ҳуқуқ
ҲУШДОР. ҒУЛОМИ ҚОНУН БОШ!
Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Салоҳиддин Давлатов, сокини ноҳияи Шаҳринавро барои муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, бо дастрасии моддаи 200 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор намуда, ба муҳлати 5 сол равонаи зиндон кард.
Тавре тафтишот маълум кард, Салоҳиддин Давлатов моҳи апрели соли 2017, дар замини наздиҳавлигиаш, миқдори тухми бангдонаро дар байни рустаниҳои ҷавҳарӣ кишт ва онро нигоҳубин карда, моҳи июни ҳамон сол онҳоро аз замин канда, бо тарзи ба тафтишот номаълум хушк карда, дар ҳезумхонаи ҷои истиқоматиаш ғайриқонунӣ нигоҳ доштааст.
Рӯзи 8 декабри соли гузашта, номбурда дар маркази шаҳри Ҳисор бо шиносаш бо номи “Сангалӣ”, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти фаврӣ - ҷустуҷӯӣ”, ҳамчун харидори шартии воситаи нашъадори навъи “ҳашиш” шуда буд, вохӯрда се адад қуттии гӯгирди дорои воситаи нашъадори “бангдонаи хушконда”- ро ба ивази 150 сомонӣ мефурӯшад. Худи ҳамон рӯз “Сангалӣ” се адад қуттии мазкурро ба кормандони Раёсати фаврӣ - ҷустуҷӯии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёран месупорад. Мувофиқи хулосаи ташхиси кимиёвӣ маводи мазкур воситаи нашъадори навъи “бангдонаи хушконда” буда, вазни умумиаш 3,9 граммро ташкил додааст.
Зимни гузарондани чорабиниҳои иловагии ҷустуҷӯӣ Салоҳиддин Давлатов дастгир шуда, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ як адад пакети селофании дар дохилаш зарфи пластикии дорои маводи рустанигии сабзчатоби бӯйи махсусдошта ёфт шуд. Мувофиқи ташхиси кимиёвӣ маводи мазкур воситаи нашъадори навъи “бангдонаи хушконда” буда, вазнаш 270 граммро ташкил додааст. Ҳамчунин, худи ҳамон рӯз аз ҳезумхонаи судшаванда боз як адад зарфи пластикии дорои маводи рустанигии сабзчатоби бӯйи махсусдошта ва аз хонаи хобаш чор адад ниҳоли рустанигии хушки ба ҳамин монанд, ёфт шуд. Мувофиқи хулосаи ташхиси кимиёвӣ маводи дарёфтгардида воситаи нашъадори навъи “бангдонаи хушконда” буда, вазни умумии он 136,4 грамм ва чор адад воситаи нашъадори “бангдона”- ро ташкил дод.
Ҳамин тариқ, мувофиқи хулосаи ташхиси кимиёвӣ воситаи нашъадори навъи “бангдонаи хушконда”- и аз Салоҳиддин Давлатов мусодирашуда, дар маҷмӯъ, 410,3 граммро ташкил дод.
Судшаванда дар маҷлиси судӣ ба гуноҳаш иқрор шуда, гуфт, ки ӯ ниҳолҳои хушки бангдонаро барои истеъмоли шахсиаш нигоҳ дошта, пинҳонӣ аз аҳли оилааш истеъмол мекардааст.
Манучеҳр ТИЛЛОЗОД, судяи суди ноҳияи Фирдавсӣ,
Лашкар ШАРИФ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.11.2018 №: 226 Мутолиа карданд: 917