ҳуқуқ
КОРРУПСИЯ. ДАР МУҚОВИМАТ ФАЪОЛ БОШЕМ!
Муқовимат бо коррупсия ҷузъи сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, амалӣ намудани он раъйи қавии ниҳоди ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию сиёсӣ, банақшагирии стратегӣ ва ҷалб намудани аҳли ҷомеаро тақозо менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии муҳимтарини конвенсияҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ дар самти мубориза бо коррупсия буда, дар Осиёи Марказӣ ягона кишваре мебошад, ки аз лаҳзаи таъсиси шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (соли 2003) узви он мебошад. Барномасозии давлатии мубориза бо коррупсия дар сатҳи давлатӣ ба роҳ монда шуда, бо ибтикори Пешвои миллат ду маротиба Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст. Қобили зикр аст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳз мавҷудияти стратегияи зикршуда ва дар доираи он амалӣ намудани чорабиниҳо доир ба мубориза бо коррупсия ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва кафолати ноил шудан ба дастовардҳо дар ин ҷода шинохта шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Мубориза бо коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми ҷомеа низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем». Аз ин лиҳоз ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ ва афзоиши самараноки мубориза бар зидди коррупсия зарур аст, ки фаъолият дар ин самт бо ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба роҳ монда шавад.
Коррупсия дар ҷаҳони муосир аз ҷумлаи монеаҳои зидди рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳсуб меёбад. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда, тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самараноку шаффофи маблағҳои буҷетӣ назорат ва риояи қатъии интизоми молиявӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат бо роҳҳои огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд амал намуда, дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.
Тибқи таҳлилҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007 дар қатори зиёда аз 170 давлати дунё дар самти дарки коррупсия дар зинаи 160 - ум ва соли 2015 дар зинаи 136 қарор дошт. Ин маълумотҳо аз зина ба зина паст гаштани коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Баъди коҳиш додани бештари ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, дар ҷомеаи имрӯза чунин меъёрҳои бунёдӣ барои таҳияи андешаи миллӣ, аз қабили ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ, рушди минтақаҳо, тантанаи қонуният ва адолати иҷтимоӣ ба вуҷуд оварда шудаанд.
Имрӯз тамоми ҷомеа, бахусус мо - ҷавонон бояд такя ба волоияти қонун намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар мадди аввал гузошта, нагузорем, ки амалҳои номатлуб, аз ҷумла коррупсия ва фаъолияти хусусияти коррупсионидошта ба кишвари азизамон - Тоҷикистон таъсири манфии худро расонад.
Оятулло ҶОЙЛОБОВ, донишҷӯи курси 3 - юми
факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.11.2018 №: 226 Мутолиа карданд: 944