logo

фарҳанг

ҲАМОИШ. СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ ИФТИХОР АСТ!

Пешрафти минбаъдаи давлат ба рушди маориф сахт вобаста аст. Аз  ин  рӯ, бо  дастгирии  Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ҷавонону наврасони фаъол, ҷӯянда ва забондон бо стипендияҳои президентӣ қадр мешаванд.
Ба ин муносибат, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 55 - и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳамоиши гирандагони стипендияҳои президентӣ таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш гирандагони стипендияҳои президентӣ аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 165 нафар иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок намуда, изҳор дошт,  ки  Ҳукумати  кишвар,  бавижа   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои дастгирии ҷавонони эҷодкору болаёқат пайваста ғамхорӣ зоҳир мекунанд.
Зикр гардид, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2018 теъдоди гирандагони стипендияи президентӣ 100 нафар бештар гардид, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ сазовори он шуданд. Имтиёзҳое, ки дар доираи идрорпулӣ муқаррар гардидаанд, баҳри баланд бардоштани сифати дониши толибилмон ва ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат дар ободу зебо гардондани Ватани азизамон саҳмгузор буданашон мусоидат хоҳад кард.
Дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо ҷалби гирандагони стипендияҳои президентӣ ду сол аст, ки маҳфили доимоамалкунандаи «Стипендиатҳои ҷавон» фаъолият дорад. Гирандагони идрорпулӣ дар Кумитаи ҷавонон ва варзиш ҷамъ омада, бо пешниҳоди ғояҳои нави инноватсионӣ ва техникӣ ҷавонони дигарро ба сафи худ ҷалб мекунанд. Онҳо аз зумраи он ҷавонони фаъоланд, ки мустақилона чорабиниҳои гуногуни илмӣ - назариявӣ, фарҳангӣ - фароғатӣ, оммавию варзишӣ ва сайёҳиро мунтазам дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ташкил ва баргузор менамоянд.
- Як сол қабл, ба ифтихори Соли ҷавонон шумораи гирандагони стипендияҳои президентӣ аз 300 ба 400 нафар афзуд, ки ин намунаи олии таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ояндасози мамлакат мебошад, - гуфт Аҳтам Абдуллозода.
Дар  ҳамоиш  чанде  аз  ҷавонону   наврасони   фаъол  аз  ояндаи  Тоҷикистон, корҳои  созандагӣ, пешрафти соҳаҳои гуногун, омодагиҳо ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза хонда, ҳамсолони худро ба хониши хубу аъло ва ҷӯяндагиву ташкилотчигӣ даъват карданд.
Бузургмеҳр САЛИМОВ,
Раҳматулло КАРИМОВ,
«Ҷумҳурият»

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.11.2018    №: 222    Мутолиа карданд: 901
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед