фарҳанг
"АНДАЛЕБ" ПАДИДАИ НАВ ДАР ФАРҲАНГИ ТОҶИК
Қабл аз он ки дар бораи нақш ва аҳамияти чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ «Андалеб» дар камолоти маънавии мардум сухан ронем, месазад, ки назаре ба таърихи на он қадар дури он афканем.
Ёдовар бояд шуд, ки бо чунин муҳтаво ва матлаб пештар низ бо номи «Бӯстон» сабқатҳо доир шуда буданд. Аммо «Андалеб» бо ду хусусияти худ аз он тафовут дорад. Аввал ин ки ҳайати доварон аз ду гурӯҳ иборат буда, гурӯҳи аввал дар даври якуми сабқат дар маҳалҳо ҳолату фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ: қасру хонаҳои фарҳанг, клубу китобхона, осорхонаҳо, боғҳои фарҳангу фароғат, дастаю маҳфилҳои ҳунарӣ, маданияти зисти аҳолӣ, ободии кӯчаю маҳалҳо ва боғу майдонҳоро мавриди омӯзиш ва муқоиса қарор медиҳад. Сипас, дар даврҳои дувум ва сеюм, ки дар маркази вилоятҳо ва пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, ҳунарпешагони шаҳру навоҳӣ – ғолибони даври якум ҳам барномаи консертӣ, ҳам намоиши театрӣ ва ҳам маҳсули дасти ҳунармандони халқии маҳали худро ба қазовати доварон пешкаш менамоянд.
Бо вуҷуди ин, мабдаи асосии баргузории «Андалеб» ҳунарозмоӣ дар бахши суруду мусиқист. Албатта, дар он солҳо ташкил кардани чунин як чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ кори саҳл набуд. Зеро на ҳар кас ҷуръат дошт, ки ба деҳот рафта, бо роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва мардум, бахусус силоҳбадастон суҳбат орояд. Ташкили озмун дар ноҳияҳо, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе заҳмати сангинро талаб мекард. На ҳамаи ҳунарпешагон ва ҳаваскорони санъат розӣ мешуданд ва ҷуръат доштанд, ки дуртар аз маҳали худ ҳунарнамоӣ намоянд. Бар замми ин, буданд чунин роҳбарони мақомоти маҳаллӣ, ки пешниҳоди созмондиҳандагони фестивал - озмунро ҷиддӣ қабул намекарданд. Онҳое ба дурнамои озмун боварӣ доштанд, ки таъсир ва нақши боризи сухан, оҳангу суруд ва мусиқиро амиқ дарк мекарданд. Эшон дарк мекарданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ қабл аз ҳама андешаи миллӣ доштан зарур аст. Табиист, ки андешаи миллӣ дар заминаи фарҳанги мардумӣ месабзад. Шеъру суруд ва созу наво қодиранд ҳама гуна пардаи торики ҷаҳолатро пора кунанд, дар дили мардум ба имрӯзу фардои зиндагӣ шуълаи умед барафрӯзанд, иттиҳодро таъмин намоянд, мафҳумҳои дӯстиву рафоқат, меҳру муҳаббат, ваҳдату якдигарфаҳмиро дар нигоҳи онҳо таҷаллӣ созанд, халқро ба роҳи созандагию бунёдкорӣ ҳидоят намоянд. Бояд ба шарофати «Андалеб» сафи сарояндагон, мутрибон, актёрон, гурӯҳҳои ҳунарии кишвар афзун шавад, ҳунарҳои мардумӣ пайваста такмил ёбанд ва маҳалҳои зисти аҳолӣ ба таври шинохташаванда зебою рангину дилнишину дилрабо гарданд.
Ба ҳайати доварон устодони маъруфи соҳаи санъат, амсоли профессор Раҷабмад Амиров, доктори илмҳои таърих, санъатшиноси маъруф Аскаралӣ Раҷабзода, доктори илмҳои филология, фолклоршинос Баҳром Шермуҳаммадов, Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим, устоди рақс, барандаи Ҷоизаи давлатии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Маҳад Қобилов ва дигарон ҷалб шуданд. Онҳо ҳар дафъа, қабл аз оғози чорабиниҳо бо иштирокдорони фестивал - озмун дар доираи сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба таҳкими дӯстӣ, таъмини сулҳу осоиш, якдилию ҳамдигарфаҳмии мардумони кишвар суҳбатҳо ороста, даъват ба амал меоварданд, ки ба хотири фардои дурахшони Ватани ҷоноҷонамон тамоми дониш, маҳорату истеъдод ва неруи ташкилотчигиамонро сафарбар намоем. Дар ҷараёни баҳогузорӣ устодони номбурда бо истифода аз хираду таҷрибаи худ, ҳам ба муҳтавои суруду рақсҳо, ҳам ба шаклу шеваи басаҳнагузорӣ, ҳам ба тарзи иҷрои бахшҳои ҳунарӣ диққат дода, мутаваҷҷеҳ бар он буданд, ки дар ин суруду рақсҳо бештар сарулибоси миллӣ, созҳои мусиқии аҷдодӣ истифода шаванд.
Айни замон давраи якуми Фестивал - озмун бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бомуваффақият гузашта истодааст. «Андалеб» ҳоло ҳам хизмати арзандаи худро барои дарёфти истеъдодҳои ҷавон, чеҳраҳои нави санъати миллӣ, баланд бардоштани дарки худшиносию ҳисси меҳанпарастӣ, эҳёи расму оин ва суннатҳои мардумӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, ваҳдату ягонагии халқҳои сарзаминамон идома мебахшад.
Ҷамшед ИСМОИЛОВ, раиси Иттифоқи арбобони
санъати Тоҷикистон, Ҳунарпешаи
халқии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.11.2018 №: 222 Мутолиа карданд: 1003