунёдии таҳкимбахшандаи иқтисодиёт,  иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор  ва воситаҳои алтернативии ҳалли баҳсҳои тиҷоратӣ, муаммоҳо ва дурнамо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.11.2018    №: 215    Мутолиа карданд: 1667
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед