logo

ҳуқуқ

КОНСТИТУТСИЯ ВА ИСЛОҲОТИ СИЁСИВУ ҲУҚУҚӢ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конститутсияи сифатан нав ва қабули он дар ҳаёти ҷумҳурӣ дарвоқеъ таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Ин ҳуҷҷати бо роҳи демократӣ қабулшуда Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ менамояд. Дар он шакли идоракунӣ, сохтори давлатӣ ва низоми  сиёсӣ муайян шуда, давлати иҷтимоӣ будани Тоҷикистон муқаррар гардидааст.
Бо қабули Конститутсия тамоми рукнҳои давлат барқарор гардида, самтҳои ташаккули иҷтимоиву иқтисодӣ, ҷамъиятиву сиёсӣ ва диниву маънавии ҷомеаро дар шароити муосир инъикос менамояд. Дар заминаи Конститутсия дар Тоҷикистон ислоҳоти ҳуқуқӣ роҳандозӣ гардида, нахустин санадҳои танзимкунандаи муносибатҳои вобаста ба ташаккулёбии рукнҳои давлатдорӣ, таҳкими сохтори ҳокимияти давлатӣ ба тасвиб расидаанд.
Гузашти солҳо исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи сокинони кишвар бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи иттиҳоду суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат, пешрафту тараққиёти ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ ва ҷодаи ободию созандагӣ, рушди устувори мамлакат мебошад. Маҳз тавассути риояи талаботи Конститутсия ва таҳкими асосҳои сохтори конститутсионӣ мо аз марҳилаҳои ҷангию баъдиҷангӣ бо сарбаландӣ гузашта, ба имрӯзи хурраму шод расидем. Дар ин бора Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд: “Баъд аз қабули Конститутсия дар кишвар ислоҳоти бунёдиву фарогири сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз шуда, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро ба танзим даровард ва барои суботи конститутсионӣ заминаи мустақим фароҳам овард... Қобили зикри махсус аст, ки тамоми дастовардҳои ноилшудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бевосита ё бавосита бо қабули Конститутсия вобастагӣ доранд”.
Дарвоқеъ, агар мушоҳида кунем хомӯш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, барҳам задани нақшаҳои шуми бадхоҳони миллат, истиқрори сулҳу ваҳдати комил, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ, гиромидошти хотироти қаҳрамонҳои миллат, ташаккулу такомули худшиносии миллӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ, таъсиси парлумони касбӣ, ноил шудан ба нишондиҳандаҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат аз бузургтарин неъматҳое ба шумор мераванд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он замина гузоштааст.
Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври дақиқ риоя намуда, дар атрофи Пешвои миллат боз ҳам муттаҳидтар бошем ва дар шароити имрӯзаи ҷаҳони зудтағйирёбанда нагузорем, ки  касеву чизе ба асосҳои сохтори конститутсионии мо таҳдид кунад ва оромии ҷомеаро халалдор созад.
Акобир ИЗЗАТУЛЛОЗОДА,
прокурори ноҳияи Мастчоҳ

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.11.2018    №: 215    Мутолиа карданд: 926
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед