logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НУРДИНҶОН ИСМОИЛОВ

20 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоиловро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории ду кишвар, аз ҷумла рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон меҳмони воломақомро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, бо итминон иброз  дош-танд, ки натиҷаҳои ин сафар ва мулоқоту музокирот омили муҳим барои рушди муносибатҳои шарикии Тоҷикистону Ӯзбекистон мегардад.
Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо ба истифода додани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” табрику таҳният намуда,  чунин изҳор дошт: «Ман аз баистифодадиҳии муваффақонаи ин иншооти азим ба ваҷд омадам. Ин рӯйдоди муҳим дар таърихи навини Тоҷикистон абадӣ боқӣ мемонад ва татбиқи лоиҳаи мазкур на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои мардумони тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти байналмилалӣ дорад. Ин лоиҳаи беназир маҳз ба шарофати Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, азму иродаи қавӣ ва сиёсати дурбинонаатон амалӣ гардид”.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки муносибатҳои мо ба сатҳи нави шарикии стратегӣ баромад ва барои ноил гардидан ба ин, сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев такони ҷиддӣ бахшид.
Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла ҷоннок кардани фаъолияти гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ ва табодули таҷриба дар самти қонунгузорӣ иброз доштанд.
Таъмиқи ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётию транзитӣ, афзоиши гардиши мол, татбиқи амалии санадҳои муҳими зимни сафарҳои давлатии сарони давлатҳо баимзорасида, рафтуомади бераводид, ифтитоҳи нуқтаҳои назоратӣ, кушодани хатсайрҳои ҳавоӣ, роҳҳои оҳану мошингард, ҳамкории фарҳангию гуманитариро муҳим шумурда, онро воситаи асосии баҳамоии мардумони дӯсти тоҷику ӯзбек маънидод карданд.
Зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ таъмини амну субот дар минтақа, муборизаи муштарак бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар шаклҳои ҷинояткории трансмиллӣ аз самтҳои афзалиятноку барои мардумон судманд зарур шумурда шуд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардиданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2018    №: 227    Мутолиа карданд: 4672
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед