ҳуқуқ
"ДАВЛАТИ ИСЛОМӢ" ВА ПАЙРАВОНИ ДУР АЗ ИСЛОМ
Фаъолияти гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ», ки дар аксари мамлакатҳои ҷаҳон мамнӯъ аст, бино ба тасдиқи олимони бонуфузи олами ислом «хавориҷ» - ҳои замони муосир мебошанд, ки танҳо аз номи ислом сухану рафтор мекунанд ва дар асл кайҳо аз мусалмонӣ берун рафтаанд. Ҳарчанд ин гурӯҳ дар Сурияву Ироқ шикаст хӯрдаву дар ҳоли фаношавист, аммо пайравону ҳаводоронаш дар ҳар куҷо, ки бошанд, разолату куштор ва бетартибиҳоро ба амал меоранд.
Пайғамбари ислом 1400 сол пеш дар як ҳадиси худ аз пайдо шудани чунин гурӯҳ хабар дода буданд ва таъкид карданд, ки агар парчами сиёҳи онҳоро бубинед, дар замин сокит истед ва на даст ва на пойи худро наҷунбонед. Бо ин суханон ҳазрати Муҳаммад (с) ба умматашон гуфтанӣ буданд, ки ба ин фитнакорон ҳамроҳ нагардед, ёрӣ нарасонед. Дар идомаи ҳамин ҳадис гуфта шудааст, ки давлати онҳо дер намепояд. Дилҳои пайравони ин давлат мисли оҳан гаштааст. Боз гуфта мешавад, ки дар охир пайравони ин давлат байни ҳамдигар низоъ мекунанд ва он гоҳ Аллоҳ таъоло ҳақиқатро зоҳир хоҳад кард. Ба назар чунин мерасад, ки Пайғамбари ислом дар замони худ аз зуҳури чунин гурӯҳи фитнагар сухан карда будаанд ва таъкид доштанд, ки агар мусулмонон парчами онҳоро бинанд, дар ҷояшон ором истанд ва ононро пайравӣ накунанд. Мутаассифона, мебинем, ки гурӯҳи муайяни ҷавонон ба ин гурӯҳ пайравӣ карданд. Дар ҳадисҳои дигар зикр шудааст, ки аксарияти пайравони ин ташкилот ҷавонон мешаванд.
Соли 2014 - ум 126 нафар олими машҳури аҳли суннат ва ҷамоат, аз ҷумла аз Осиёи Миёна собиқ муфтии Ӯзбекистон Шайх Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф ба унвони роҳбари гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» Абубакри Бағдодӣ номаи саркушод навишта, доир ба кирдори нодурусти пайравони гурӯҳаш мутобиқ ба китобҳои машҳуртарини исломӣ фатво ва насиҳатҳо карда буданд. Матни арабӣ, русӣ ва англисии ин мактуби саркушода дар сомонаҳои мухталиф ҷойгир шудаанд ва ҳар кас метавонад, ки онро озодона мутолиа намояд. Дар ин ҳуҷҷат гуфта мешавад:
1. Ислом ба қатл расондани бегуноҳонро манъ кардааст.
2. Дар ислом ба қатл расондани фиристодагон ба монанди дипломатҳо, сафирон ва рӯзноманигорон манъ аст.
3. Дар ислом шиканҷа додани мардум манъ аст.
4. Дар ислом мусулмонеро, то замоне, ки худаш онро эътироф накунад ва ё аз амалаш исбот нагардад, кофир эълон кардан манъ аст.
Ҳамин тариқ, 24 насиҳат оварда шудааст ва ҳар насиҳат бо далели Қуръон ва ҳадис исбот гаштааст. Аммо ин насиҳатҳо ба ягон нафари онҳо таъсир нарасонд. Гарчанде медонанд, ки олимон ворисони пайғамбаронанд, аммо ба ин суханон эътибор надода, фитнагарии худашонро идома доданд.
Ин мактуб яке аз далелҳо ва ҳуҷҷатҳои муътабар барои исбот кардани ботил будани даъво ва иғвои «Давлати исломӣ» аст, ки онро бояд ҳамаи мардуми мусулмон, бахусус ҷавонон донанд ва ба доми фитнагарон гирифтор нагарданд.
Ислом РАҲИМОВ, декани факултети забонҳои шарқи
ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.11.2018 №: 221 Мутолиа карданд: 889