logo

ҳуқуқ

АВБОШӢ. ҶИНОЯТКОР БА ПАНҶ СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе тайи солҳои охир ба як шаҳри ободу зебо мубаддал гардидааст, ки назираш дар олам кам аст. Бахусус, аз лиҳози бехатарӣ ва риояи тартиботи ҷамъиятӣ назар ба солҳои қаблӣ садҳо маротиба хубтару беҳтар гардидааст. Сокинону меҳмонони пойтахт дар кадом ғояте, ки набошад, дилпурона ба ҳар куҷое, ки хоҳанд мераванд. Амният ва оромӣ беҳтарин неъмат аст, ки дар ин самт хидмати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ назаррас аст. Мутаассифона, кирдори баъзе сокинон доғест бар авроқи сафеди шаҳр.
Фаридун Қурбонов бегоҳии 15 июли соли равон ҳангоми дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе қарор доштанаш шаҳрванд Алиакбари Мамадро, ки бо сагаш сайругашт мекард, вомехӯрад. Баъдан ба шиносаш Акобир Ғафуров занг зада дархост менамояд, ки саги мувофиқ пайдо кардааст ва мехоҳад онро бо саги ӯ ҷанг андозад. Бо гирифтани розигӣ ӯ ҳамроҳи Алиакбари Мамад ва Далер Солиев ҳамон рӯз ба назди кӯли «Ҷавонон», воқеъ дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ рафта, дар ҷойи ҷамъиятӣ сагҳоро ба ҳам ҷанг меандозанд. Дар ин вақт муҳофизи кӯл Даҳмурод Шарифов бо саги худ ҳозир шуда, аз онҳо тарк кардани ҳудуди кӯлро талаб мекунад. Ба ин дархост Ф. Қурбонов аҳмият надода, баръакс талаб мекунад, ки ӯ ба хотири халал надодан ба ҷанги сагон саги худашро гирифта, аз он ҷо равад. Вале муҳофизи кӯл инро рад намуда, тарк кардани ҷойи ҳодисаро талаб мекунад. Фаридун Қурбонов ба ғазаб омада, муҳофизро дашномҳои қабеҳ дода, аз ҷайбаш кордро бароварда, ба тарафи ӯ ҳуҷум мекунад. Ин лаҳза бачаҳои дар он ҷо буда, садди роҳи ӯ мегарданд. Аз ҷумла, Шариф Исоев муҳофизро як тараф тела медиҳад. Фардун Қурбонов аз ҷаҳолат ҳаракатҳои авбошонаашро идома дода, бо корди дар даст доштааш ба рони пои чапи Шариф Исоев зарба зада, ӯро  маҷрӯҳ месозад. Ин навбат Акобир Ғафуров аз пеш Ф. Қурбоновро медорад, вале ӯ бо корд ба рони пойи рост ва панҷаи дасти чапи ӯ низ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ мерасонад. Ҷинояткор бо дарки нодурустии рафтор ва дастгир нашуданаш, то ҳозир шудани кормандони милитсия ҷойи ҳодисаро тарк намуда, кордро ба ҷойи номаълум мепартояд.
Дар натиҷаи ҳаракатҳои авбошонаи Ф. Қурбонов тартиботи ҷамъиятӣ дағалона вайрон шуда, нисбат ба атрофиён беҳурматии ошкоро зоҳир мегардад ва бо истифодаи силоҳ дар намуди корд ба ду нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонда мешавад. Мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ - тиббӣ ҷароҳатҳои бардоштаи ҷабрдидагон бо аломатҳои ноҷурии кӯтоҳмуддат ба муҳлати на зиёда аз 21 рӯз маҳсуб ёфта, ба зарари сабук мансуб мебошанд.
Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ таҳти раёсати судя Ғайрат Сангинзода дар мурофиаи ошкорои судӣ 2 октябри соли 2018 парвандаи ҷиноятиро нисбат ба Фаридун Қурбонов баррасӣ намуда, ӯро бо моддаи 237 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор донист. Нисбат ба ӯ бо ҳукми суд ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 сол бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъйин карда шуд.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»

 

 

 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.11.2018    №: 219    Мутолиа карданд: 837
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед