барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ БА МУҲАММАД АШРАФ ҒАНӢ
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Ҷалолатмаоб!
Хабари фоҷиабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари ҳамлаи маргталабона ба ҷамъомади бузурги бахшида ба мавлуди набавӣ дар Кобул боиси андуҳи ин ҷониб гардид.
Мо ин аъмоли ғайриинсонии террористонро қатъиян маҳкум карда, ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба Шумо, Ҷалолатмаоб, тамоми мардуми дӯсти Афғонистон изҳор менамоем ва ба наздикону пайвандони қурбоншудагон сабри ҷамил хоҳонем. Аз даргоҳи Худованд ба ҳамаи осебдидагон шифои комилро масъалат дорем».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.11.2018 №: 227 Мутолиа карданд: 5347