logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими бунёди боғи нав дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, 30 ноябри соли 2009

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Мо имрӯз дар доираи корҳои ободониву созандагии Ватани азизамон ва идомаи оину суннатҳои неку писандидаи аҷдоди некному фарҳангиамон бо мақсади шинонидани аввалин ниҳолҳои боғи нав ва ба мавзеи дилписанд табдил додани боз як гӯшаи диёрамон ҷамъ омадаем.
Бинобар ин, сараввал шумо - намояндагони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти меҳмоннавозу заҳматқарини Суғд ва кулли сокинони мамлакатро бори дигар ба муносибати иди саиди Қурбон ва оғози корҳои бунёди ин боғи нав табрик намуда, ба ҳар як хонадони кишвар иқболи нек, рӯзгори осуда ва файзу баракат орзу менамоям.
Бунёди боғу чорбоғҳо дар баробари шаҳрсозиву шаҳрдорӣ аз замонҳои хеле қадим ҷузъи таркибии фарҳанги зиндагии аҷдоди мо буда, имрӯз низ парвариши гулу ниҳолҳо ва нигоҳубини дарахтони мевадиҳанда аз ҷумлаи суннатҳои писандидаи мардуми мо ба ҳисоб меравад. Натиҷаи ҳамин суннату таомули нек ва заҳмати ободгаронаи мардум аст, ки кишвари азизамон-Тоҷикистон имрӯз пур аз дарахтони мевадиҳанда, гулҳои рангорангу буттаҳои ороишӣ, гиёҳҳои шифобахш ва обҳои софу зулол буда, ба номи «диёри сабзи домани гардун» маъруф аст.
Маҳз тибқи ҳамин таомул ва суннатҳои қадима мардуми мо пайваста ба корҳои кишоварзиву боғдорӣ машғул шуда, асосан дар фаслҳои баҳору тирамоҳ ниҳол мешинонанд.
Боғе, ки ҳоло бунёди он оғоз гардид, мувофиқи лоиҳа бо истифода аз таҷрибаву суннатҳои миллӣ ва усулҳои муосири боғдорӣ майдони 400 гектар заминро дар бар мегирад ва дар ин кори хайр намояндагони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят саҳм мегузоранд.
Дар ин боғ зиёда аз 200 ҳазор бех навъҳои гуногуни дарахтони мевадиҳанда ва сояафкану ороишӣ, инчунин гулу гулбуттаҳо шинонида мешаванд.
Чунонки шумо огоҳ ҳастед, солҳои охир мо дар пойтахт Боғи бузурги миллӣ ва дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боғи Ваҳдатро бунёд кардем, ки аллакай баъзе дарахтони ин боғ ба самар омадааст.
Боғи имрӯза низ мувофиқи меъёрҳои муосири боғдорӣ бунёд гардида, дар он намунаҳои гуногуни дарахтон ва гулу гиёҳҳои нодири тамоми гӯшаву канори Ватани азизамон гирдоварӣ ва парвариш меёбанд.
Ба ин васила, мо метавонем дар гӯшаҳои ин боғ намунаҳои табиати зиндаи кишварро ҳифзу нигоҳбонӣ карда, дар айни замон баъзе навъҳои дарахтон ва гиёҳҳои шифобахшро аз нобудшавӣ нигоҳ дорем. Умед дорем, ки баъд аз ду - се сол дарахтоне, ки имрӯз шумо бо дасти худ мешинонед, дастархони мову шуморо бо анвои гуногуни меваҳои хушлаззату шаҳдбор ва сабзавоту полезӣ зебу зиннат медиҳанд.
Дар баробари ин, бо ташкили чунин боғу токзорҳо ва гулзору гулгаштҳо гӯшаҳои гуногуни кишварамон сарсабзу хуррам гардида, онҳоро ҳамчун ҷойҳои фароғату истироҳати мардум низ истифода кардан мумкин аст. Ин ҷо бамаврид аст як – ду сухан дар бораи ҳифзи муҳити зист гуфта шавад. Солҳои охир тағйир ёфтани иқлим ва вазъи носолими экологӣ, алалхусус дар шаҳрҳои азим ба проблемаи ташвишовари сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Мо низ бояд дар ин самт тадбирҳои судманд андешем, зеро ин ба солимии ҷомеа, ба солимии наслҳои оянда таъсир дорад.
Яке аз чунин тадбирҳо дар атрофи шаҳру деҳот, дар талу теппаҳо, қад-қади роҳҳои мошингард сабзонидани боғу дарахтзорҳо ва тоза нигоҳ доштани оби рӯдхонаҳо мебошад. Ба ин васила мо муҳитро аз ифлосшавӣ эмин медорем, аз обу ҳавои тоза баҳравар мешавем, ба тарзи зиндагии солими ҷомеа мусоидат менамоем ва насли ҷавонро дар рӯҳияи ҳифзи табиат ва муҳити зист тарбия мекунем.
Обу ҳавои мусоиди ин рӯзҳо барои ниҳолшинонӣ хеле мувофиқ аст,  зеро ниҳолҳое, ки дар фасли тирамоҳ шинонида мешаванд, асосан сабз мешаванд.
Имрӯз ин анъанаи хуби аҷдодиро дубора эҳё намуда, дар баъзе минтақаҳои мамлакат, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд анҷом додани таҷдиди боғҳои кӯҳна дар ин фасли сол, ки корҳои асосии деҳқонӣ ба охир мерасанд, бештар мувофиқи мақсад аст. Мардуми мо аз қадимулайём шинонидани ниҳоли мевадиҳандаро яке аз фаризаҳои инсонии худ мешуморанд.
Дар ҳикмати мардуми куҳанбунёду фарҳангпарвари мо парвариши ниҳоли мевадор баробари  боқӣ гузоштани фарзанди солеҳ аст ва ба ин васила, яъне бунёди боғу парвариши дарахтон ҳар фарди бонангу номус ва дӯстдори Ватану диёри худ метавонад номи некашро ба наслҳои минбаъда ба ёдгор монад. Маҳз ба ҳамин хотир «аз некон боғ» гуфтаанд.
Дар навбати худ бо бунёди боғу токзорҳои нав ва таъмиру таҷдиди боғҳои мавҷуда ҳар яки мову шумо дар татбиқи сиёсати ободониву созандагӣ саҳми арзандаи худро гузошта метавонем. Чунки пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ ва ҳарчи бештар афзудани маҳсулоти озуқавории худӣ омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории мамлакат мебошад.
Дар ин самт бахусус, истифодаи оқилона ва самараноки замин, баланд бардоштани сатҳи маданияти заминдорӣ ва торафт беҳтар кардани ҳосилнокии зироатҳо аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи кишоварзон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва умуман онҳое, ки бо замин сару кор доранд, ба ҳисоб меравад.
Барои афзун гардонидани иқтидори содиротии кишвар васеъ ба роҳ мондани коркарди аввалияи ашёи хоми кишоварзӣ, меваю сабзавот, яъне саноати хӯрокворӣ ва коркарди маҳсулот аз ҷумлаи вазифаҳои басо муҳим мебошад.
Дар ин самт, қабл аз ҳама, рушди соҳаи кишоварзӣ, ки омили муҳимтарини беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат маҳсуб меёбад, таҳти назорату ғамхории махсуси Ҳукумати кишвар қарор дорад. Бояд зикр кард, ки ҳарчанд баҳори соли равон сербориш омад, тибқи ҷамъбастҳои пешакӣ кишоварзони мамлакат ба хеле дастовардҳо ноил шудаанд.
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ дар давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ қариб 6 миллиарду 400 миллион сомониро ташкил кардааст, ки ин рақам нисбат ба нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли гузашта 11,5 фоиз зиёд мебошад. Пешравӣ бахусус дар соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ таъмин карда шудааст.  Аммо ин ҳанӯз кофӣ нест, масъалаҳои ҳалталаб дар ин ҷода зиёданд. Махсусан, ба масъалаи кишти такрорӣ диққат додан зарур аст. Дар ин самт корро тавре ташкил бояд кард, ки аз як замин гирифтани ду ҳосил ба одати доимӣ ва суннати неки кишоварзон табдил ёбад. 
Чанд соли охир рушди боғу токпарварӣ бо дарназардошти афзалияти қиёсӣ ва аҳамияти содиротии соҳа дар доираи «Барномаи мақсадноки давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ, тадриҷан зиёд намудани истеҳсоли меваю ангур ва парвариши ниҳолҳои мевадиҳанда ва ҳамешасабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010» сурат гирифта истодааст.
Бояд гуфт, ки боғдорӣ дар вилояти Суғд аз давраҳои хеле қадим ташаккул ёфта, аксари ноҳияҳои он ҳамчун минтақаи аз нигоҳи шароити табииву иқлим барои парвариши навъҳои беҳтарини мева, аз ҷумла зардолу шинохта шудааст.
Тибқи таҳлилҳои мутахассисони Вазорати кишоварзӣ дар вилоят масоҳати майдони зардолузорро, ки ҳоло 20 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, аз ҳисоби талу теппаҳо ва заминҳои барои пахтакорӣ номувофиқ ва ноҳамвор боз 30 ҳазор гектар зиёд кардан мумкин аст. Яъне имкони дар майдони зикршуда бунёд кардани боғҳои нав мавҷуд аст, ки ҳангоми пурра ба ҳосил даромадани онҳо то 400 ҳазор тонна зардолу ба даст меояд, ки аз ин миқдор ҳосил то 90 ҳазор тонна меваи хушк ҳосил мешавад.
Гузашта аз ин, агар захираҳои мавҷудаи замини барои бунёди боғу токзор мувофиқи кишварро 250 ҳазор гектар, аз ҷумла заминҳои лалмӣ ва қисман обёришавандаро 50 ҳазор гектар ҳисоб кунем, аз ин миқдор майдони боғу токзор то 3 миллион тонна мева гирифтан мумкин аст.
Бинобар ин, дар шароити кӯҳистони мо, махсусан дар талу теппаҳо ва заминҳои ноҳамвор барои бунёд кардани боғҳои нав шароити мусоид вуҷуд дорад, фақат зарур аст, ки аз ин шароит оқилонаву самаранок истифода карда шавад.
Маҳз бо ҳамин мақсад соли ҷорӣ Фармони Президент «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» қабул гардид, ки тибқи он дар мамлакат бунёди қариб 50 ҳазор гектар боғу токзори нав дар назар дошта шудааст.
Аз ин нишондод дар вилояти Суғд бояд 20 ҳазор гектар боғу токзорҳои нав, аз ҷумла қариб 11 ҳазор гектар боғҳои зардолу бунёд карда шаванд.
Дар доираи татбиқи Барномаи давлатӣ ва Фармони зикршудаи Президент соли ҷорӣ кишоварзони вилоят бо вуҷуди шароити бӯҳрони молиявию иқтисодӣ дар майдони қариб 1800 гектар боғҳои нав ва 280 гектар токзорҳои нав бунёд кардаанд, ки ин, албатта, қобили таҳсин аст.  Вале дар баробари ин, бояд гуфт, ки ин иқдоми хайру манфиатбахш на дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолона татбиқ шуда истодааст. Аз ин рӯ, Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ,  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки ҷиҳати татбиқи нишондодҳои Барномаи мақсадноки давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва Фармони Президент ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намоянд.
Ҳамзамон бо ин, хотиррасон месозам, ки деҳқонону боғпарварони соҳибтаҷриба ва бахусус мутасаддиёну ташаббускорони ин тадбири наҷиб набояд фаромӯш кунанд, ки бунёди ин боғ бо маросими ниҳолшинонӣ ва тантанаҳои расмии имрӯза поён намеёбад. Шумо бояд ҳар як ниҳолро ҳамчун фарзанди дилбанди худ ба камол расонед, аз гармиву сардиҳо ва хушкшавӣ нигоҳ доред.
Азбаски талабот ба меваю сабзавоти тару хушк натанҳо дар бозори дохилӣ, балки дар бозорҳои хориҷӣ низ зиёд мебошад, зарур аст, ки дар вилояти Суғд корхонаву сехҳои коркарди меваи хушк ҳарчи зиёдтар ва босуръат бунёд карда шаванд.  Ҳамзамон бо ин, талаботу дархости меъёрҳои замонавии бозор, аз ҷумла ороиши зоҳирӣ ва сифати борҷомаи маҳсулоти тайёр низ ба назар гирифта шавад, то ин ки он бо нархи баландтар ба фурӯш равад. Мо ба ин васила метавонем ба бозорҳои кишварҳои ҳамсоя ва дигар мамолики хориҷӣ маҳсулоти хушсифати худро содир намоем.  Аз ин лиҳоз, итминони комил дорам, ки шумо – кишоварзони шӯҳратманди вилояти Суғд минбаъд низ барои афзун шудани файзу баракати дастархони мардуми кишвар ва шукуфоиву ободии Ватани азизамон – Тоҷикистон ҳиссаи арзандаи худро мегузоред.
Ҳамчунин мехоҳам зикр намоям, ки чанде пештар мову шумо бо эҳсоси гарми ифтихор аз Ватани соҳибистиқлоламон 15 – солагии қабули санади тақдирсози давлатамон – Конститутсияро таҷлил кардем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки ин боғи навбунёд ба ифтихори ин ҷашни мубораки миллӣ «Боғи 15-солагии Конститутсия» номида шавад.
Дар охир бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати иди саиди Қурбон ва бунёди боғи нав табрику таҳният гуфта, бароятон бахту саодат ва сарсабзиву барори кор орзу менамоям.
Ҳамеша сарбаланду пирӯз бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3202
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед