фарҳанг
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Ҳаким Қурбонов умри бобаракати хешро сарфи рушди илми кристаллография намудааст. Дар таҳқиқоти ӯ ташхиси сохтори рентгении ҷисмҳои сахт, ҳосил намудани кристаллҳо дар шароити лабораторӣ ва кашфи кристаллҳои нав аз минерал ва оксидҳо мавқеи муҳим дорад.
Меҳри илм ӯро соли 1959 ба шуъбаи физикаю математикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон овард. Аз сабаби он ки дар ҷумҳурӣ мутахассисони кристаллография хеле кам буданд, ӯро барои идома додани корҳои илмӣ ба Институти кристаллографияи Академияи илмҳои СССР ба номи А. Н. Шубнови шаҳри Москва фиристоданд. Он ҷо таҳти роҳбарии академик Н. В. Белов дар соҳаи кристаллофизика корҳои таҳқиқотӣ мегузаронад.
Пас аз бомуваффақият ҳимоя намудани рисолаи номзадӣ ба ҷумҳурӣ баргашта, ҷиҳати идома додани таҳқиқот гурӯҳи корӣ ташкил мекунад. Ба гурӯҳи мазкур муяссар мегардад, ки дар муддати кӯтоҳ ба ҳосил намудани кристаллҳои нав тариқи ташхиси сохтори рентгении моддаҳои ғайриорганикӣ ва пайвастагиҳои нимноқилӣ ноил гардад.
Соли 1968 дар назди Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмҳои ҷумҳурӣ озмоишгоҳи ташхиси сохтори рентгенӣ дар заминаи гурӯҳи физикаи кристаллҳо ташкил карда шуд. Роҳбарӣ ба фаъолияти озмоишгоҳ ба зимаи ходими калони илмӣ, номзади илмҳои физика ва математика Ҳаким Қурбонов гузошта шуд.
Ӯ дар баробари корҳои илмӣ бо мақсади тайёр намудани мутахассисони ҷавон дар соҳаи илми кристаллография дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) аз фанҳои кристаллография, ташхиси сохтори рентгенӣ, кристаллофизика ва кристаллохимия дарс мегуфт. Дар ин муддат шогирдони зиёдеро тарбия намуда, ба ҷодаи илм раҳнамоӣ кардааст.
Натиҷаи корҳои илмии Ҳ. Қурбонов дар конгрессҳои байналмилалӣ дар соҳаи кристаллографияи Рими Италия ва истифодабарии нурҳои рентгении ташхиси материалҳои дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия баргузоргардида муаррифӣ шудаанд.
Ӯ муаллифи се монография, 11 шаҳодатнома дар бораи ихтироот ва зиёда аз 100 мақолаи илмӣ мебошад. Гузоришҳои илмиаш дар маҷмӯаҳои конфронсҳои байналмилалӣ ба чоп расидаанд. Ин аст, ки Ҳ. Қурбоновро дар ҷумҳурӣ ҳамчун асосгузори илми кристаллография мешиносанд.
Фатҳулло ОДИНАЕВ, муовини директори Институти физикаю техникаи
ба номи С. Умарови Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.11.2018 №: 227 Мутолиа карданд: 1435