logo

порлумон

ҚОНУНГУЗОРӢ ҲИФЗИ САРВАТҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

Тибқи маълумоти расмӣ дар соли 2017 ва нуҳ моҳи соли ҷорӣ 14 ҳолати интиқоли ғайриқонунии сарватҳои таърихию фарҳангӣ ошкор ва сабт гардидааст. Вобаста ба ин, 13 парвандаи ҷиноятӣ ва як парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуд.
Дар парлумони кишвар ҷиҳати пешгирии чунин амалҳои номатлуб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» дар таҳрири нав ба тасвиб расид. 
Ҷаббор Аҳмадов, вакили парлумон, зимни баррасии лоиҳа иброз дошт, ки он бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати такмили фаъолияти қонунгузорӣ, бартараф  кардани мухолифати байни қонунҳо, беҳтар намудани сифат ва самаранокии онҳо, ҳамчунин,  густариши робитаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо таҳия гардидааст.
Зикр шуд, ки қонуни амалкунанда ҳанӯз соли 2001 қабул гардида, таҷрибаи амалӣ намудани он, таҳлили вазъ дар ин ҷода ва талаботи муосир дар ин раванд заруратро ба миён овард, ки дар лоиҳа якчанд моддаҳои нав ворид карда шаванд. Пешгирӣ намудани ҳолатҳои ғайриқонунии аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ яке аз дигар омилҳо ба ҳисоб меравад. Лоиҳа дар таҳрири нав асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии раванди берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангиро муайян намуда, ба ҳифзи ин мероси гаронбаҳо равона гардидааст. Тибқи он раванди танзими давлатии берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ муқаррар гардида, бо мақсади мусоидат намудан ба танзими меъёрии ҳуқуқии масъалаҳо оид ба берун баровардани ин сарватҳо таъсиси шӯрои вижа оид ба ҳифз ва мубодилаи байналмилалии сарватҳои таърихию фарҳангӣ ва гузарондани экспертизаи давлатӣ пешбинӣ шудаанд.
С. МУНАВВАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.11.2018    №: 215    Мутолиа карданд: 1708
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед