туризм
"АЛМОСӢ" ВА РУШДИ САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ ДАР ҲИСОР
Бино ба ақидаи коршиносон, Парваришгоҳи «Алмосӣ», ки 40 километр дуртар аз шаҳри Душанбе дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, миёни дарёҳои Қаратоғ ва Хонақо дар баландии 2100 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст, барои сайёҳии пиёдагардии экологӣ ва кӯҳгардӣ хеле мувофиқ аст.
Он соли 1984 дар масоҳати 6 ҳазор гектар бо мақсади ҳифз ва нигоҳдории генофонд ва барқарор намудани захира ва мавзеъҳои паҳншавии намуди нодири эндемикии флораи Тоҷикистон – гиёҳи Амонқара, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст, таъсис ёфт. Парваришгоҳ барҳақ комплекси нодири табиии гуногуншакли экосистемаи қаторкӯҳҳои Ҳисор ба шумор меравад. Релйефаш кӯҳӣ буда, дорои кӯлу обҳои фаровон низ мебошад.
Олотҳои сангини аз ҳудуди парваришгоҳ дарёфтшуда, аз асрори таърихи ташаккул ва рушди ҷамъияти инсонии гузаштаи дур ҳикоят мекунанд, ки дар осорхонаҳои шаҳр ва макотиби № 39 ва № 50 маҳфузанд. Бо кашфиётҳои аҷиб чун «Тахти Сулаймон», «Пайи дулдур», «Мазораи Хусангибод» ва «Бобомазор» тарзи зисти давраи ҷамъияти ибтидоӣ маълум шудааст.
Кӯҳи «Тахти Сулаймон» мисли ҷавонмарди қавипайкаре менамояд. Аз байни кӯҳ шаршара ҷорӣ гашта, баъд ба шохобҳо ҷудо мегардад. Кӯҳ бешубҳа ёдгории табиӣ - таърихии ин минтақа маҳсуб меёбад. Дар он ҷинсҳои кӯҳӣ ба назар мерасанд, ки дорои аҳамияти илмӣ буда, кайҳост таваҷҷуҳи олимони соҳаро ҷалб кардаанд.
Олами ҳайвонот дар ин мавзеъ бо хусусиятҳои зист дар кӯҳсор тафовут дорад. Чун ҳарорати ҳаво шабона пойин меравад, бошандагони он – хазандагон, ҳашарот, хояндагон ва ҳайвонот дар ин вақт паноҳ мебаранд. Ғайр аз ин, парандагони тезчангол мисли уқобу бургут ва лошахӯр зиёд вомехӯранд. Олами ғанӣ ва нотакрори гулу гиёҳ ва рустаниҳои шифобахши парваришгоҳ мавриди омӯзиши олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Ҳисор барҳақ дорои гӯшаҳои зебою афсонавии сайёҳӣ мебошад. Яке аз муъҷизаҳои табиат - кӯли пурасрори Ҷувозак мебошад, ки дар ҳалқаи кӯҳҳои Ҳисор ҷойгир аст. Тибқи гуфтаҳои сокинони маҳаллӣ, солҳои пеш дар ин талу пушта ва кӯҳҳои атроф галаи гавазнҳо ва оҳувони бухороиро бемалол дидан мумкин буд.
Дар самти шимолу шарқии кӯли Ҷувозак қаторкӯҳҳои пурганҷ қарор доранд. Тамоми фасли сол оби кӯл соф буда, ҳатто, сангҳои қаъри он ба назар менамоянд. Оби кӯл доимо якмаром ҷорӣ буда, хеле хуштамъ аст. Худи кӯл орому пурасрор, дар соҳилаш буттаҳои нодир рӯидаанд. Ба андешаи олимон чуқурии кӯл аз 15 то 20 метрро ташкил медиҳад.
Кӯли Ҷувозак шоҳкории табиат буда, релйефи тағйирёбанда дорад. Болои кӯлро доим абрпораҳо фаро гирифта, сари чанд вақт боронҳои кӯтоҳмуддат меборанд. Атрофашро дарахтони нодиру обсабзҳо ва арчазорон печондаанд. Қобили зикр аст, ки арчазорон аз кӯҳи "Тахти Сулаймон" то кӯли Ҷувозак доман паҳн намудаанд. Байни мардуми маҳаллӣ дар бораи кӯли Ҷувозак ривоятҳои зиёд паҳн шудаанд. Мутобиқи яке аз онҳо дар ин ҷо гӯё пайдо шудани аспи обиро мушоҳида кардаанд.
Коршиносон бар он назаранд, ки таркиби оби кӯли Ҷувозак бояд омӯхта шавад ва барои ба макони сайёҳон, дӯстдорони табиат ва асоси рушди сайёҳии экологӣ табдил гардидани он чораҳои зарурӣ бояд андешид. Зеро ҳамаи ин дороиҳо асоси ворид кардани парваришгоҳ ба хатсайрҳои сайёҳии ин минтақа ва рушди сайёҳии экологӣ дар Ҳисор мебошанд.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.11.2018 №: 219 Мутолиа карданд: 1250