logo

фарҳанг

МАҲМУДҶОН ВОҲИДОВ. РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Ҳанӯз 61 сол қабл, дар рӯзҳои Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар шаҳри Москва, ки моҳи апрели соли 1957 баргузор гардид, дар толори консертии ба номи Чайковский ҷавоне бо тоқии чоргулу ҷомаи беқасаб шеърҳои Мирзо Турсунзодаро бо садои ҷарангосиву мутантан ва маҳорати баланд дар бораи сулҳу дӯстӣ хонд ва таваҷҷуҳи аҳли толорро ба худ ҷалб кард.
Ин ҷавон узви маҳфили ҳаваскорони бадеии деҳаи Шайдони ноҳияи Ашт Маҳмудҷон Воҳидов буд. Баромади ӯ ба Олга Пижова, роҳбари бадеии студияи тоҷикии Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи Луначарский, профессор, хеле маъқул шуд. Абдусалом Раҳимов, Артисти халқии ҷумҳурӣ, зимни суҳбат аз ӯ хоҳиш кард, ки барои қабули Маҳмудҷон ба таври истисно ба ин донишкадаи номдор мусоидат намояд. Сипас, ӯро якбора ба курси 3 - юми шуъбаи тоҷикии донишкада дохил карданд. Донишкадаи давлатии санъати театри Москва (ГИТИС) - ро соли 1960 хатм кард. Солҳои 1960 - 1961 ҳамчун ҳунарпешаи Театри давлатии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Камоли  Хуҷандӣ ҳунарнамоӣ кард ва аз соли 1961 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ буд.
Соли 1973 вақте  ки нақши Рӯдакиро офарид, ҳамагонро ба ваҷд овард.  5 декабри соли 1973 Маҳмудҷон Воҳидов ба унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сазовор гардид. Ҳамон сол бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сарфароз гардид. Ҳамчунин, барои иштирок дар кинофилми “Достони Рустам” бо ордени “Нишони фахрӣ” мукофотонида шуд.
Ӯ бо овози ширадору ҷолиб,  сеҳрангез ва диди шоирона асосгузори театри як актёр дар Тоҷикистон мебошад. Маҳмудҷон Воҳидов мураттиб, коргардон ва иҷрокунандаи якчанд намоишҳо, мисли:“Гуфтугӯ бо худ” (аз рӯи рубоиёти Умари Хайём, 1967), “Ватан ва фарзандон” (ашъори шоирони Тоҷикистон,1969), “Ишқи зиндагӣ” (ашъори Ҳофиз, 1971) аст. Истеъдоди режиссёрии ӯ дар спектакли “Алломаи Адҳам ва дигарон” - и С. Улуғзода (1976) равшан зоҳир шуд.   
Маҳмудҷон дар охирон сафари ҳунариаш дар Ироқ ғазалиёти Ҳофизу Ҷалолиддини Балхӣ  ва рубоиёти Хайёмро ба забони арабӣ хонд ва дар байни тамошобинон ҳангомае бархост. Ҳама «Воҳидов» мегуфтанду ба истиқболаш беист қарсак мезаданд. Гӯё ба шамъе  шабоҳат дошт, ки бори охир рӯшан шуд. Ӯ 9 ноябри соли 1977 дар яке аз меҳмонхонаҳои Бағдод фавтид ва ормонҳои зиёдеро бо худ бурд.
Маҳмудҷон Воҳидов алифбо ва забони арабиро омӯхт, то рубоиёти  Умари Хайём ва ғазалиёти Ҳофизро ба забони арабӣ хонад. Ӯ бо мақсади санҷиши талаффузаш чанде дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳо, дар ҳузури олимон баромад кард ва сазовори баҳои хуб гардид. Ӯ ҳамзамон, ба омӯхтани забони англисӣ машғул шуд, то шеъри оламгири тоҷикӣ – форсиро дар саҳнаҳои пурнуфузтарини дунё ба самъи мардуми Ғарб расонад ва нақши Ҳамлетро бозад.
Маҳмудҷон дар синни 38 - солагӣ, дар айни авҷи камолот, дунёро падруд гуфт ва бо ҳунари волояш дар дилу дидаи мухлисон ҷой гирифт.  
Вале  суоли матраҳ ин аст, ки чаро то имрӯз бо гузашти беш аз 40 сол касе ормонҳои Маҳмудҷон Воҳидовро пиёда накард? Магар ҷавонони ҳунарманду боистеъдод ва забондон каманд? Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати кишварро мебояд, ки барои дарёфту тарбияи ҷавонони соҳибистеъдод дар ин самт, яъне қироати ашъори ноби классикон ба забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, арабӣ, хитойӣ, итолиёвӣ ва ғайраҳо саҳим бошанд. Дар ин ҷода макотиби олӣ, ки дар онҳо забонҳои хориҷӣ омӯзонда мешаванд, метавонанд нақши бағоят муҳимро бозанд. Бигузор беҳтарин тарҷумаҳои ашъори устод Рӯдакӣ, Умари Хайём, Низомӣ, Саъдӣ,  Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ, Бедил, Ҷалолиддини Балхӣ ва дигар шоирони классикиву муосир ба забонҳои хориҷӣ мавриди тадрису омӯзиш қарор гиранд. Ва, ҳамзамон, ба шакли китоб бо сифати баланд ва теъдоди зиёд интишор ёбанд, то дастраси сайёҳони хориҷӣ низ гарданд. Хуб мебуд, ки кормандони корпусҳои дипломатӣ, сафоратхонаҳо, роҳбаладони гурӯҳҳои сайёҳӣ аз ин ганҷи ниёгон баҳраманд бошанду онро ба самъи меҳмонони хориҷӣ расонанд ва меҳру муҳаббати онҳоро нисбат ба тоҷикону Тоҷикистон афзун гардонанд. Баргузор кардани озмунҳои ҷумҳуриявӣ оид ба  дарк ва қироати ашъори классикӣ ба забонҳои хориҷӣ ба манфиати кор аст. Бигузор, беҳтарин соҳибистеъдодҳо ҳикмати ин ганҷи шойгонро  дар саҳнаҳои пурнуфузтарини дунё ба самъи мардум расонанд, ормонҳои Маҳмудҷон Воҳидовро амалӣ гардонанд ва муҳимтар аз ҳама пайрави Пешвои муаззами миллат бошанду мақом, обрӯю нуфуз ва эътибори тоҷику Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.11.2018    №: 217    Мутолиа карданд: 1555
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед