фарҳанг
ФЕСТИВАЛИ "АЙТМАТОВ ВА ТЕАТР" ОНРО НАМОИШИ ТОҶИКОН ҲУСНИ ОҒОЗ БАХШИД
Чанде пеш дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон бахшида ба 90 – солагии нависандаи тавоно Чингиз Айтматов фестивали «Айтматов ва театр» баргузор гардид. Дар он театрҳои бонуфузи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Озарбойҷон асарҳои саҳнавии аз рӯи осори адиб таҳиянамудаашонро ба маъраз гузоштанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар он Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо намоиши «Арасот» муаррифӣ намуд. Асар аз рӯи романи машҳури адиб – «Қиёмат» офарида шудааст. Онро коргардон Парвиз Раҷабов ба саҳна гузошта, дар Рӯзи театри тоҷик манзури тамошобинон гардонд.
Дар намоиш ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев, Меҳринисо Ҳоҷибоева, ҳунарпешаҳои шоистаи Тоҷикистон Муҳаммад Шомиддинов, Қурбонмуҳаммад Шукуров ва чанде аз ҳунармадони ҷавони театр нақшофарӣ намудаанд.
Пас аз анҷоми сафар раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, аҳли театро бо таҳияи асари нав табрик намуд. Раиси вилоят, ҳамчунин, афзуд, ки театр дар ҳама давру замон тарғибгари ғояҳои баланди инсонӣ буда, нақши он дар камолоти маънавии ҷомеа басо калон аст. Дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор кормандон ва ҳунармадони театри вилоятӣ ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд.
Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Бохтар яке аз куҳантарин муассисаҳои эҷодии кишвар маҳсуб меёбад. Дар ин муддат дар он садҳо нафар ҳунармандон фаъолият намуда, ба саҳнаҳои калон роҳ ёфтаанд. Ҳунармандони театр асарҳоеро рӯи саҳна меоранд, ки ахлоқи ҳамидаро тарғиб намуда, инсонҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоянд. Бахусус, солҳои охир намоишҳои театр басе пурмазмун шудаанд.
Далер ШАРИФОВ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.11.2018 №: 228 Мутолиа карданд: 838