logo

ҳуқуқ

САНАДИ ТАҚДИРСОЗ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз беҳтарин конститутсияҳо ҳисобида шудааст.
Қабули ин санади олии ҳуқуқӣ давра ба давра рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва сатҳи некуаҳволии зиндагии мардуми Тоҷикистонро тадриҷан баланд гардонд.
Татбиқи бомароми ҳадафҳои созандагии пешгирифтаи давлат ва Ҳукумат дар як муддати кӯтоҳ бемайлон баланд гардид. Дар асоси ислоҳоти ҳуқуқӣ тамоми қонунгузории давлат тавассути қабули қонунҳои муҳими ба талаботи замони муосир ҷавобан такмил ёфта, ба талаботи конститутсия мутобиқ гардонда шудаанд.
Ҳамин тавр, дар рӯҳияи эҳтирому риояи қонун барои рушду такомул ёфтани ҳар фарди ҷомеа заминаи мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам омад. Вобаста ба талаботи муносибати ҷамъиятии рушдёбанда, ташаккули низоми ҳуқуқӣ ва дигар омилҳои муҳим солҳои 1999, 2003 ва 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ дар фазои озоду демократӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.
Конститутсия эҳтирому риояи ҳифзи ҳуқуқии озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амният ва суботи устувори ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як шахсро таъмин менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи муносибатҳои ҷамъиятиеро, ки дар кишвар ба вуҷуд меоянд, дар бар мегирад. Дар мустаҳкам намудани он ҳамаи соҳаҳои ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ иштирок менамоянд.
Асосҳои сохтори конститутсионии кишвар мувофиқи ин санади олӣ аз бандҳои зерин иборат аст:
1. Низоми сиёсии ҷамъият.
2. Низоми иқтисодӣ.
3. Асосҳои сохти иҷтимоӣ ва маданӣ.
Дар моддаи 1 - и Конститутсия омадааст:
"Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад".
Ҳамин аст, ки имрӯз Тоҷикистон чун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Зеро Конститутсия бори нахуст Тоҷикистонро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ карда, забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ эълон ва рамзҳои давлатиро муайян кард, ҳуқуқи озодии инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ ва халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонагии ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.
Аз ин рӯ, ҳамаи мақомоти давлатӣ дар асоси Конститутсия фаъолияти худро ба роҳ монда, муҳофизати ҷамъият ва шаҳрвандро таъмин менамоянд.
Ш. РАҲМОНОВ,
Қ. ДАМИНОВА,
омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.11.2018    №: 216    Мутолиа карданд: 871
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед