logo

ҳуқуқ

ЭҲТИРОМИ КОНСТИТУТСИЯ ЭҲТИРОМИ МИЛЛАТ АСТ

Дар зарфи 27 соли Истиқлолияти давлатӣ бо тақозои марҳилаҳои нав дар низоми давлатдорӣ ва рушди кишвар зарурат пеш омад, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд. Аз ҷумла, бо мақсади татбиқи ҳадафҳои минбаъдаи рушди низоми сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, фарҳангию иҷтимоӣ 22 майи соли 2016 ба воситаи раъйпурсии умумихалқӣ ба ин санади олии ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳо ворид шуданд.
Тағйиру иловаҳои воридшуда, дар баробари дигар бахшҳо ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон такони нав бахшида, иштироки фаъолонаи онҳоро дар идораи умури давлатдорӣ бештар кард. Зеро имтиёзҳои дар сатҳи меъёрҳои Конститутсия пешбинӣ шуда, имконият фароҳам овард, ки ҷавонони донишманду соҳибмаърифат ба вазифаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ пешбарӣ шаванд.
Ҳоло дар баробари ҳокимияти иҷроия, инчунин, иштирок ва пешбарии номзадии ҷавонон дар зинаҳои ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла қонунгузор ва судӣ бештар гардида, сафи ҷавонони пурмасъулу кордон барои фаъолият дар ин сохторҳо афзудааст. Зимнан, тибқи боби 3 моддаи 49 ва боби 8 моддаҳои 85, 89 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонон ҳуқуқ доранд, номзадии худро то ба интихоб шудан ба вакили Маҷлиси намояндагон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳокимияти судӣ пешбарӣ намоянд. Аз ҷумла, мутобиқи моддаи 85 Конститутсия ҷавонон аз 30 - солагӣ ҳуқуқ доранд, ба вазифаи судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе интихоб ё таъйин шаванд. Инчунин, дар асоси талаботи моддаи 89 Конститутсия барои интихоб гардидани шахс ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ низ чунин синну сол пешбинӣ гардидааст. Бар асоси банди 2 моддаи 85 - и Конститутсия бошад, ҷавонон аз 25 - солагӣ имкон доранд, судяҳои судҳои шаҳр ва ноҳия, суди ҳарбӣ, судҳои иқтисодӣ шаванд. Дар ин робита, ҷавононро зарур аст, масъулияти бештар зоҳир намуда, сазовори боварии давлат ва ҷомеа бошанд.
Табиист, ки эҳтироми Конститутсияи кишвар, ин эҳтироми давлату миллат буда,  тавассути эҳтиром ва риояи дақиқи меъёрҳои он мо шаҳрвандон қарзи шаҳрвандии худро сарбаландона иҷро хоҳем кард. Бинобар ин, риояи Конститутсия ва таъмини волоияти қонун вазифаи ҳамаи мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ватандӯст мебошад.
Эмомалӣ НАБИЕВ, омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.11.2018    №: 216    Мутолиа карданд: 1403
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед