фарҳанг
ТӮРАҚУЛ ЗЕҲНӢ. БУЗУРГДОШТИ ОЛИМ ВА РӮЗНОМАНИГОР
Ба хотири гиромидошти олим, адиб ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Тӯрақул Зеҳнӣ дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Саҳми Тӯрақул Зеҳнӣ дар рушди илму адаб ва фарҳанги тоҷик» конференсияи илмии байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар конференсия олимону муҳаққиқон ва адибон аз Россия ва Ӯзбекистон, ҳамчунин, пайвандону алоқамандони эҷодиёти Тӯрақул Зеҳнӣ иштирок доштанд. Ҳамоишро муовини президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикмат Муъминов ифтитоҳ карда, гуфт, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир рӯҳияи худшиносӣ ва худогоҳии ҷомеаи Тоҷикистон хеле боло рафта, дар бедории насли ҷавон таъсири бузург расонда истодааст.
Дар конференсия зикр шуд, ки нахустин дастури саҳву наҳви забони тоҷикиро Тӯрақул Зеҳнӣ омода карда, аз ҷумлаи аввалин нафаронест, ки барои гузаштан ба хати нав ва мубориза бо бесаводӣ хизмати бузург намудааст.
Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги кишвар, зимни суханронӣ ба муҳимияти бузургдошти хотираи фарзандони барӯманди миллат ишора карда, зикр намуд, ки дар сиёсати имрӯзаи давлатдорӣ арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг, гузаштагони миллат ва заҳматҳои онҳо нақши муҳим дорад. «Баргузории ёдбуди Тӯрақул Зеҳнӣ гувоҳи он аст, ки мо ба таъриху гузаштаи худ арҷ мегузорем. Рӯзгори устод барои ҳар яки мо ибратомӯз аст. Китоби «Санъати сухан» - и Зеҳнӣ имрӯз китоби рӯйимизии ҳар як муҳаққиқи соҳаи забон аст. Имрӯз мо имкон дорем аз асарҳои офаридаи устод бе мушкилӣ истифода барем. Дар замони шӯравӣ ин имкон набуд, зеро бисёре аз китобҳои устод чоп нашуда, дастраси ҳамагон набуданд», - гуфт Ш. Орумбекзода.
Дар мавзӯи «Мероси Тӯрақул Зеҳнӣ аз назари дип- ломатияи фарҳангӣ» суханронии Мунира Шаҳидӣ, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, шунида шуд. М. Шаҳидӣ таъкид дошт, ки Тӯрақул Зеҳнӣ аз ҷумлаи маъруфтарин забоншиносони кишвар ба ҳисоб меравад.
- Имрӯз ба осори Тӯрақул Зеҳнӣ бояд бештар таваҷҷуҳ кард. Устод тӯли фаъолияти пурсамари худ ба масъалаҳои гуногуни замони хеш таваҷҷуҳ карда, андешаҳои ҷолибу пурарзиш пешниҳод кардаанд. Махсусан, масъалаҳои забон ва хат дар осори илмии устод ба таври равшан ва густурда инъикос ёфтаанд, - гуфт М. Шаҳидӣ.
Парвин ОЛИМОВА
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.11.2018 №: 220 Мутолиа карданд: 1148