фарҳанг
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Худоёр Юсуфбеков ҳамчун олими шинохтаи соҳаи рустанипарварӣ дар омӯзиши хусусиятҳои биологии рустаниҳои хӯроки чорво саҳми арзанда дорад. Ӯ ҷустуҷӯи роҳҳои беҳтар намудани ҳосилнокии чарогоҳҳоро аз солҳои панҷоҳуми асри гузашта оғоз намуда буд. Тадқиқоти бисёрсолааш дар минтақаҳои гуногуни Помир натиҷаҳои дилхоҳ доданд.
Аввалин кори илмии пурарзише, ки Х. Юсуфбеков доир ба рустанипарварӣ анҷом дод, ин усулҳои ба марғзор табдил додани чарогоҳҳои биёбони Помири Ғарбӣ бо роҳи кишт намудани алафҳои бисёрсола буд. Ӯ бо роҳбарии профессор А. Гурский доир ба азхудкунии регзор ва қумзорҳои кӯчандаи водии Вахону Ғундро бо истифода аз 30 намуд алафҳои бисёрсола, буттаю нимбуттаҳо омӯхта, натиҷаҳои муфид ба даст овард. Ин натиҷаҳо аҳамияти бунёдӣ ва амалӣ доштанд. Он солҳо Х. Юсуфбеков усулҳои ташкил намудани чарогоҳҳои серҳосили рустаниҳои хӯроки чорворо бо роҳи обмонии гуногунреҷа ва кишти алафҳо, бе дигаргун кардани қабати рӯизаминии наботот аз ҷиҳати илмӣ асоснок намуд. Натиҷаи ин таҳқиқот, ки дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Шуғнон ва Ишкошим васеъ истифода мешуданд, асоси рисолаи номзадии Х.Юсуфбековро ташкил доданд.
Бо ташаббуси ӯ, ҳамчунин, дар Стансияи биологии Помир се лаборатория; физиология ва биохимияи рустаниҳо, интродуксияи рустаниҳо ва геоботаникаи таҷрибавӣ ташкил ёфт.
Хизматҳои Х. Юсуфбеков дар ташкил намудани муассисаҳои нави илмии Помир хеле калон аст. Бо ташаббуси мавсуф соли 1969 дар заминаи се муассисаи илмӣ – Стансия биологии Помир, Боғи набототи Помир ва Бунгоҳи таҳқиқотии Ишкошим муассисаи нав – Институти биологии Помир ташкил шуд, ки ҳоло ба он номи Х. Юсуфбеков дода шудааст.
Х. Юсуфбеков ба омӯзиши захираҳои биологии Помир низ диққати калон медод. Ӯ захираҳои минтақавии мавзеъҳои алоҳидаро ҳамаҷониба таҳлил намуда, хулосаҳои илмии худро дар китоби «Набототи Помири Ғарбӣ ва таҷрибаи азнавсозии онҳо» пешниҳод намуд.
Дастовардҳои илмӣ ва қобилияти ташкилотчигиашро ба назар гирифта, соли 1968 - узви вобаста ва соли 1976 академики Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб намуданд.
Худоёр Юсуфбеков дар маҷмӯъ, муаллифи зиёда аз 150 асари илмӣ мебошад, ки онҳо имрӯз барои кормандони соҳа ҳамчун дас-тур арзёбӣ мегарданд.
Хизматҳои дар роҳи илм намудаи академик Худоёр Юсуфбеков бо якчанд ордену медалҳо, унвони Ходими хизматнишондодаи илми РСС Тоҷикистон қадр шудааст.
Абдусаттор САИДОВ, ноиби президенти Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Оғоназар АҚНАЗАРОВ, академик,
Қувватбек ОДИЛБЕКОВ,
номзади илмҳои биология
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.11.2018 №: 226 Мутолиа карданд: 1710