logo

ҳуқуқ

КОНВЕНСИЯИ СММ ОИД БА ҲУҚУҚИ КӮДАК. САНАДЕ, КИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАКОНРО МУҚАРРАР МЕКУНАД

20 ноябри соли 1989 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи 44/25 Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдакро қабул намуд. Санади мазкур ҳуқуқҳои кӯдаконро ба рушду камолот дар шароити озоду арзанда муқаррар намуда, уҳдадориҳои волидайн, шахсони онҳоро ивазкунанда ва давлатро дар таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон пешбинӣ менамояд.
Инсоният барои қабули ин ҳуҷҷат роҳи дуру дарозро тай намуд. То таҳия ва қабули ин санад, нахуст соли 1924 Эъломияи Женевагии ҳуқуқҳои кӯдак дар доираи Лигаи миллатҳо, соли 1948 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, соли 1959 Эъломияи ҳуқуқҳои кӯдак қабул гардиданд. Соли 1989 қабул гаштани Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ва аз 2 сентябри соли 1990 амалӣ гардидани он  ба ҳамаи кӯшишҳо нуқта гузошт.
Дар тӯли 30 соли мавҷудияти Эъломияи ҳуқуқи кӯдак фаҳмишҳо тағйир ёфта, мафҳум ва меъёрҳои нав ба вуҷуд омаданд. Барои ҳамин дар конвенсия ҳуқуқҳои кӯдак ба таври васеъ муайян шуда, он доираи васеи масъалаҳоро фаро мегирад. Зарурат барои ба ҳуқуқҳои кӯдакон додани қувваи махсуси ҳатмии шартномавӣ дар давраи омодагӣ ба Соли байналмилалии кӯдак, ки соли 1979 таҷлил шуд, зоҳир гардид. Бинобар ин аз соли 1979 то 1989 комиссияи СММ оид ба ҳуқуқи инсон, ки дар кори он ҳуқуқшиносон, табибон, педагогҳо, психологҳо, ҷомеашиносон, фарҳангшиносон, кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ ва дину мазҳабҳои гуногун аз саросари ҷаҳон ширкат варзиданд, ин лоиҳаро таҳия намуд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Конвенсия баҳои баланд дода, онро ҳамчун ҳуҷҷати барҷастаи инсондӯстона дар замони имрӯза мешуморад. Бинобар ин Шӯрои иҷроияи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар ҷаласаи солонаи худ моҳи июни соли 1992 бори дигар ба давлатҳо пешниҳод намуд, ки ҳар сол 20 ноябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии кӯдакон таҷлил карда шавад.
Мутобиқи банди 1 моддаи 44 конвенсия, давлатҳои иштирокчӣ уҳдадоранд, ки ба воситаи Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба татбиқи муқаррароти конвенсия ба кумита маърӯзаҳо пешниҳод намоянд. Ҳисоботи ибтидоӣ аз ҷониби давлат ба кумита пас аз 2 соли батасвибрасонӣ ва минбаъд ҳар 5 сол пешниҳод карда мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, дар миқёси ИДМ яке аз аввалинҳо шуда, 26 октябри соли 1993 конвенсияи мазкурро ба тасвиб расонд ва он барои Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 ноябри соли 1993 эътибор пайдо кард. Ба ғайр аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ду протоколи иловагӣ ба конвенсияи мазкур, ки яке ба манъи фурӯши кӯдакон, фоҳишагии кӯдакон ва порнографияи кӯдакон дахл дорад ва дигараш ба пешгирии иштироки кӯдакон дар низоъҳои мусаллаҳона вобаста аст, ба имзо расондааст.
Маърӯзаи аввалини Тоҷикистон дар бораи рафти иҷрои конвенсия ба Кумита оид ба ҳуқуқҳои кӯдаки СММ соли 1998 пешниҳод гардид. Ғайр аз ин, тибқи муқаррарот Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 ва бори охир соли 2017 ба Кумита оид ба ҳуқуқҳои кӯдаки СММ маърӯзаҳои даврии худро пешниҳод намудааст. Маърӯзаҳо қариб ҳамаи соҳаҳои фаъолияти ҳаётии кӯдаконро фаро мегирад. Масалан, ҳуқуқҳои кӯдакон ва санадҳои асосии меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи таҳсилот; ҳуқуқҳои кӯдакони ятим ва кӯдакони бесарпараст; ҳуқуқҳои кӯдакони маъюб; пешгирии ҷинояткории кӯдакон; ҳифзи саломатии кӯдакон ва ғайра.
Ҳамчунин, соли 2001 дар сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқҳои кӯдак таъсис дода шуд. Он мақомоти доимоамалкунандаи байниидоравии машваратӣ буда, бо мақсади ҳамоҳанг сохтани фаъолияти идораҳои давлатӣ, бо фарогирии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баҳри татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, ки аз Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ва дигар санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак бармеоянд, таъсис дода шудааст.
Бо мақсади таъмини ҳамаҷонибаи эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешрафти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд. Таъсиси чунин механизми махсусгардондашудаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак қадами минбаъда дар такмили низоми ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак мебошад.
Сохтори мазкур бо назардошти принсипи таъмини беҳтарини манфиатҳои кӯдак ба масъалаҳои риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, барқарорсозии ҳуқуқҳои вайроншудаи кӯдакон, такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла кӯдакон оид ба ҳуқуқу озодиҳои онҳо, мусоидат ба ҳамкории мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти мазкур, амалӣ гардондани муқаррарроти Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак мусоидат мекунад.
Азиз СОЛИЕВ, ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.11.2018    №: 228    Мутолиа карданд: 1115
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед