logo

фарҳанг

НАҚШҲОИ ГӮЁ

Нақшҳои гӯё дар пеши назари мост.
Онҳо аз он рӯзгорон, аз таърихи ниёгон ба мо ҳикоят доранд. Аз онҳо мо садои мусиқии гузаштагонро мешунавем, эҳсос мекунем.
Суғдидухтар чанг дар даст ҳунарнамоӣ дорад. Чангаш ҳилолшакл буда, қисми болоияш ба сари мор шабеҳ аст.
Ӯ панҷа ба торҳои чанг мезанад.
Ба назар чунин мерасад, ки ӯ бо навои чангаш аз олами зебои суғдиёни озоду ҷасур ва ҳунарманду дилрабо ҳикоят дорад. Аз ҳамон суғдиёне, ки озод мезистанд, озодазода буданд ва боҳунару ҷасорати худ ҳамаро ба ҳайронӣ оварда буданд.
Ин нақшҳо аз биноҳои зери хокхуфта, аз биноҳои шаҳри бузургу харобгардида бо ҷустуҷӯҳои олимони бостоншинос берун омадаанд ва аз он давру даврон ба мо қисса мекунанд.
Панҷакенти қадим, махсусан бо нақшу нигорҳои бебаҳояш диққати олимони ҷаҳонро ба худ кашидааст.
Мо аз нақшу нигорҳои дигар сухан немеронем. Танҳо ба ҳамон нақшҳое рӯ меорем, ки вобаста ба мусиқӣ ва  ҳунару ҳунарварӣ мебошанд. Ин нақшу нигорҳо, ин аксҳо гувоҳ бар он аст, ки дар даври суғдиён мусиқӣ, ҳунармандӣ дар сатҳи хеле баланд ва ҳайратовар будааст. Онҳо созҳои симию торӣ, созҳои зарбӣ ва нафасиро хеле васеъ истифода мебурданд. Аз маъхазҳои хаттӣ маълум мешавад, ки онҳо доираҳои хурду калон, ҳар хел наю карнай, чангу рубоб ва танбӯру дутор доштанд.
Дар байни бисёр ҳайкалчаҳои аз гили пухта сохташуда, ки аз сарзамини Суғд ёфта шудаанд, бисёр қиёфаҳои мардон ва занони наю дафу уду рубобнавоз дида мешаванд.
Худ ҳамаи ин гувоҳ аст, аз халқи ҷасуру санъатдӯст ва меҳанпарасту озодаи ниёгони мо.
Ҳамаи инҳо:
- Аз оташи суғдон,
Як шуъла фақат монад фурӯзон,
Як шуъла, ки дар чашму дили халқ ҳамесӯхт,
Як шуъла, ки бар халқ чи сон сӯхтан омӯхт.
Ҳамаи он нақшу нигорҳои гӯё аз оташи фурӯзони суғдиёни ҳунарманд ба мо ҳикоят мекунанд.
Мо садои онҳоро, навои Суғдиёнро мешунавем, ҳис мекунем.
Дар нақши дигар чаҳор нафарро мебинем. Чаҳор нафар ҳунармандро, ки аз зери хок, дар девори хона нақш ёфта. Чаҳор зани созандаю мутриб. Ду нафар сурудгӯён асту сеюмӣ барбат дар даст. Ва чаҳорумӣ низ навозанда, вале соз ноаён монда, нисфи тану сар дар мурури замон рехтааст.
Занҳо дар як қатор.
Барбати чаҳортораи мурудшакл дар дасти бонуи ҳунар дар наво. Бо нохуни махсус ба торҳои он мезанад.
Ду зани дигар дар ҳавои он созҳо суруд хонда истодаанд…
Инро мо дар қиёфаашон эҳсос мекунем. Болои ин ду дасти хешро яке аз сарояндаҳо ба сари синааш зер карда истодааст. Гӯё авҷи сурудро мегӯяд.
Ҳамаи занҳо дар бар куртаҳои дарози остинкалтаи бегиребон доранд.
Дар нақшу нигорҳои дигар мо рақси маросимиро мебинем.
«Дар тӯли тамоми девори шимолӣ қиёфаҳои чусту чолок ва либоси сабук дар бар рақс доранд.
Ҳамаи онҳо дар дасташон соз доранд, ки аз кадом намуди созҳо буданашонро муайян кардан мушкил».
Лек дафи нақорамонанд, нақорачаи дутарафа, ки ба соати регӣ монанд аст, инчунин, як навъ сози монанд ба барбат ба зӯр пай бурда мешаванд.
Мардуми соҳибзавқу соҳибдил ва санъатдӯст ҳеҷ гоҳ хомӯш буда наметавонад.
Рақси маросимӣ.
Дар замони Суғдиён ҳам ҷашни Наврӯзу Меҳргон, Даймоҳ ва дигару дигарҳо дида мешуданд.
Ва дар вақоеъномаи хитоии «Тангиу» дар ин бора чунин оварда шудааст: «Дар моҳи ёздаҳум мардум дафзанон рақсида, сармо металабанд ва аз хушдилӣ ба болои ҳамдигар об мепошанд».
Боз чунин манзараҳои рақсӣ дар дигар деворҳо нақш ёфта.
Ҳар нақш як дунё сухан, як олам маъно дорад.
Мо аз он солҳои дур садои ниёгонро мешунавем, эҳсос мекунем. Ҳамон таърихе, ки моро ба худшиносию худогоҳӣ мебарад.
Моро ба мо мешиносонад, моро водор мекунад, ки худро дар созандагию бунёдкорӣ, дар ҳунару ҳунарварӣ, дар эҷоду эъҷозофарӣ пайдо намоем, талош кунем, худро эҳё намоем.
Мо овои ниёгонро, дар синаи  худ, дар шараёни миллати худ нигоҳ медорем.
Ва он лаҳза моро водор мекунад, ки бигӯем:
Дар чархи куҳан бахти нав эҷод кунем,
Ин хоки куҳанро ба навӣ шод кунем.
Нақшҳои гӯё.
Моро ба андеша мекашанд. Таърих бо ҳазор қисса, бо ҳазор афсона варақгардон мешавад.
Шаҳобиддин ҲАҚНАЗАРОВ                                                                             

 

 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.11.2018    №: 218    Мутолиа карданд: 937
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед