маориф
ЯК НИШАСТИ МУҲИМ
Чанде пеш дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ дар соҳаи маориф таҳти унвони «Мустаҳкамгардонии системаи иттилоотии идоракунии маориф барои мониторинги мақсадҳои ҲРУ – 4» баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони созмонҳои байналмилалии ЮНЕСКО, СММ, вазоратҳои маориф ва илми ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Гурҷистон, Муғулистон, Корея ва Чин иштироку суханронӣ намуданд.
Муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Сайфиддин Давлатзода дар хусуси раванди низоми иттилоотии соҳаи маориф сухан ронда, зикр намуд, ки ҳадафи асосии баргузории симпозиуми мазкур таъмини муҳити мусоид барои фаъолияти идоракунӣ дар Вазорати маориф ва илм, кормандони идораю мақомоти сохторӣ, таҳия ва тадвини иттилооти омори таҳсилот дар заминаи мустаҳкамгардонии низоми идоракунии соҳаи маориф маҳсуб меёбад.
Истифодаи ҳадафмандонаи технологияи иттилоотӣ - коммуникатсионӣ дар замоне, ки тамоми соҳаҳои идоракунии мақомоти кишварҳо ба он иртиботи амиқ доранд, бавижа дар соҳаи маориф хеле муҳим аст. Раванди иттилоотонии идоракунии маориф бо истифода аз васоити технологияи навтарини муосир маҳз аз муассисаҳои таълимӣ сарчашма мегирад. Аз ин лиҳоз, татбиқи самарабахш ва амалии барномаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар таълимгоҳҳо дар мадди аввал қарор мегирад.
Директори бюрои минтақавии уқёнуси Орому Осиёии ЮНЕСКО дар соҳаи маориф Шигеру Асояги, ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пратибха Мехта, директори шуъбаи иттилоотии Академияи хадамоти таҳсилотӣ, илмию пажӯҳишӣ ва иттилоотии Корея Синхюн Ян сухан ронда, иброз доштанд, ки соли 2015 дар нишасти Созмони Милали Муттаҳид ҷомеаи ҷаҳонӣ аз пешниҳод ва қабули масъалаи Барномаи рушди устувор то соли 2030, ки 17 барномаро дар самти инкишофи таҳсилоти инклюзивӣ ва босифат дар бар мегирифт, истиқбол намуд. Шурӯъ аз соли 2011 созмони ЮНЕСКО симпозиуми кишварҳои Осиёи Марказиро оид ба истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаи маориф ташкил ва баргузор менамояд. Аз ҷумла, соли 2016 симпозиуми зикршуда дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор гардида буд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияи институти таҳлилии низоми иттилоотии идоракунии соҳаи маориф баҳри мониторинги нишондиҳандаи рушди устувор ташкил карда шудааст, ки сари вақт маълумоти омориро дар соҳаи маориф таҳия ва омода менамояд.
Дар рӯзҳои дуюму сеюми симпозиум мавзӯъҳои зиёде, ки ба масоил ва мушкилоти барномаи пешниҳоднамудаи ЮНЕСКО дар ин самт бахшида шуда буданд, баррасӣ ва муҳокима гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2007 Ҳукумати кишвар Консепсияи системаи иттилоотии идоракунии соҳаи маорифи ҷумҳуриро қабул кард. Тибқи консепсия системаи иттилоотии идоракунии маориф коркард ва роҳандозии системаи миллии идоракунии соҳаи маориф дар чор марҳала амалӣ мегардад.
Б. БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.11.2018 №: 221 Мутолиа карданд: 933