logo

ҳуқуқ

ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. 400 САРБОЗИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

10 ноябр 400 сарбози навдаъватшуда, ки барои адои хидмати ҳарбӣ ба ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуданд, савганди ҳарбӣ ёд карданд. Маросими савгандёдкунӣ дар Маркази таълимии «Пойтахт» - и  Қӯшунҳои сарҳадӣ бо ҳузури падару модарони сарбозон ва дигар меҳмонон доир гардид.
Нурулло Абдуллозода, муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, дар назди меҳмонон ва сарбозон баромад намуда, иброз дошт, ки мубориза  бар зидди ҳама гуна хатарҳои эҳтимолӣ, бахусус терроризми байналмилалӣ, экстремизми сиёсӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, аз ҳар як афсару сарбоз омодабошии доимии ҳарбиро тақозо намуда, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ аз мову шумо вобастагӣ дорад. Дар ин замина, вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як хизматчии ҳарбӣ ин садоқат ба Ватан ва савганди ҳарбӣ мебошад.
Дар назди ҷамъомадагон падару модарон низ суханронӣ карда, ба фарзандонашон хизмати софдилонаро дар ҳифзи марзу буми кишвар орзу намуда, зикр карданд, ки хизмати аскарӣ барои ҳар як ҷавон мактаби воқеии ҳаёт мебошад. Маҳмадсаид Назаров, аз ноҳияи Хуросон, зимни суҳбат иброз дошт, ки барои ман ифтихор аст, ки писари чорумамро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар сафарбар мекунам. Умедворам, ки ӯ бо сари баланд аз хидмати ҳарбӣ бармегардад.
Пешниҳоди барномаи консертӣ аз ҷониби ҳунармандони ансамбли ҳарбии «Марзбон» - и Қӯшунҳои сарҳадӣ маросими савгандёдкуниро хотирмон намуд.
Маҳмуд ҶӮРАЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.11.2018    №: 220    Мутолиа карданд: 884
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед